06.05.2026

 img

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 6 майи соли 2026 маросими тақсимот ва сафарбарнамоии донишҷӯёни хатмкунандаи ихтисосҳои омӯзгорӣ баргузор гардид.

 

Дар он сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Саъдуллозода, ректори Донишгоҳ Ж. Гулназарзода, сардори шуъбаи пайгирии фаъолияти мутахассисони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вазорат, сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси вазорат ва 25 намоянда аз шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ширкат доштанд.

 

Дар оғоз иттилоъ дода шуд, дар соли таҳсили 2025-2026 ба бахши таҷрибаомӯзӣ ва карера 735 нафар хатмкунандагони равияи омӯзгорӣ пешниҳод шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 67 нафар зиёд мебошад. Аз он 316 нафар хатмкунадагони равияи омӯзгории шуъбаи рӯзона (нисбат ба соли гузашта 74 нафар зиёд мебошад).

 

Ҳамчунин 419 нафар хатмкунандагони равияи омӯзгории шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ (нисбат ба соли гузашта 7 нафар кам мебошад) ва донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд 42 нафар мебошанд.

 

Ректор донишгоҳ чорабиниро ифтитоҳ бахшида, дар бораи касби пуршарафи омӯзгорӣ, имконот ба омӯзгорони ҷавон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, эътимоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва дастгириву иқдомоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф ва илм сухан гуфта, инчунин, донишҷӯён, ки омӯзгорони оянда ҳастанд, ба масъулиянокиву дақиқкорӣ дар ин ҷодаи пурифтихору масъулиятпазир ҳидоят кард.

 

Дар идома, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илм хатмкардагони донишгоҳро ҷавонони саодатманду хуштолеъ номида, иброз дошт, ҷавонон бояд ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар ба донишандӯзиву забономӯзӣ машғул шуда, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар бардоранд.

 

Инчунин таъкид гардид, ки дар оянда хатмкардагони донишгоҳ бо дониши воло ва забондонӣ ҳамчун омӯзгорони муваффақ дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони миллат саҳми назаррас гузошта, онҳоро дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят менамоянд.

  • ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ДБЗХТ БА НОМИ СОТИМ УЛУҒЗОДА img
  • ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ДБЗХТ БА НОМИ СОТИМ УЛУҒЗОДА img
  • ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ДБЗХТ БА НОМИ СОТИМ УЛУҒЗОДА img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА Имрӯз, 13 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Данғара маросими тақсимоти мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ баргузор гардид.   Дар чорабинӣ сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Саъдуллозода, ректори донишгоҳ Ш. Хайрзода, намояндагони Вазорати маориф ва илм, раёсату шуъбаҳои маориф ва хатмкунандагон иштирок намуданд.   Нахуст, ректори донишгоҳ чорабиниро ифтитоҳ намуда, оид ба саҳми муассиса дар омода намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ибрози назар кард. Қайд гардид, ки Донишгоҳи давлатии Данғара дар самти омодасозии кадрҳои соҳибтахассуси омӯзгорӣ саҳми назаррас дошта, барои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ҷавон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.   Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон робитаи мустақим дорад. Иброз гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин соҳаро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ менамояд.   Дар идомаи ҳамоиш намояндагони Вазорати маориф ва илм вобаста ба масъалаҳои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани масъулияти касбӣ ва нақши омӯзгорон дар тарбияи насли наврас суханронӣ намуданд.   Зикр гардид, ки соли равон 104 нафар донишгоҳро аз рӯйи равияи омӯзгорӣ хатм мекунанд, ки аз ин теъдод 17 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил намуданд.   Таъкид шуд, ки тақсимоти мутахассисони ҷавон қадами муҳим дар самти таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус ба шумор рафта, барои таҳкими низоми маорифи кишвар мусоидат менамояд.

    11

    13.05.2026
  •  img
    ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ – ФАРОҒАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «БАЗМИ ҶАВОНӢ» ДАР ДОИРАИ МОҲВОРАИ ҶАВОНОН Бо ибтикори Донишкадаи тарбия ҷисмонӣ ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони «Базми ҷавонӣ» дар сатҳи баланд баргузор гардид.   Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Шокирзода ва ректори донишкада А. Иброҳимзода иштирок ва суханронӣ намуданд.   Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба фароҳам овардани муҳити созгори фарҳангиву фароғатӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ ва эҷодии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносиву ифтихори миллӣ мусоидат менамояд.   Дар идомаи чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, китоб ва барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон гардид. Аз ҷумла, баромади ҳунармандони ҷавон, қироати шеър, намоиши саҳначаҳои тарбиявӣ ва иҷрои мусиқии зинда фазои чорабиниро боз ҳам ҷолибу хотирмон гардонид.   Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди идона ҷараён гирифта, иштирокдорон бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ифтихори миллӣ фароғат намуданд.

    19

    13.05.2026
  •  img
    ШОҲМАНСУР: БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» 13 майи соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 дар доираи татбиқи сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои ҳамешагии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати рушди тафаккури илмӣ, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ, завқи китобхонӣ, нерӯи зеҳнӣ ва дарёфти чеҳраҳои болаёқати наврасону ҷавонони китобхону китобдӯст, даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид.   Дар маросими ифтитоҳи даври ноҳиявии озмун муовини раиси ноҳия З.Зуҳурзода, аъзои комиссия, ҳайати ҳакамон, иштирокчиён ва омӯзгорону волидайн иштирок намуданд.   Зимни баромади З.Зуҳурзода таъкид гардид, ки ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, кашфи истеъдодҳои нав, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва тақвияти донишу ҷаҳонбинии тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон мебошад. Иштирокчиён на танҳо китоб мехонанд, балки онҳоро таҳлил ва баррасӣ мекунанд, фикрҳои худро баён менамоянд ва маҳорати суханварии худро сайқал медиҳанд.   Қайд карда шуд, ки баргузории чунин озмунҳо дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, дар тарбияи насли худогоҳу донишманд нақши муассир мегузорад.   Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои муайяншуда байни ҳам рақобати зеҳнӣ намуда, сатҳи дониш, малака ва маҳорати худро ба намоиш гузоштанд.   Боварӣ аст, ки ғолибони даври ноҳиявӣ дар даврҳои минбаъда низ фаъолона иштирок намуда, шарафи ноҳияро дар сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳимоя хоҳанд кард

    14

    13.05.2026