30.05.2025

Дар доираи рушду тавсеаи робитаҳои илмӣ-таълимӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои таҳсили довталабони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафта, мулоқоти намояндаи Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» бо роҳбарияти Донишгоҳи Гринвич (University of Greenwich) баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масоили марбут ба таҳсили довталабони тоҷик, сифати таҳсилот, имкониятҳои таҷрибаомӯзӣ ва дастгирии молиявӣ барои донишҷӯён мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат таъкид гардид, ки Донишгоҳи Гринвич аз зумраи муассисаҳои маъруфи Британияи Кабир ба шумор рафта, ба сифати таҳсил ва татбиқи таҷрибаи амалии донишҷӯён диққати махсус медиҳад. Ба иттилои роҳбарияти донишгоҳ, донишҷӯёне, ки дар риштаҳои иқтисод, молия ва идора таҳсил менамоянд, дар давраи таътилҳо ба бонкҳо ва муассисаҳои молиявии сатҳи баланд барои таҷрибаомӯзии амалӣ фиристода мешаванд. Ин тадбир ба боло рафтани қобилияти касбӣ ва омодагии онҳо ба бозори меҳнат мусоидат мекунад.
Дар вохӯрӣ инчунин масъалаи тахфиф ва дастгирии молиявии донишҷӯёни тоҷик, аз ҷумла, дар асоси барномаҳои стипендиявии миллӣ ва байналмилалӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Донишгоҳи Гринвич, ки соли 1890 таъсис ёфтааст, яке аз донишгоҳҳои маъруфи Британияи Кабир буда, дар бахшҳои тиҷорат, муҳандисӣ, илмҳои иҷтимоӣ, тандурустӣ ва омӯзгорӣ маҳбубияти хоса дорад. Донишгоҳ дорои беш аз 250 ихтисос ва барномаи таҳсилоти олӣ буда, шароити замонавӣ ва муҳити таҳсилоти байналмилалиро фароҳам сохтааст.
Филиалҳои донишгоҳ дар шаҳрҳои Лондон, Кент ва Мидвей ҷойгир буда, дорои маблағгузории таҳсил барои донишҷӯёни хориҷӣ, инфрасохтори рақамӣ, китобхонаҳои пешрафта ва шароити замонавии таълимӣ мебошад.
Ёдовар бояд шуд, ки маҳз дар заминаи сиёсати маорифпарварона ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз барои ҷавонони тоҷик тамоми шароиту имкониятҳо ҷиҳати таҳсил фароҳам оварда шуда, онҳо метавонанд дар донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон таҳсил намуда, соҳиби ихтисос ва касбу ҳунарҳои муосир гарданд.