06.05.2026

 img

Имрӯз, 6 майи соли 2026 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2026” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 баргузор гардид.

 

Дар озмун довталабон аз муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия фаъолона иштирок намуда, маҳорати баланди касбӣ, сатҳи дониш, малакаи педагогӣ ва эҷодкории худро муаррифӣ намуданнд. Иштирокчиён бо дарсҳои намунавӣ, баромадҳои методӣ ва пешниҳоди таҷрибаи пешқадам сазовори баҳои баланд гардиданд.

 

Бо мақсади таъмини шаффофият ва баҳогузории одилона, ҳайати доварони озмун аз ҳисоби омӯзгорони ботаҷриба, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва дигар мутахассисони соҳаи маориф таъсис дода шуд. Ҳамзамон, барои ташкили сатҳи баланди чорабинӣ кумитаи тадорукот фаъолият бурда, ҷараёни озмунро мувофиқи талаботи муқарраргардида ба роҳ монд.

 

Дар рафти чорабинӣ инчунин намояндагони иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия иштирок доштанд, ки саҳми онҳо дар ташкили чорабинӣ назаррас арзёбӣ мегардад.

 

Даври ноҳиявии Озмун бо сухани ифтитоҳии муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур З. Зуҳурзода оғоз гардида, зимни баромади худ ӯ аҳамияти баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, рушди малакаҳои касбӣ ва дарёфти истеъдодҳои навро таъкид намуд.

 

Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин озмунҳо дар баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, рушди методикаи таълим ва табодули таҷрибаи пешқадам нақши муҳим дошта, барои пешрафти соҳаи маориф мусоидат менамояд.

  • ШОҲМАНСУР: БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2026» img
  • ШОҲМАНСУР: БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2026» img
  • ШОҲМАНСУР: БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2026» img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА Имрӯз, 13 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Данғара маросими тақсимоти мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ баргузор гардид.   Дар чорабинӣ сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Саъдуллозода, ректори донишгоҳ Ш. Хайрзода, намояндагони Вазорати маориф ва илм, раёсату шуъбаҳои маориф ва хатмкунандагон иштирок намуданд.   Нахуст, ректори донишгоҳ чорабиниро ифтитоҳ намуда, оид ба саҳми муассиса дар омода намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ибрози назар кард. Қайд гардид, ки Донишгоҳи давлатии Данғара дар самти омодасозии кадрҳои соҳибтахассуси омӯзгорӣ саҳми назаррас дошта, барои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ҷавон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.   Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон робитаи мустақим дорад. Иброз гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин соҳаро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ менамояд.   Дар идомаи ҳамоиш намояндагони Вазорати маориф ва илм вобаста ба масъалаҳои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани масъулияти касбӣ ва нақши омӯзгорон дар тарбияи насли наврас суханронӣ намуданд.   Зикр гардид, ки соли равон 104 нафар донишгоҳро аз рӯйи равияи омӯзгорӣ хатм мекунанд, ки аз ин теъдод 17 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил намуданд.   Таъкид шуд, ки тақсимоти мутахассисони ҷавон қадами муҳим дар самти таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус ба шумор рафта, барои таҳкими низоми маорифи кишвар мусоидат менамояд.

    12

    13.05.2026
  •  img
    ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ – ФАРОҒАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «БАЗМИ ҶАВОНӢ» ДАР ДОИРАИ МОҲВОРАИ ҶАВОНОН Бо ибтикори Донишкадаи тарбия ҷисмонӣ ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони «Базми ҷавонӣ» дар сатҳи баланд баргузор гардид.   Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Шокирзода ва ректори донишкада А. Иброҳимзода иштирок ва суханронӣ намуданд.   Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба фароҳам овардани муҳити созгори фарҳангиву фароғатӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ ва эҷодии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносиву ифтихори миллӣ мусоидат менамояд.   Дар идомаи чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, китоб ва барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон гардид. Аз ҷумла, баромади ҳунармандони ҷавон, қироати шеър, намоиши саҳначаҳои тарбиявӣ ва иҷрои мусиқии зинда фазои чорабиниро боз ҳам ҷолибу хотирмон гардонид.   Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди идона ҷараён гирифта, иштирокдорон бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ифтихори миллӣ фароғат намуданд.

    19

    13.05.2026
  •  img
    ШОҲМАНСУР: БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» 13 майи соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 дар доираи татбиқи сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои ҳамешагии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати рушди тафаккури илмӣ, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ, завқи китобхонӣ, нерӯи зеҳнӣ ва дарёфти чеҳраҳои болаёқати наврасону ҷавонони китобхону китобдӯст, даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид.   Дар маросими ифтитоҳи даври ноҳиявии озмун муовини раиси ноҳия З.Зуҳурзода, аъзои комиссия, ҳайати ҳакамон, иштирокчиён ва омӯзгорону волидайн иштирок намуданд.   Зимни баромади З.Зуҳурзода таъкид гардид, ки ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, кашфи истеъдодҳои нав, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва тақвияти донишу ҷаҳонбинии тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон мебошад. Иштирокчиён на танҳо китоб мехонанд, балки онҳоро таҳлил ва баррасӣ мекунанд, фикрҳои худро баён менамоянд ва маҳорати суханварии худро сайқал медиҳанд.   Қайд карда шуд, ки баргузории чунин озмунҳо дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, дар тарбияи насли худогоҳу донишманд нақши муассир мегузорад.   Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои муайяншуда байни ҳам рақобати зеҳнӣ намуда, сатҳи дониш, малака ва маҳорати худро ба намоиш гузоштанд.   Боварӣ аст, ки ғолибони даври ноҳиявӣ дар даврҳои минбаъда низ фаъолона иштирок намуда, шарафи ноҳияро дар сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳимоя хоҳанд кард

    14

    13.05.2026