
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Ифтитоҳи 7 муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Ванҷ 25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Мармар стоун” ба таври маҷозӣ 7 муассисаи таълимии томактабӣ, ки дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд. Муассисаҳои таълимии томактабии навбунёд аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст. Дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Иҷрои корҳои сохтмонии муассисаҳои мазкур моҳҳои феврал-июни соли 2025 ҷараён ёфтааст. Мувофиқи маълумот 4 муассисаи таълимии томактабӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва 3 муассисаи дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудааст. Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур ба мушкилоти фарогирии кӯдакон ба зинаи аввали таҳсилот дар ин деҳаҳои дурдаст хотима мебахшад. Муассисаҳои таълимии томактабӣ дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар хусуси бунёду барқарорсозии муассисаҳои томактабӣ баён гардида буд, сохта шудааст. Тадбири мазкур аз як тараф иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ ҳаст. Дар муассисаҳои томактабии навтаъсис 17 гуруҳи таълимӣ амал намуда, машғулиятҳо бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар деҳаҳои дурдаст, хусусан минтақаҳои кӯҳӣ таъсис додани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба истифода додани онҳоро туҳфаи арзанда ба кӯдакон маънидод карданд. Қобили зикри хос аст, ки ҳоло дар ноҳияи Ванҷ 2 ҳазору 867 кӯдаки синни томактабӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бо бунёд гардидани 7 муассисаи томактабӣ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 38 фоиз баробар мегардад. Аз ин бармеояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ ва муҳайёсозии инфрасохтор дар ин зинаи таълим ҳамеша даст ба кор аст ва натиҷаҳо низ дар ин раванд бороваранд. Бояд гуфт, ки тарбия ва ба таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас аз ҳадафҳои муҳимми давлат дониста мешавад ва талошҳо ба он равона шудаанд, ки кӯдакон дар шароити хуб парвариш ёфта, оянда барои пешрафти диёри худ саҳми арзанда гузоранд. https://president.tj/event/news/51280
72
25.06.2025
-
Мулоқот бо ятимон ва кӯдакон имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Дарвоз 25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз бо 100 ятим ва кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд. Тавре таъкид гардид, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди устувори он ва таъмини зиндагии хубтару беҳтари ин қишри осебпазири ҷомеа тадбирҳои саривақтӣ амалӣ менамояд. Зимни мулоқот ба ятимону нафарони дорои имконияти маҳдуд дастархони пурнозу неъмат ороста шуда, ба онҳо сару либос, кӯмаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд. Вохӯриҳои пайваста бо ятимони кулл ва шахсони имконияташон маҳдуд собит менамоянд, ки онҳо ҳамеша зери таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгирии доимии Пешвои миллат қарор доранд. Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани шароити иҷтимоии ятимону маъюбон дар кишвар консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии соҳавӣ қабул шуда, мавриди татбиқ қарор доранд ва барои марҳила ба марҳила муқаррар гардидани имтиёзҳо ва расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ ба ятимону маъюбон заминаи мусоид фароҳам оварда мешаванд. Зимни сӯҳбати самимӣ бо ин қишри осебпазири ҷомеа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар сарпарастии ятимонро ба дӯши худ гирифтааст ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳоданашон барои таълиму тарбияи хуб ва ба камол расидани онҳо ҳама шароитро муҳайё месозад. Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии маъюбон дар кишвар марказҳои тиббию иҷтимоӣ фаъолият менамоянд, ки хизматрасониҳои онҳо дар пешравии зеҳнӣ, ҷисмонӣ, эҳсосотӣ ва фарҳангии шахсони имконияташон маҳдуд мусоидат намуда, ба таври шоиста ҳуқуқи онҳоро ба тандурустӣ, таҳсил, рушд ва тарбия таъмин мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимону маъюбони ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз суҳбати самимӣ ороста изҳор доштанд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ худро бесаробон ҳис накарда, бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда илму дониш, кор бо технология, забонҳои хориҷӣ ва касбу ҳунар омӯзанд, то дар оянда барои халқу ватани худ хизмат намуда, сазовори зиндагии шоиста гарданд. Мулоқоти самимии имрӯзаро ин қишри ҷомеа натиҷаи ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар маънидод карда, таъкидҳои падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо орзую нақшаҳои худ пайванд сохтанд. https://president.tj/event/news/51296
41
25.06.2025
-
АЗ ВАҲДАТ ТО ШУКУФОӢ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ -НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ВАЗОРАТ 24 июни соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – ҳастии давлат ва бақои миллат» баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок намуданд. Зимни сухани ифтитоҳии муовини якуми вазири маориф ва илм Ваҳдати миллиро муҳимтарин дастоварди таърихии даврони Истиқлол арзёбӣ намуда, онро заминаи асосии субот, рушди устувор ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ маънидод намуд. Мавсуф иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи сарнавиштсоз ба хотири таъмини сулҳ ва барқарорсозии амнияту оромӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди солҳои душвору пурфоҷеаи ҷанги шаҳрвандӣ ба даст омада, маҳсули иродаи қавии сиёсӣ, хиради таърихӣ ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар таърихи навини миллат Рӯзи Ваҳдати миллӣ – 27 июни соли 1997, ки рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ҳамчун рамзи олии сулҳу субот ва оғози марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҷараёни конференсия баромадҳои муҳимми илмӣ ироа гардиданд. Аз ҷумла, доктори илмҳои таърих, омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Баҳриддини Пирмуҳаммад дар мавзуи «Истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ – омили муҳимми рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуд. Мавсуф Ваҳдати миллиро на танҳо дастоварди сиёсиву ҳуқуқӣ, балки падидаи фарҳангию маънавии ҷомеаи тоҷик номид, ки дар шароити печидаи минтақа ва ҷаҳон, пойдории онро вазифаи ҳар як шаҳрванди миллат донист. Ҳамзамон, доктори илмҳои сиёсӣ, декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сафарализода Хуҷамурод дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – такягоҳи устувори ҷомеа» суханронӣ намуда, таъкид кард, ки маҳз ваҳдат шароити мусоиди рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии кишварро фароҳам оварда, ҷомеаи тоҷикро ба марҳилаи сифатан нави рушди миллӣ ворид сохт. Қайд гардид, ки мақсади асосии баргузории конференсия бознигарии аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ, таҳкими мафкураи миллӣ, арҷгузорӣ ба сулҳу субот ва тарғиби эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ миёни ҷавонон мебошад. Конференсия дар фазои ҳамандешӣ ва таҳлил ҷараён гирифта, иштирокчиён дар муҳокимаҳо ва музокираҳо андешаву пешниҳодҳои худро оид ба роҳҳои ҳифзу густариши Ваҳдати миллӣ баён доштанд. Дар ҷамъбасти конференсия таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ арзиши муқаддас ва кафили бақои давлату миллат буда, посдориву ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бедордили ҷомеа ба шумор меравад. Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон
52
24.06.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
25.06.2025
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS)
The Republic of Tajikistan has received financing from the Islamic Development Bank to finance the “Joint IsDB/ISFD-GPE-OFID Project for Support to Implementation of the National Education Development Strategy of the Republic of Tajikistan (Phase-II)” Бештар -
23.06.2025
ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ
ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ Бештар -
20.06.2025
Информация о результатах торгов
Описание контракта: Закупка и поставка учебной мебели, информационно-коммуникационного оборудования, лабораторно-демонстрационного инвентаря и административной мебели для школы №24 Нурабаского района и школы №56 Фархорского района Хатлонской области, Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор