13.05.2026

 img

13 майи соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 дар доираи татбиқи сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои ҳамешагии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати рушди тафаккури илмӣ, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ, завқи китобхонӣ, нерӯи зеҳнӣ ва дарёфти чеҳраҳои болаёқати наврасону ҷавонони китобхону китобдӯст, даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид.

 

Дар маросими ифтитоҳи даври ноҳиявии озмун муовини раиси ноҳия З.Зуҳурзода, аъзои комиссия, ҳайати ҳакамон, иштирокчиён ва омӯзгорону волидайн иштирок намуданд.

 

Зимни баромади З.Зуҳурзода таъкид гардид, ки ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, кашфи истеъдодҳои нав, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва тақвияти донишу ҷаҳонбинии тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон мебошад. Иштирокчиён на танҳо китоб мехонанд, балки онҳоро таҳлил ва баррасӣ мекунанд, фикрҳои худро баён менамоянд ва маҳорати суханварии худро сайқал медиҳанд.

 

Қайд карда шуд, ки баргузории чунин озмунҳо дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, дар тарбияи насли худогоҳу донишманд нақши муассир мегузорад.

 

Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои муайяншуда байни ҳам рақобати зеҳнӣ намуда, сатҳи дониш, малака ва маҳорати худро ба намоиш гузоштанд.

 

Боварӣ аст, ки ғолибони даври ноҳиявӣ дар даврҳои минбаъда низ фаъолона иштирок намуда, шарафи ноҳияро дар сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳимоя хоҳанд кард

  • ШОҲМАНСУР: БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» img
  • ШОҲМАНСУР: БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» img
  • ШОҲМАНСУР: БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ – ФАРОҒАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «БАЗМИ ҶАВОНӢ» ДАР ДОИРАИ МОҲВОРАИ ҶАВОНОН Бо ибтикори Донишкадаи тарбия ҷисмонӣ ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони «Базми ҷавонӣ» дар сатҳи баланд баргузор гардид.   Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Шокирзода ва ректори донишкада А. Иброҳимзода иштирок ва суханронӣ намуданд.   Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба фароҳам овардани муҳити созгори фарҳангиву фароғатӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ ва эҷодии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносиву ифтихори миллӣ мусоидат менамояд.   Дар идомаи чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, китоб ва барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон гардид. Аз ҷумла, баромади ҳунармандони ҷавон, қироати шеър, намоиши саҳначаҳои тарбиявӣ ва иҷрои мусиқии зинда фазои чорабиниро боз ҳам ҷолибу хотирмон гардонид.   Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди идона ҷараён гирифта, иштирокдорон бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ифтихори миллӣ фароғат намуданд.

    17

    13.05.2026
  •  img
    ҶАМЪБАСТИ ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГӢ – МАЪРИФАТИИ «РӮЗИ НАВ» Дар толори Театри ҷумҳуриявии «Лӯхтак» маросими ҷамъбасти Фестивали фарҳангӣ – маърифатии «Рӯзи нав» дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди идона баргузор гардид.   Фестивали мазкур аз 2 то 10 майи соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва Ташкилоти «Равзанаи дониш» бо ҷалби устодону мутахассисон аз шаҳрҳои Москва ва Тошканд, инчунин коршиносони соҳаҳои синамо, театр ва технологияҳои иттилоотии шаҳри Душанбе доир карда шуд.   Чорабиниҳо дар се маркази омӯзишӣ - Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, Театри ҷумҳуриявии «Лӯхтак» ва бинои IT-Park DUSHANBE баргузор гардида, дар онҳо хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуданд.   Иштирокчиён дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла «Робототехника», «Зеҳни сунъӣ», «Урбанистика», «Театр ва синамо», «Медиа» (рӯзноманигорӣ), «Дизайн», «Чопи 3D», «Стрит-арт» ва «Шаҳри оянда» маҳорати худро такмил дода, бо технология ва усулҳои муосири эҷодкорӣ шинос шуданд.   Дар рӯзи ҷамъбаст ҳар як гурӯҳ лоиҳаҳо ва корҳои эҷодии худро ба намоиш гузоштанд. Хонандагон тавонистанд дар муддати кӯтоҳ якчанд навори видеоӣ, саҳнаҳои театрӣ ва лоиҳаҳои ҷолиб, аз қабили «Хонаи доно», «Боғи доно» ва «Шаҳри ояндаи ман»-ро бо маҳорати баланд муаррифӣ намоянд.   Дар ҷараёни фестивал аз ҷониби устодону мутахассисон ба иштирокчиён барои идомаи фаъолият дар самтҳои интихобнамудаашон тавсияҳои муфид пешниҳод гардиданд.   Дар анҷоми чорабинӣ сарпарастон, ҳамкорон ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар баргузории фестивал саҳми назаррас гузоштанд, бо «Сипоснома» қадрдонӣ карда шуданд.

    31

    12.05.2026
  •  img
    Мулоқот бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан 12 май дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан мулоқот намуданд.   Ҷонибҳо ба робитаҳо дар соҳаи илму маориф, аз ҷумла ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.   Таъкид гардид, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Чин бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.   Барои ҷалби ҷавонони тоҷик ба омӯзиши илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ ва рушди зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таълимии Чин изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.   Фаъолияти самараноки марказҳои Конфутсий ва маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии “Коргоҳи Любан” дар Тоҷикистон намунаи возеҳи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф номида шуд.   Тавсеаи робитаҳо дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ, ҳамчунин, идомаи робитаҳо дар бахши тарҷума ва нашри осори илмӣ ва таърихиву фарҳангӣ, афзоиши шумораи бурсияҳои таълимӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

    70

    12.05.2026