23.06.2026
Дар тақвими таърихии миллати тоҷик санаҳое ҳастанд, ки ҳамчун рамзи сарнавишт, сабақи бузурги таърих ва роҳнамои оянда хизмат мекунанд. Яке аз чунин санаҳои тақдирсоз 27 июн - Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад. Ин рӯз барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, махсусан барои омӯзгорон ва насли ҷавон рамзи пирӯзии хирад бар ҷаҳолат, сулҳ бар низоъ ва созандагӣ бар вайронкорӣ мебошад.
Вақте аз Ваҳдати миллӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама бояд дарк намоем, ки он чӣ гуна арзиши бузург ва дастоварди нодири таърихӣ аст. Тоҷикистон дар оғози соҳибистиқлолӣ давраи ниҳоят вазнинро аз сар гузаронид. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳазорон нафарро қурбон кард, иқтисодиёти кишвар зарари ҷиддӣ дид, беш аз як миллион нафар муҳоҷири иҷборӣ ва гуреза шуданд, садҳо муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабҳо, зарар диданд ё аз фаъолият бозмонданд.
Дар чунин шароити мушкил, танҳо иродаи сиёсӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба Ватан тавонист миллати тоҷикро аз вартаи парокандагӣ наҷот диҳад. Бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии тамоми қишрҳои ҷомеа, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санади таърихӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, роҳи рушди минбаъдаи давлтро ҳамвор намуд.
Имрӯз, пас аз қариб се даҳсола, мо метавонем бо ифтихор бигӯем, ки Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон танҳо поёни низоъ набуд, балки оғози давраи нави давлатсозӣ ва пешрафти ҷомеа гардид. Агар ба дастовардҳои солҳои истиқлол назар афканем, мебинем, ки маҳз дар фазои сулҳу субот Тоҷикистон тавонист дар тамоми соҳаҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Аз ҷумла, соҳаи маориф яке аз самтҳое мебошад, ки бештар аз ҳама самараи Ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаи давлатро эҳсос кардааст.
Яке аз самтҳое, ки дар шароити сулҳу ваҳдати миллӣ рушди бесобиқа пайдо намуд, таҳсилоти томактабӣ мебошад. Агар дар солҳои аввали истиқлолият фаъолияти бисёр муассисаҳои томактабӣ бинобар мушкилоти иқтисодӣ маҳдуд гардида бошад, имрӯз ин соҳа ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфтааст.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи муассисаҳои таълимии томактабӣ сол ба сол васеъ гардида, фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ афзоиш меёбад. Зеро маҳз дар зинаи томактабӣ асосҳои шахсият, ҷаҳонбинӣ, малакаҳои муошират ва омодагии кӯдак ба таҳсилоти минбаъда гузошта мешаванд.
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ рушди таҳсилоти томактабӣ аз дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Айни ҳол дар ҳудуди ноҳия 35 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 16 муассисаи давлатӣ, 2 муассисаи идоравӣ ва 17 муассисаи ғайридавлатӣ фаъолият менамоянд. Дар онҳо зиёда аз 5000 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон, барои зиёд намудани фарогирии кӯдакон марказҳои инкишофи кӯдак ташкил гардидаанд, ки зиёда аз 500 нафар кӯдаконро ба таҳсилоти ибтидоӣ омода месозанд.
Ин нишондиҳандаҳо далели онанд, ки дар фазои сулҳу ваҳдат давлат барои ҳар як кӯдак аз солҳои аввали зиндагӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Имрӯз муассисаҳои муҳити ташаккули шахсияти шаҳрвандони ояндаи Тоҷикистон мебошанд. Маҳз дар ҳамин муассисаҳо кӯдакон аввалин бор мафҳумҳои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба калонсолон, муҳаббат ба Ватан ва рамзҳои давлатиро меомӯзанд.
Метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ барои пешрафти тамоми низоми таҳсилот, аз ҷумла таҳсилоти томактабӣ, заминаи устувор фароҳам овардааст. Ҳар як муассисаи нави томактабӣ, ҳар як гурӯҳи нави кӯдакон ва ҳар як мураббии фаъол самараи бевоситаи сулҳу субот ва сиёсати иҷтимоии давлат мебошад. Ҳамчун омӯзгор бар он назарам, ки агар сулҳу субот намебуд, дастовардҳои имрӯзаи маорифи тоҷик ғайриимкон буданд. Мактаб ба муҳити оромӣ, субот ва эътимод ниёз дорад. Дар шароити ҷанг ва бесуботӣ на таълиму тарбия имконпазир асту на рушди инсон.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ ҳазорҳо муассисаҳои таълимӣ сохта ва азнавсозӣ гардиданд. Танҳо дар давраи истиқлол 4135 бинои муассисаи таълимӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 888 531 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шудааст. Агар дар оғози солҳои 90-ум масъалаи дастрасӣ ба таҳсил ва таъминоти муассисаҳо яке аз мушкилоти ҷиддӣ ба ҳисоб мерафт, имрӯз дар аксари муассисаҳо синфхонаҳои муосир, кабинетҳои фаннӣ, марказҳои технологӣ ва инфрасохтори зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ рушди соҳаи маориф натиҷаи бевоситаи фазои сулҳу ваҳдат мебошад. Имрӯз дар ҳудуди ноҳия 31 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият намуда, дар онҳо қариб 40 ҳазор хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар ин муассисаҳо беш аз 1800 омӯзгор фаъолият доранд, ки аксарияти онҳоро занону бонувон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳандаҳо худ далели равшани рушди устувори соҳа мебошанд.
Маҳз дар шароити сулҳу субот Тоҷикистон тавонист ба барномаҳои байналмилалии арзёбии сифати таҳсилот ҳамроҳ шавад. Иштироки хонандагони тоҷик дар таҳқиқоти байналмилалӣ, аз ҷумла PIRLS, PISA ва дигар барномаҳо нишон медиҳад, ки маорифи миллӣ тадриҷан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ворид мегардад.
Ваҳдати миллӣ барои соҳаи маориф танҳо шароити сохтмони мактабҳо ва афзоиши шумораи хонандагонро фароҳам наовард. Аз ҳама муҳимаш, он барои тарбияи насли нав дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ замина гузошт.
Имрӯз вазифаи омӯзгор танҳо омӯзонидани фан нест. Омӯзгор бояд ба хонанда фаҳмонад, ки сулҳу субот ва ваҳдат чӣ арзиш доранд, чаро бояд онҳоро ҳифз кард ва барои пойдории онҳо саҳм гузошт. Насле, ки таърихи сулҳи тоҷиконро медонад, ҳаргиз роҳ намедиҳад, ки ихтилоф, ифротгароӣ ё бегонапарастӣ ҷомеаро заиф гардонад.
Дар муассисаҳои таълимии кишвар мунтазам чорабиниҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо, озмунҳо ва дарсҳои тарбиявӣ бахшида ба Ваҳдати миллӣ баргузор мегарданд. Ҳадафи ҳамаи ин тадбирҳо дар хонандагон ташаккул додани эҳсоси ифтихор аз давлату миллат ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Таърих борҳо исбот кардааст, ки давлатҳоро на сарватҳои табиӣ, балки ваҳдат, дониш ва фарҳанги мардум устувор нигоҳ медоранд. Миллате, ки соҳиби маорифи пешрафта ва ҷомеаи муттаҳид аст, метавонад ҳама гуна мушкилотро паси сар намояд.
Имрӯз мо, омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеа вазифадорем, ки дастоварди бузурги миллат - Ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо ҳифз намоем. Мо бояд ба фарзандонамон омӯзонем, ки сулҳу ваҳдат мероси омода нест, балки арзишест, ки ҳар рӯз бо меҳнат, дониш, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми ҳамдигар ҳифз карда мешавад.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи халқамон назар афканем, аз сабақҳои таърих хулоса барорем ва барои таҳкими сулҳу субот ва пешрафти Ватани азизамон- Тоҷикистон боз ҳам бештар талош намоем. Зеро Ваҳдати миллӣ танҳо рӯйдоди таърихӣ нест. Ваҳдати миллӣ роҳи зиндагии мост. Он кафили рушди давлат, пешрафти маориф, шукуфоии ҷомеа ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад.
Ҷамшед МАҶИДЗОДА,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи
Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе