30.05.2025

 img

30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҳамоиши нахустини “Осиёи Марказӣ ва Италия” иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Таъкид гардид, ки натиҷаҳои нишасти имрӯза боз як қадами муҳим дар густариши ҳамкорӣ ва идомаи анъанаҳои неки муколамаи созанда миёни Осиёи Марказӣ ва Италия хоҳанд шуд.

 

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, захираҳои об, тандурустӣ, кишоварзӣ ва илму маорифро муҳим шумориданд.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар робитаҳои кишварҳо мавқеи муҳимро ишғол мекунанд.

 

Роҳбари давлат оид ба имкониятҳои Тоҷикистон дар пешбурди робитаҳои гуногунсамт андешаронӣ намуда, барои истифодаи васеи иқтидорҳои мавҷуда андешидани чораҳои самарабахшро зарур донистанд.

 

Баҳрабардорӣ аз захираҳои фаровони Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷи канданиҳои фоиданок, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ба манфиати кор дониста шуд.

 

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз доираҳои тиҷоратию сармоягузории Италия даъват намуданд, ки бо ҷалби сармоя ва технологияҳои пешрафта дар истихроҷ, коркард ва содироти маҳсулоти саноатию кишоварзии Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд.

 

Роҳбари давлати мо аз ҳамкории амалии Тоҷикистону Италия дар соҳаи саноати сабук ёдовар шуда, фаъолияти як қатор корхонаҳои нассоҷии кишвари моро бо сармоя ва технологияҳои ширкати италиявӣ намунаи возеҳи ин робитаҳо номиданд.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки бо дарназардошти иқтидори кишварҳо ва талаботи бозор Хазинаи муштараки сармоягузории Осиёи Марказӣ бо Агентии содиротӣ - қарзии Италия (SACE) ва намояндагии тиҷоратии ширкатҳои пешқадами ин кишвар дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад.

 

Татбиқи лоиҳаҳои рушди коммуникатсияҳои нақлиётии минтақавӣ ва инфрасохтор аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуд.

 

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои иштирокдори Ҳамоиши нахустини “Осиёи Марказӣ ва Италия” даъват намуданд, ки дар пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ва мутобиқ шудан ба оқибатҳои он низ, ки яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба шумор меравад, ҳамкорӣ намоянд.

 

Изҳори бовар карда шуд, ки нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи басо муҳим ҷалб хоҳад кард.

 

“Мо аз ҳавасмандии Хазинаи иқлими Италия дар ҳамкорӣ бо кишварҳои рӯ ба рушд дар муқовимат бо тағирёбии иқлим истиқбол мекунем”, изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

Зимни муаррифии имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф Сарвари давлат ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Италияро ҷонибдорӣ намуданд.

 

Таъкид гардид, ки мо ба таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, ташкили мубодилаи академӣ ва гузаронидани тадқиқоти муштараки илмӣ ҳавасманд мебошем.

 

Аз мубодилаи донишҷӯён бо донишгоҳҳои пешрафтаи Италия ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи барномаҳои таълимии Иттиҳоди Аврупо, бахусус “Эразмус Плюс” ва “Горизонт Аврупо” истиқбол карда шуд.

 

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба идомаи низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни сайёра ва вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳон идомаи ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба таҳдиду хатарҳо, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти радикализм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро, амри муҳим маънидод намуданд.

 

Дар фароварди сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкории зич бо Италия оид ба ҳама масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор доштанд.

  • Иштирок дар Ҳамоиши нахустини “Осиёи Марказӣ ва Италия” img
  • Иштирок дар Ҳамоиши нахустини “Осиёи Марказӣ ва Италия” img
  • Иштирок дар Ҳамоиши нахустини “Осиёи Марказӣ ва Италия” img

Хабарҳои дигар

  •  img
    КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 2 июни соли 2025 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “10 – солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”: дастовардҳо ва дурнамо” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид.   Дар кори конференсия роҳбарият ва кормандони Вазорати маориф ва илм, намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.   Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода оғоз ёфт. Номбурда зимни суханронии худ таъкид намуд, ки кӯдакон ояндаи давлату миллат ба ҳисоб рафта, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо яке аз арзишҳои олӣ ва устувори сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад.   Гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбия, таҳсил, ҳифзи ҳуқуқ, фароғат ва солимии кӯдакон заминаҳои мусоиди рушд муҳайё гардидааст.   Муовини вазир ёдовар шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, ки соли 2015 қабул гардида буд, ба сифати санади муҳимми ҳуқуқӣ барои таъмини рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон хизмат карда истодааст.   Сипас, Артур ван Дизен, сардори Дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз ҳамкории судманд бо мақомоти Тоҷикистон дар самти ҳимояи кӯдакон изҳори қаноатмандӣ намуд.   Дар идомаи конференсия муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ализода Нигина дар мавзӯи “Саҳми Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак”, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бобоҷонзода Миҷгона Бобоҷон дар мавзӯи “Нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар такмили қонунгузории соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм – Давлатзода Муяссара дар мавзӯи “Нақши таҳсилоти иловагӣ дар рушди кӯдакону наврасон” ва сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илм – Бобоҷон Ҷаҳонгир дар мавзӯи “10 соли татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” дастовардҳо ва мушкилот” баромад намуданд.   Таъкид гардид, ки ҳар кӯдак бояд дар муҳити орому амн, таҳти таваҷҷуҳ ва меҳру муҳаббати ҷомеа ба воя расида, барои онҳо шароити мусоиди зиндагӣ ва таълиму тарбия фароҳам оварда шавад.   Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён изҳори итминон карданд, ки конференсияи мазкур дар баррасии масъалаҳои муҳимми таъмини ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон саҳми муассир гузошта, дурнамои ҳамкориҳоро тавсеа мебахшад.   Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон

    6

    02.06.2025
  •  img
    ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК ЧӢ ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРӢ ДОРАНД? Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқҳои зеринро доранд: ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакро ҳимоя намоянд; муассисаҳои таълимиро интихоб намоянд; дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишомӯзии кӯдак дар муассисаҳои таълимӣ иштирок ва мусоидат намоянд, дар фаъолияти мақомоти худидоракунии муассисаи таълимӣ иштирок намоянд. Чунин омадааст дар моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак».   Дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон (1 июн) АМИТ «Ховар» тасмим гирифт аз ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» бармеоянд, ёдрас гардад.   Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ ҳуқуқ доранд?   Дар моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ҳамчунин омадааст, ки падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқ доранд, ки аз операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ дар бораи аз тарафи кӯдак истифода шудани хизмати алоқаи барқӣ маълумоти дахлдорро ба таври ройгон гиранд; ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи кӯдак ба муассисаи таълимӣ муроҷиат кунанд; азхудкунии барномаҳои таълимиро назорат намоянд; ба фаъолияти муассисаи таълимие, ки кӯдак дар он таҳсил мекунад, мусоидат намоянд ва ба раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, давомот ва сатҳу сифати донишомӯзии кӯдак шинос шаванд.   «Бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати таълиму тарбияи кӯдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома банданд; нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми аз ҷониби онҳо монеа эҷод кардан ба таълиму тарбияи кӯдак ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоянд; аз имтиёзҳои пешбинишуда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд ва дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешбинӣ намудааст, амалӣ намоянд»,- омадааст дар ин моддаи қонун.   Уҳдадориҳои падару модар дар таълими кӯдак кадомҳоянд?   Дар моддаи 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар бораи уҳдадориҳои падару модар дар таълими кӯдак омадааст, ки падару модар дар таълими кӯдак уҳдадориҳои зеринро доранд: таълим гирифтани кӯдакро таъмин намоянд; барои гирифтани таълиму тарбияи томактабии кӯдак тадбирҳо андешанд; ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии кӯдак монеъ нашаванд; кӯдакро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароит муҳайё намоянд ва риояи пӯшидани либосҳои дахлдори муассисаи таълимиро аз ҷониби кӯдак дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат карда, ба шакли зоҳирӣ ва санитарию беҳдоштии ӯ диққат дода, бидуни зарурати тиббӣ ҷиҳати пешгирии ­тағйири сунъии намуди зоҳирӣ, аз ҷумла холкӯбӣ, чораандешӣ намоянд.   «Ба кӯдаки дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва руҳӣ барои таҳсил кардан ва касбу ҳунар омӯхтан шароит муҳайё намоянд; донишомӯзӣ ва иштироки кӯдакро дар раванди таълим назорат карда, бо маъмурияти муассисаи таълимӣ, омӯзгорон ва кормандони дигари соҳаи маориф оид ба таълими кӯдак мунтазам ҳамкорӣ намоянд; ба омӯзиши забони давлатӣ, инчунин забонҳои хориҷӣ мусоидат намоянд; дар ҷаласаҳои падару модар ва чорабиниҳои дигари муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намоянд; талаботи дахлдори қоидаву тартибот ва санадҳои дохилии муассисаи таълимиро, ки кӯдак дар он таълим мегирад, риоя намоянд»,- омадааст дар ин моддаи қонун.   Ҳамчунин тибқи моддаи 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» падару модар уҳдадоранд, ки дар ҷашну маросим ва таҷлили зодрӯзи кормандони муассисаҳои таълимӣ пешниҳоди туҳфаҳои молию пулиро аз ҷониби кӯдак манъ намоянд; ҳама гуна пардохти маблағро аз ҷониби кӯдак ба кормандони муассисаҳои таълимӣ иҷозат надиҳанд; гирифтани таълими ғайриқонунӣ, аз ҷумла таълими ғайриқонунии диниро аз ҷониби кӯдак роҳ надиҳанд; таълими динии кӯдакро дар хориҷи кишвар бе розигии хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ иҷозат надиҳанд ва уҳдадориҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таълими кӯдак муқаррар намудааст, иҷро намоянд.   Дар тарбияи кӯдак падару модар чӣ уҳдадориҳо доранд?   Дар моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» омадааст, ки падару модар дар тарбияи кӯдак уҳдадориҳои зеринро доранд: ба кӯдак тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд; пас аз таваллуд кӯдакро аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд; барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак шароит муҳайё намоянд; кӯдакро ба зиндагии мустақилона омода намоянд; кӯдакро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, волоияти қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, эҳтиром ба шахсияти худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва халқҳои дигар, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд;   «Оид ба рушди маърифати ахлоқӣ, эстетикӣ, санитарӣ ва экологии кӯдак чораандешӣ карда, асосҳои гигиенаи шахсӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муоширатро ба ӯ омӯзонанд; кӯдакро дар руҳияи сарфаю сариштакорӣ ва муносибати эҳтиёткорона нисбат ба молу мулк ва арзишҳои дигар тарбия намоянд; дар раванди тарбия нисбат ба кӯдак зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмониро истифода набаранд; шаъну шарафи кӯдакро эҳтиром намоянд ва ба муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзананда нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд; новобаста ба ҷинс, синну сол, қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва руҳии кӯдакон, нисбат ба онҳо муносибати баробар дошта бошанд»,-омадааст дар идомаи ин моддаи қонун.   Ҳамчунин дар моддаи мазкур таъкид гардидааст, ки дар сурати хабардор шудан аз ҳолати кӯдаке, ки дар тарбияи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарор дорад, бо онҳо ҳамкорӣ намоянд; ба марказҳои дилхушӣ рафтани кӯдакро манъ намоянд; гаштугузори кӯдаки то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд; аз соати 18:00 то соати 08:00 ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ рафтани кӯдаки худро иҷозат надиҳанд; бе ҳамроҳии шахси болиғ гаштугузор кардани кӯдаки то шонздаҳсоларо дар ҷойҳои хатарнок манъ намоянд.   Ҳамчунин падару модарон уҳдадоранд, ки кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромии ҷомеа, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯча, хиёбон, майдон, ҷойҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳ, манзили истиқоматӣ, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати харобкоронаи кӯдакро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд; ба кӯдак ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахттаъсир ва мадҳушкунандаи дигар, асбобу ашёи манъшуда ва халандаву бурандаро, ба истиснои асбобу ашёи таълимӣ, манъ намоянд, инчунин ба гирифта гаштани онҳо роҳ надиҳанд.   «Фарҳанги истифодаи телефони мобилиро омӯзонанд ва ҷиҳати дар вақти дарс истифода набурдани он чораандешӣ намоянд; ба кӯдак тамошои филмҳои дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ, ваҳшатангезӣ, зӯроварӣ ва аксу наворҳои дигари манъшударо иҷозат надиҳанд; аз тарафи кӯдак мақсаднок истифода шудани интернетро назорат намоянд; ба кӯдак мутолиа ва паҳн кардани сабту наворҳои электронӣ (аз ҷумла тавассути телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ ва зӯровариро манъ намоянд»,-омадааст дар моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак».   Тибқи моддаи 16-и ин қонун, волидайн уҳдадоранд, ки иштироки кӯдакро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои кӯдаконе, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои таълимии динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, иҷозат надиҳанд; ба кӯдак истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъа­дор, маҳсулоти тамоку, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои мадҳушкунандаи дигарро манъ намоянд; иштироки кӯдакро дар чорабиниҳои барои ӯ тавсиянашуда иҷозат надиҳанд; ба кӯдак барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, инчунин барои омадан ба муассисаи таълимӣ бо воситаҳои нақлиёти механикӣ иҷозат надиҳанд; ба кӯдак ҷиҳати интихоби касбу кор мусоидат кунанд; ба оворагардӣ ва рафторҳои зиддиахлоқии дигари кӯдак роҳ надиҳанд ва кӯдакро ба кори ғайриқонунӣ ҷалб насозанд;   Ҳамчунин таъкид гардидааст, ки падару модар уҳдадоранд, ки ба зишту касиф ва хароб намудани биною иншоот, шикас­тани панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва ороишоти дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ насбшуда ва расондани зарари дигар ба онҳо аз тарафи кӯдак роҳ надиҳанд; дастрасии кӯдакро ба маводи сӯзандаю тарканда ва силоҳ иҷозат надиҳанд; истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёи қиматбаҳо (ба истиснои як ҷуфт гӯшвораи андозааш хурд барои духтарон)-ро аз тарафи кӯдак дар муассисаҳои таълимӣ манъ намоянд ва уҳдадориҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тарбияи кӯдак муқаррар намудааст, иҷро намоянд.    

    12

    02.06.2025
  •  img
    КӮДАКОН ОЯНДАИ ОСУДАВУ ОБОДИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТАНД Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон   Кӯдакони азиз!   Фарзандони арҷманд!   Шуморо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, самимона шодбош намуда, бароятон саломативу сарбаландӣ, таҳсили хубу аъло, фароғату истироҳат ва зиндагии пурсаодатро таманно дорам.   Мусаллам аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба соҳаи маориф зоҳир карда шуд ва бо дастгириву роҳнамоиҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шароити мусоиди таълиму тарбия барои кӯдакон фароҳам оварда шуд. Зеро кӯдакон сарвати асосии давлат буда, фарогирӣ ба таҳсил, ҳифзи ҳуқуқҳо, шароити хуби зиндагӣ, истироҳату фароғат ва солимии онҳо дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад. Ба ин мазмун, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад”.   Шоистаи таъкид аст, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо санадҳои муҳимми давлатӣ қабул гардидаанд, ки ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаконро таъмин мекунанд. Аз ҷумла, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон”, ки дар асоси он ба таври дақиқу ҳамаҷониба ҳуқуқҳои онҳо ҳифз ва дар ин замина, рисолати аҳли ҷомеа муайян шудааст. Дар баробари ин, стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатӣ амал мекунанд, ки фаъолияти кӯдаконро дар ҳама ҷабҳаҳо таъмин менамоянд.   Дар баробари ин, барои бештар ҷалб намудани кӯдакон ба омӯзиш, ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ ва такомулу ташаккули тафаккури онҳо бо дастури Пешвои муаззами миллат озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” роҳандозӣ гардиданд. Дар озмунҳои мазкур бештари довталабонро кӯдакон ташкил медиҳанд ва бо суханварӣ, дониши мукаммал ва ҳунару маҳорати фавқулода баромад менамоянд, ки шаҳодати возеҳ аз доштани ҷаҳонбинии пешрафта, дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ба камол расидани насли замони истиқлол мебошад.   Дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2024) ба масъалаи вусъати бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистонҳо дастурҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла, ба масъулин супориш дода шуд, ки: “Дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд... Бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд”.   Дар баробари ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон, вазифаи мо, омӯзгорон, падару модарон ва умуман, аҳли ҷомеа низ дар масъалаи таълиму тарбияи шоистаи онҳо бештар мегардад. Зеро таъмини ҳифзу ҳимояи кӯдакон ба ҳамбастагии фаъолияти тамоми қишрҳои ҷомеа вобаста мебошад, то онҳо ба омӯзишу таҳсил ҷиддӣ машғул шаванд, истироҳату фароғат намоянд, давраи ширини кӯдакиро дошта бошанд, дар муҳити солими оила ва ҷомеа ба камол расанд ва дар оянда ҳамчун неруи созандаву бунёдкор дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон — Тоҷикистон содиқона хизмат кунанд.   Бори дигар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба тамоми кӯдакони кишвар табрик гуфта, барояшон рӯзгори хуш, қалби шод, оромиву осоиши хонадон, иқболи баланд ва саломатии бардавомро орзумандам.   Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак бод!  

    22

    01.06.2025