05.05.2026
5 майи соли равон вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Россотрудничество) Андрей Патрушев баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои гуманитарӣ ва таълимӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардид, ки намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Россотрудничество), ки аз соли 2011 фаъолият дорад, ба яке аз ниҳодҳои муҳим дар рушди робитаҳои фарҳангиву илмии ду кишвар табдил ёфтааст. Фаъолияти марказ тавассути «Русский дом» дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, инчунин шабакаи марказҳои таҳсилоти иловагӣ амалӣ мегардад.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҳамкориҳо, бахусус дар самтҳои таълим, омӯзиши забони русӣ, табодули фарҳангӣ ва дастгирии ҷавонон, сол ба сол тавсеа меёбанд. Аз ҷумла, барномаи квотаҳои таҳсилотӣ имкон фароҳам меорад, ки ҳамасола садҳо довталаби тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии бонуфузи Федератсияи Россия ба таври ройгон таҳсил намоянд.
Ҳамчунин, ба аҳаммияти ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва татбиқи барномаҳои ҷавонон, аз ҷумла барномаи «Здравствуй, Россия!» ишора карда шуд.
Дар идомаи мулоқот вазири маориф ва илм ба масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи барномаҳои таҳсилотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таъмини идомаи бемонеаи таҳсили донишҷӯён, тақвияти ҳамоҳангсозии сохторҳои марбутаи ду кишвар муҳим мебошад. Дар ин замина, масъалаҳои вобаста ба будубош ва фаъолияти таҳсилии донишҷӯён, инчунин пешгирии ҳолатҳои номатлубе, ки метавонанд ба идомаи таҳсили онҳо таъсир расонанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири маориф ва илм пешниҳод намуд, ки ҷиҳати такмили механизми интихоби довталабон барои квотаҳои таҳсилотӣ ҳамкориҳои Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази барномаҳои байналмилалӣ боз ҳам тақвият дода шавад.
Ҳамчунин, бо мақсади баррасии саривақтии масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои донишҷӯён ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти мавҷуда, пешниҳод гардид, ки механизми ҳамоҳангсозии муштараки миёни сохторҳои дахлдори ду кишвар роҳандозӣ карда шавад.
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор дошта, таъкид намуданд, ки чунин ҳамкориҳо барои рушди сармояи инсонӣ, таҳкими робитаҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои илмиву фарҳангии ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон