ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ 20 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маросими тақсимоти мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ барои соли таҳсили 2026–2027 баргузор гардид. Дар тақсимот сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Саъдуллозода, ректори донишгоҳ М. Набизода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, раёсату шуъбаҳои маориф ва хатмкунандагон иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои соҳибтахассус яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф ба шумор рафта, дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва сатҳи донишандӯзии хонандагон нақши калидӣ дорад. Ҳамзамон, зикр карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ менамояд. Дар раванди тақсимот 470 нафар хатмкунанда, аз ҷумла, 111 нафар тибқи квотаи президентӣ, мутобиқ ба ихтисос ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд.1
20.05.2026
-
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА БО ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ КОМИССИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОН ТИБҚИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 19 майи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо иштироки ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии даври сеюми озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2026–2027 ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону масъулини сохторҳои дахлдори вазорат ва аъзои комиссияи ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд. Зимни ҷаласа вазири маориф ва илм таъкид кард, ки квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иқдомҳои маорифпарваронаи Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонони лаёқатманд, махсусан хатмкунандагони муассисаҳои таълимии деҳаҳои дурдаст ва минтақаҳои кӯҳистони кишвар мебошад. Қайд гардид, ки ин ташаббуси наҷиб дар роҳи дастгирии ҷавонони болаёқат ва омода намудани кадрҳои соҳибтахассус барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нақши муассир дорад. Таъкид шуд, ки бо таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат соли равон шумораи квотаҳои президентӣ зиёд гардида, теъдоди онҳо ба 1670 ҷой расонида шуд. Аз ин шумора, қисми зиёди квотаҳо ба самтҳои омӯзгорӣ, илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ равона гардидааст, ки ин аз таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат ба рушди соҳаи маориф, таҳкими иқтидори илмӣ ва тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир шаҳодат медиҳад. Вазири маориф ва илм зимни суханронӣ ба ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд, шаффоф ва одилона баргузор намудани озмун дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки танҳо довталабони арзанда, донишманд ва соҳибмаърифат бояд соҳиби квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гарданд. Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки риояи шаффофият ва адолат дар ҳамаи марҳилаҳои озмун вазифаи аввалиндараҷаи комиссия ба шумор меравад. Иброз гардид, ки сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар самти дастгирии ҷавонон, бахусус хонандагони деҳаҳои дурдаст, имрӯз барои ҳазорон нафар имкони идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро фароҳам оварда, дар таҳкими неруи зеҳнии мамлакат ва рушди устувори ҷомеа заминаи мусоид мегузорад. Зикр гардид, ки тибқи пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии 61 шаҳру ноҳияи кишвар барои иштирок дар даври сеюми озмун зиёда аз 6 ҳазор довталаб, ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ пешниҳод шудаанд. Озмуни мазкур барои дарёфти 1670 ҷойи квотаи Президентӣ ба 18 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баргузор мегардад.63
19.05.2026
-
НАМОИШГОҲИ ДАСТОВАРДҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ВА РАҚАМӢ ДАР ДОИРАИ ҲАФТАИ ИЛМ 19 майи соли равон дар доираи маросими ифтитоҳи «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе (ICT WEEK-2026)» бахши намоишгоҳӣ ба яке аз қисми ҷолибу пурмуҳтавои рӯз табдил ёфт. Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Д.Р., муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзод Ҳ.Ш., муовини якуми сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нориён П.И., сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Б.М., директори КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” Самадзод С., директои Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилооотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” Муродзода З. О. намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи марказии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, масъулони сохторҳои давлатӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ширкатҳои соҳаи алоқа, бахши технологияҳои рақамӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар меҳмонон иштирок намуданд. Ҳайати меҳмонон аз намоишгоҳ боздид намуда, бо имкониятҳои мавҷудаи ҳар як муассиса, иқтидори илмиву инноватсионӣ, навгониҳои технологӣ ва тарзи татбиқи амалии лоиҳаҳо аз наздик шинос гардиданд. Дар ҷамъбасти бахши намоишгоҳӣ масъулон таъкид намуданд, ки маҳз чунин намоишгоҳҳо муҳити зиндаи илмӣ ва эҷодиро дар пойтахт ташаккул медиҳанд ва барои тарбияи насли дорои ҷаҳонбинии техникӣ ва саводи баланди рақамӣ замина мегузоранд.51
19.05.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
20.05.2026
Invitation for Bids
Invitation for Bids Бештар -
20.05.2026
Приглашение к участию в торгах
Приглашение к участию в торгах Бештар -
15.05.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор