ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
Ифтитоҳи гимназияи хусусии Ҳаёт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 20 сентябр дар идомаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гимназияи хусусии Ҳаёт мавриди истифода қарор дода шуд. Ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Абдухалил Розиқов, Ҷурабой Азимов, Муродҷон Ҷураев ва Нозим Ибрагимов бо сифати баланд ва дар муҳлати кӯтоҳ сохта шудааст. Бинои нави муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна иборат буда, дорои 45 синфхона ва 41 ҳуҷраи ёрирасон мебошад. Гимназия барои ба таҳсил фаро гирифтани 1200 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, дар он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар гимназия кабинетҳои мусиқӣ, ҳунаромӯзӣ, физика, химия, биология ва технологияҳои иттилоотӣ ташкил гардидаанд. Таҷҳизонидани чунин синфхонаҳои фаннӣ имкон медиҳад, ки раванди таълим бо истифода аз усулҳои муосир ба роҳ монда шуда, шавқу завқи хонандагон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, табиӣ ва технологияҳои нав бештар гардад. Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар муассиса маҷлисгоҳ бо 500 курсӣ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст ва китобхонаи муосир сохта шудааст. Иншооти ёрирасон имкон фароҳам меоранд, ки дар гимназия барои баргузории чорабиниҳои таълимию фарҳангӣ ва истифодаи васеи адабиёти таълимиву бадеӣ шароити муносиб муҳайё бошад. Ҳамзамон, бо мавриди истифода қарор гирифтани гимназияи хусусии Ҳаёт 70 сокини маҳаллӣ бо корӣ доимї таъмин гардиданд. Ифтитоҳи гимназияи хусусии Ҳаёт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи таҷлил аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иқдоми муҳими созанда арзёбӣ гардид, ки ба таҳкими заминаҳои моддию техникии соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои хонандагон мусоидат мекунад.27
21.09.2026
-
Ифтитоҳи корхонаи азими саноатии маъдантозакунии Адрасмон дар шаҳри Гулистон баъди аз фаъолият боз мондан 21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти истеҳсолии корхонаи азими саноати маъдантозакунии Адрасмон дар шаҳри Гулистон оғози расмӣ бахшиданд. Қобили зикр аст, ки Комбинати маъдантозакунии Адрасмон аз ҷумлаи корхонаҳои дорои таърихи тӯлонӣ буда, дар масири фаъолият бо бузургтарин монеаҳо рӯ ба рӯ гаштааст. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои бартарафсозии мушкилиҳои мавҷуда дубора ба фаъолият оғоз кардан ва дар ин корхонаи азими саноатӣ тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда шуд. Дар заминаи ҳамин тадбирҳо бо мақсади барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи иқтидори истеҳсолӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2025 созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди АСИМ оид ба барқарорсозӣ ва васеъ намудани иқтидори истеҳсолии ҶСК Комбинати маъдантозакунии Адрасмон амалӣ гардид. Пас аз расидан ба иқтидори пурра беш аз 1000 нафар мутахассис бо кор таъмин хоҳанд шуд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалии Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори солонаи истихроҷи маъдани сурбу нуқра 2 миллион тоннаро ташкил дода, тибқи нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ, аз он истеҳсоли то 200 тонна нуқра ва 20 ҳазор тонна сурб пешбинӣ шудааст. Дар муддати тақрибан якуним сол дар наздикии кон корхонаи маъдантозакунӣ пурра аз нав бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли ширкатҳои маъруфи Шветсия, Финландия ва Чин муҷаҳҳаз карда шуд. Имрӯз дар ин корхона се коргоҳи майдакунии маъдан, коргоҳи осиёб, бахши флотатсия, дастгоҳи ғафскунӣ ва матбуоти филтрии истеҳсолӣ фаъолият дошта, тамоми марҳилаҳои асосии коркарди маъдан бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда шудаанд. Корҳои танзим ва ба кор даровардани таҷҳизот ба анҷом расида, истеҳсоли аввалин маҳсулоти таҷрибавӣ — консентрати сурбу нуқра оғоз гардидааст. Дар баробари бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ, ба барқарорсозии инфрасохтори корхона низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шудааст. Хобгоҳҳо, осоишгоҳ, маҷмааҳои меҳмонхонаҳо, биноҳои маъмурӣ ва дигар иншооти вобаста ба корхона таъмири асосӣ ва навсозӣ гардиданд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои меҳмонон ва сайёҳоне, ки ба шаҳраки Адрасмон ташриф меоранд, меҳмонхонаи муосири Симин бо 12 ҳуҷра бунёд гардида, барои истироҳату фароғати онҳо шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Барои интиқоли партовҳои коркарди маъдан аз фабрика ба партовгоҳи №2 ва истифодаи такрории обҳои техникӣ ду хатти қубур бо қутри 377 миллиметр ва дарозии 4400-метрӣ васл карда шудааст. Бо мақсади таъмини мунтазами корхона бо неруи барқ зеристгоҳи баландшиддати 35/10 киловолт бо ду трансформатори иқтидорашон 16 ҳазор киловат ва таҷҳизоти муосир сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, зиёда аз 15 километр хатҳои барқи баландшиддат бо пояҳои бетонӣ васл гардида, ноқилҳои хатҳои интиқоли неруи барқ пурра нав карда шуданд. Барои зиёд намудани иқтидори истихроҷ нақби нақлиётии №2 ба масофаи беш аз ду километр канда шуда, бо усули пошдиҳии бетон мустаҳкам ва роҳҳои нақлиётгарди он бетонпӯш карда шуданд. Қобили зикр аст, ки қатъ гардидани маблағгузорӣ ва аз фаъолият бозмондани конҳо аз соли 2013 ба зерсохтори истеҳсолӣ таъсири ҷиддӣ расонида буд. Дар натиҷа нақбҳои Кони Мансури Шарқӣ ва нақби нақлиётии №1 зери об монда, қисми зиёди таҷҳизоту механизмҳои истеҳсолӣ барои истифодаи минбаъда корношоям гардида буданд. Таҷҳизоти рӯизаминӣ низ дар натиҷаи таъсири омилҳои табиӣ ва солҳои зиёд истифода нашудан фарсуда гардида буд. Ҳоло бошад, дар доираи барқарорсозии корхона таҷҳизоти кӯҳнаи зеризаминӣ пурра бо дастгоҳу механизмҳои муосир иваз карда шудааст. Дар баробари ин, барои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии шаҳраки Адрасмон низ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шудаанд. Аз истгоҳи обкашии Дрешсой агрегати обкашӣ ва таҷҳизоти барқии вакуумӣ харидорӣ ва насб гардида, ба Корхонаи давлатии хоҷагии манзилии Адрасмон супорида шуд. Бо мақсади таъмини корхона бо оби техникӣ ва нӯшокӣ 11 чоҳи амудӣ канда ва ба истифода дода шуда, дар истгоҳи обкашии Қаромазор низ таҳкурсии агрегатҳои обкашӣ пурра таҷдид ва таъмир гардид ва насосҳои нави обкаш насб карда шуданд. Бино ва иншооти истеҳсолии қитъаҳои кон ва коргоҳҳои ёрирасон низ аз таъмири асосӣ ва навсозӣ бароварда шуданд. Бинои коргоҳи карбид ва оҳангарӣ барои ҷойгир намудани лабораторияи кимиёвӣ навсозӣ карда шудааст. Дар майдони истеҳсолии шахтасозӣ бинои маъмурӣ, хобгоҳ ва ошхона сохта шуда, ба истифода дода шудаанд. Бинои маъмурии идораи комбинат низ дар шакли сеошёна бо тарҳи замонавӣ ва шароити муносиби корӣ бунёд гардидааст. Барои пешбурди корҳои истеҳсолӣ зиёда аз 200 нақлиёт ва таҷҳизоти муосир аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст. Дар маҷмӯъ, барқарорсозии Адрасмон ба рушди иқтидори саноатии минтақа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар мусоидат менамояд. Барои кормандони комбинат шароити муносиби корӣ фароҳам оварда шудааст. Қарзҳои вобаста ба музди меҳнат, андоз, неруи барқ ва дигар уҳдадориҳои ҷамъшуда, ки дар давоми 12 сол беш аз 44 миллион сомониро ташкил медоданд, марҳила ба марҳила пардохт шуда истодаанд. Баробари ба кор даромадани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва расидан ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда, Корхонаи азими саноатии Адрасмон метавонад ба яке аз марказҳои муҳими истихроҷ ва коркарди маъданҳои сурбу нуқра табдил ёфта, дар рушди саноати маъдантозакунии кишвар саҳми назаррас гузорад.10
21.09.2026
-
Ифтитоҳи фосилавии 6 иншооти таъйиноти гуногун дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ба истифода доданд. Нахуст дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Оҳаки Истиқлол бо иқтидори истеҳсолии 200 тонна дар як шабонарӯз расман оғоз бахшиданд. Пас аз ба истифода додани ин корхона 70 кас бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, маҳсулоти истеҳсолии он ба хориҷи кишвар содирот мешавад. Гуфта шуд, ки дар оянда бунёди марҳилаи дуюми корхона дар назар дошта шудааст, ки баъди ба фаъолият оғоз кардани он иқтидори истеҳсолӣ ва шумораи кормандон зиёд мегардад. Ҳоло дар ҳудуди шаҳри Истиқлол 6 корхона мавҷуд буда, дар онҳо зиёда аз 620 нафар ба кор ҷалб карда шудаанд ва дар як сол ба миқдори 46 миллиону 330 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол мегардад. Иншооти дигаре, ки ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд, корхонаи истеҳсоли пахтаи минералии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Дилроз Ғаюр дар шаҳраки Чоруқдарони шаҳри Гулистон мебошад. Бунёди ин корхона имкон медиҳад, ки дар як сол ба миқдори 50 ҳазор тонна пахтаи минералӣ истеҳсол шавад. Корхона бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ сохта шуда, дар он 60 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст. Ба кор андохтани ду дастгоҳи нави бофандагӣ дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Қолинҳои Қайроққум бо иқтидори 450 ҳазор метри мураббаъ дар як сол иншооти дуюми саноатӣ дар шаҳри Гулистон аст. Таҷҳизоти дар ин корхона васлгардида аз ширкати Вандевили кишвари Белгия буда, дар ин ҷо 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Корхонаи парвариши мурғи тухмдеҳ дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар заминаи бинои ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Шамс тиҷорат бунёд гардидааст, ки тариқи фосилавӣ бо иқтидори 630 ҳазор дона тухми мурғ дар як моҳ мавриди истифода қарор гирифт. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз соли 2025 оғоз ёфта, дар муддат кӯтоҳ ба истифода дода шуд ва дар он 20 кас соҳиби ҷойи кор гардид. Ифтитоҳи фосилавии корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғ дар шаҳри Гулистон иншооти дигари саноатие буд, ки дар масоҳати зиёда аз 55 метри мураббаъ бунёд шудааст. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сифат мурғ дар як сол 320 тонна гӯшти мурғи аълосифат истеҳсол менамояд. Баъди ба истифода додани ин корхона 18 сокини маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб карда шуд. Дар ҳудуди шаҳри Гулистон ба ҳолати моҳи сентябри соли 2026 зиёда аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Дар онҳо 5385 нафар ба кор ҷалб шудаанд, ки ин рақам нишондод ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 550 нафар зиёд мебошад. Бинои навсозишудаи кӯдакистони Садбарг дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон дар ҳамин рӯз тариқи фосилавӣ ба истифода дода шуд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи таълимии томактабӣ барои ба тарбия фаро гирифтани 350 кӯдак аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар он барои ташаккули барвақтӣ ва ҷалби кӯдакон ба бозиҳои шавқовару зеҳнӣ шароити арзанда фароҳам оварда шудааст. Дар бинои аз таъмиршудаи кӯдакистон 14 гурӯҳ фаъолият менамояд ва дар ин ҷо 55 нафар соҳиби ҷойи корӣ доимӣ гардиданд. Дар ҳудуди шаҳри Гулистон 11 муассисаи томактабӣ, аз он ҷумла 1 хусусӣ, мавҷуд буда, шумораи кӯдакони дар онҳо ба таълим фарогирифташуда 2087 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 108 кӯдак зиёд аст. Пас аз ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, боз ҳам беҳтар намудани шароити арзандаи кору фаъолият ва зиндагии мардум дар деҳот ва ҳидоят намудани насли наврас меҳнатдӯстию ватанпарварӣ тавсияҳо доданд.12
21.09.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
02.09.2026
Приглашение к участию в запросе на котировки.
«Закупка 1с бухгалтерия», для Группа Реализация Проекта при Министерство образовании и наук Республики Таджикистан Бештар -
30.08.2026
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА Бештар - 28.08.2026 Бештар Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор