16.05.2025

 img

16 майи соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии расмӣ бо намояндагони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба ақалиятҳои миллӣ баргузор гардид. Дар мулоқот муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода, Комиссари олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Кристоф Камп, намояндагони дастгоҳи марказии вазорат ва кормандони САҲА иштирок намуданд.

 

Муовини якуми вазир зимни суханронии худ меҳмононро хайрамақдам гуфта, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи таҳсилоти фарогир ва бисёрзабона изҳори назар намуд: «Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, бахусус дар самти маорифи фарогир, бисёрзабона ва таъмини ҳуқуқи баробар барои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ақалиятҳои миллӣ, аҳамияти вижа медиҳад. Мо аз ҳамкории созанда бо САҲА, ки дар асоси ёддошти тафоҳуми соли 2019 ба роҳ монда шудааст, изҳори қаноатмандӣ мекунем ва ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки нав дар самти таҳкими сифати таҳсилот, мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон пурра омода ҳастем,» – таъкид дошт муовини якуми вазир.

 

Дар идома, Кристоф Камп, комиссари олии САҲА оид ба ақалиятҳои миллӣ аз ҳамкориҳои амалкунанда изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии ҷониби худро барои тавсеаи ҳамгироӣ дар самтҳои афзалиятнок таъкид кард.

 

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати идомаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилоти рӯзноманигорӣ, омӯзиши забонҳо, ҳифзи ҳуқуқи гурӯҳҳои осебпазир ва рушди касбияти омӯзгорон, ибрози ҳавасмандӣ намуданд.

 

Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкоризо изҳор доштанд.

 

Маркази матбуотии

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ВОХӮРӢ БО КОМИССАРИ ОЛИИ САҲА ОИД БА АҚАЛИЯТҲОИ МИЛЛӢ img
  • ВОХӮРӢ БО КОМИССАРИ ОЛИИ САҲА ОИД БА АҚАЛИЯТҲОИ МИЛЛӢ img
  • ВОХӮРӢ БО КОМИССАРИ ОЛИИ САҲА ОИД БА АҚАЛИЯТҲОИ МИЛЛӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Иштирок дар Ҳамоиши нахустини “Осиёи Марказӣ ва Италия” 30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҳамоиши нахустини “Осиёи Марказӣ ва Италия” иштирок ва суханронӣ намуданд.   Таъкид гардид, ки натиҷаҳои нишасти имрӯза боз як қадами муҳим дар густариши ҳамкорӣ ва идомаи анъанаҳои неки муколамаи созанда миёни Осиёи Марказӣ ва Италия хоҳанд шуд.   Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, захираҳои об, тандурустӣ, кишоварзӣ ва илму маорифро муҳим шумориданд.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар робитаҳои кишварҳо мавқеи муҳимро ишғол мекунанд.   Роҳбари давлат оид ба имкониятҳои Тоҷикистон дар пешбурди робитаҳои гуногунсамт андешаронӣ намуда, барои истифодаи васеи иқтидорҳои мавҷуда андешидани чораҳои самарабахшро зарур донистанд.   Баҳрабардорӣ аз захираҳои фаровони Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷи канданиҳои фоиданок, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ба манфиати кор дониста шуд.   Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз доираҳои тиҷоратию сармоягузории Италия даъват намуданд, ки бо ҷалби сармоя ва технологияҳои пешрафта дар истихроҷ, коркард ва содироти маҳсулоти саноатию кишоварзии Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд.   Роҳбари давлати мо аз ҳамкории амалии Тоҷикистону Италия дар соҳаи саноати сабук ёдовар шуда, фаъолияти як қатор корхонаҳои нассоҷии кишвари моро бо сармоя ва технологияҳои ширкати италиявӣ намунаи возеҳи ин робитаҳо номиданд.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки бо дарназардошти иқтидори кишварҳо ва талаботи бозор Хазинаи муштараки сармоягузории Осиёи Марказӣ бо Агентии содиротӣ - қарзии Италия (SACE) ва намояндагии тиҷоратии ширкатҳои пешқадами ин кишвар дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад.   Татбиқи лоиҳаҳои рушди коммуникатсияҳои нақлиётии минтақавӣ ва инфрасохтор аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуд.   Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои иштирокдори Ҳамоиши нахустини “Осиёи Марказӣ ва Италия” даъват намуданд, ки дар пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ва мутобиқ шудан ба оқибатҳои он низ, ки яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба шумор меравад, ҳамкорӣ намоянд.   Изҳори бовар карда шуд, ки нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи басо муҳим ҷалб хоҳад кард.   “Мо аз ҳавасмандии Хазинаи иқлими Италия дар ҳамкорӣ бо кишварҳои рӯ ба рушд дар муқовимат бо тағирёбии иқлим истиқбол мекунем”, изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.   Зимни муаррифии имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф Сарвари давлат ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Италияро ҷонибдорӣ намуданд.   Таъкид гардид, ки мо ба таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, ташкили мубодилаи академӣ ва гузаронидани тадқиқоти муштараки илмӣ ҳавасманд мебошем.   Аз мубодилаи донишҷӯён бо донишгоҳҳои пешрафтаи Италия ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи барномаҳои таълимии Иттиҳоди Аврупо, бахусус “Эразмус Плюс” ва “Горизонт Аврупо” истиқбол карда шуд.   Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба идомаи низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни сайёра ва вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳон идомаи ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба таҳдиду хатарҳо, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти радикализм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро, амри муҳим маънидод намуданд.   Дар фароварди сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкории зич бо Италия оид ба ҳама масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор доштанд.

    29

    30.05.2025
  •  img
    Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони 30 май дар шаҳри Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Ҳамоиши якуми “Осиёи Марказӣ ва Италия” бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони мулоқот намуданд.   Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуд.   Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки татбиқи мувофиқаҳои як сол пеш дар Рим ҳосилшуда, омили рушди минбаъдаи робитаҳо хоҳад буд.    Ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энергетика, саноат ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.   Истифодаи имкониятҳои бахши истихроҷ ва коркарди маъданҳои фоиданок, коркарди амиқи пахта ва содироти маҳсулоти тайёр, ҷалби сармоя ва воридоти технология, аз самтҳои ояндадор номида шуд.    Тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва варзиш, маориф, ҷудо кардани бурсияҳои донишҷӯӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин, кушодани филиалҳои мактабҳои таҳсилоти олии Италия дар кишвари мо аз мавзуъоти муҳими суҳбат буд.   Ба рушди робитаҳо дар чорчуби созмонҳои байналмилалӣ, ҳамкории муштарак барои ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои таъмини амнияти минтақавию глобалӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.   Дар фароварди суҳбат Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хонум Ҷорҷа Мелони даъват намуданд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф оранд.

    28

    30.05.2025
  •  img
    БАРРАСИИ САМТҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲИ ГРИНВИЧИ БРИТАНИЯИ КАБИР Дар доираи рушду тавсеаи робитаҳои илмӣ-таълимӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои таҳсили довталабони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафта, мулоқоти намояндаи Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» бо роҳбарияти Донишгоҳи Гринвич (University of Greenwich) баргузор гардид.   Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масоили марбут ба таҳсили довталабони тоҷик, сифати таҳсилот, имкониятҳои таҷрибаомӯзӣ ва дастгирии молиявӣ барои донишҷӯён мубодилаи афкор намуданд.   Дар ҷараёни суҳбат таъкид гардид, ки Донишгоҳи Гринвич аз зумраи муассисаҳои маъруфи Британияи Кабир ба шумор рафта, ба сифати таҳсил ва татбиқи таҷрибаи амалии донишҷӯён диққати махсус медиҳад. Ба иттилои роҳбарияти донишгоҳ, донишҷӯёне, ки дар риштаҳои иқтисод, молия ва идора таҳсил менамоянд, дар давраи таътилҳо ба бонкҳо ва муассисаҳои молиявии сатҳи баланд барои таҷрибаомӯзии амалӣ фиристода мешаванд. Ин тадбир ба боло рафтани қобилияти касбӣ ва омодагии онҳо ба бозори меҳнат мусоидат мекунад.   Дар вохӯрӣ инчунин масъалаи тахфиф ва дастгирии молиявии донишҷӯёни тоҷик, аз ҷумла, дар асоси барномаҳои стипендиявии миллӣ ва байналмилалӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт.    Донишгоҳи Гринвич, ки соли 1890 таъсис ёфтааст, яке аз донишгоҳҳои маъруфи Британияи Кабир буда, дар бахшҳои тиҷорат, муҳандисӣ, илмҳои иҷтимоӣ, тандурустӣ ва омӯзгорӣ маҳбубияти хоса дорад. Донишгоҳ дорои беш аз 250 ихтисос ва барномаи таҳсилоти олӣ буда, шароити замонавӣ ва муҳити таҳсилоти байналмилалиро фароҳам сохтааст.   Филиалҳои донишгоҳ дар шаҳрҳои Лондон, Кент ва Мидвей ҷойгир буда, дорои маблағгузории таҳсил барои донишҷӯёни хориҷӣ, инфрасохтори рақамӣ, китобхонаҳои пешрафта ва шароити замонавии таълимӣ мебошад.   Ёдовар бояд шуд, ки маҳз дар заминаи сиёсати маорифпарварона ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз барои ҷавонони тоҷик тамоми шароиту имкониятҳо ҷиҳати таҳсил фароҳам оварда шуда, онҳо метавонанд дар донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон таҳсил намуда, соҳиби ихтисос ва касбу ҳунарҳои муосир гарданд.

    21

    30.05.2025