ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ВОХӮРӢ БО САРДОРИ НАМОЯНДАГИИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ДАР ДУШАНБЕ 30-юми октябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо сардори тозатаъини бахши ҳамкориҳои Намояндагии Иттиҳоди Аврупо хонум Изабел Уриз Ҳернандез баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм, сардори раёсати байналмилалии дастгоҳи марказии вазорат ва дигар намояндагони Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе иштирок намуданд. Нахуст муовини якуми вазири маориф ва илм меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, аз рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон, муовини якуми вазири маориф ва илм иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи маориф ва илм саҳми арзанда хоҳад гузошт. Дар навбати худ Изабел Уриз Ҳернандез вохӯрии имрӯзаро боиси вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба дар оянда унвон намуда, иброз дошт, ки Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе барои вусъати ҳамкориҳо бо Вазорати маориф ва илм ҳавасманд мебошад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
41
30.10.2024
-
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 дар деҳаи Шодмонқалъаи Ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат 30 октябри соли 2024 дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 ба истифода дода шуд. Бинои нави таълимӣ аз 2 ошёна иборат буда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд. Дар муассисаи тозабунёд 480 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шуда, даргоҳи нави маърифат дорои 16 синфхонаи барҳаво, ҳуҷраи назорати камеравӣ ва бо дастгоҳу аёниятҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бо ифтитоҳи бинои нави таълимӣ шумораи синфхонаҳои муассисаи таълимии мазкур ба 35 адад расида, мушкилоти норасоии ҷойи нишаст аз байн рафт.
32
30.10.2024
-
ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД 30 октябри соли равон дар Театри давлатии академиии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни озмун, волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ВАО иштирок намуданд. Дар оғоз раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ суханронӣ намуда таъкид кард, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли чорум аст таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳақиқон ва устодону омӯзгорон баргузор гардида истодааст. Дар ин росто баргузории ҳамасолаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» саҳифаи нав дар раванди эҳё намудани анъанаи аҷдодии миллати мо мебошад, ки ба инсоният силсилаи нобиғаҳоро дода, сатҳи донишандӯзӣ, таҳқиқот ва дар умум илми тоҷикро то ба садри илми ҷаҳонӣ бароварданд. Имсол озмуни мазкур аз рӯи 7 номинатсия - “Математика”, «Физика ва астрономия», «Химия», “Биология”, «География», “Технологияи иттилоотӣ”, “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”, байни донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умҶумии (МТМУ) типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва МП), Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” байни ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос, докторантони хабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таъдимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид. Ҷамъбасти натиҷаи озмун нишон дод, ки аз номинатсияи “Математика” байни донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва МП) 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, аз номинатсияи «Физика ва астрономия» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва МП), 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, аз номинатсияи «Химия» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони МТМУ типи нав (литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, аз номинатсияи “Биология” байни донишҷӯён, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони МТМУ-и типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва МП), 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, аз номинатсияи «География» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва МП), 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, аз номинатсияи “Технологияи иттилоотӣ” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва МП), 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, аз номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва МП), 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос, докторантони хабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таъдимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, омӯзгороне, ки дар омода намудани шогирдонашон саҳм гузоштаанд бо ифтихоронма ва мукофотпулӣ қадршиносӣ гардиданд. Дар ин росто падару модароне, ки фарзандонашон дар озмуни мазкур иштирок намуда ҷойҳои муайянро ишғол намудаанд бо нишони “Маърифатпарвар” ва ифтихорномаҳо қадршиносӣ гардиданд.
42
30.10.2024
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоМаълумоти муфид барои донишҷӯён
Маълумоти муфид барои волидайн
Маълумоти муфид барои омӯзгорон
Маълумоти муфид барои МТМУ
Маълумоти муфид барои МТО
Захираҳо
Эълон
Бештар-
29.10.2024
Приглашение к участию в запросе ценовых предложений.
Приглашение к участию в запросе ценовых предложений. Бештар -
17.10.2024
ЭЪЛОН!
ЭЪЛОН! Бештар -
16.10.2024
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST...
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST... Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таълимӣ томактабӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон
Муассисаи таҳсилоти олӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон