15.08.2025

Тибқи фармоиши дахлдори вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикстон ҷиҳати омӯзиш ва баррасии вазъи иҷрои Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025 гурӯҳи кории Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафарбар гардиданд.
Дар доираи сафари корӣ бо директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилояти Хатлон ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид, ки дар он ҳисоботи директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Кӯшониён ва шаҳрҳои Бохтару Норак вобаста ба Барнома ва фаъолияти марказҳо шунида шуда, масъалаҳои норӯшан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар навбати худ муовини якуми директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо – Ғафуриён Нурулло доир ба камбудиҳо дар самти амалигардонии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, дар сатҳи баланд баргузор намудани Ҳафтаи “Бозёфт”, бештар намудани корҳои методӣ, сатҳи касбияти омӯзгорон таъкид намуда, зикр карданд, ки барои таъмини ягонагӣ ва танзими фаъолият аз ҷониби Марказ Дафтари қайди машғулиятҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимии иловагӣ дастраси марказҳо карда шуда, баҳри дар сатҳи зарурӣ гузаронидани соли нави хониш дастурҳои зарурӣ доданд.
Бояд қайд кард, ки марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳот вилояти Хатлон мустақилияти молиявӣ дошта, дар маҷмуъ бо ҷудо гардидани 307,5 воҳиди корӣ, мавҷудияти 41 кабинет ва 43 синфхонаи таълимӣ фаъолият доранд. Ба марказҳои вилоят дар маҷмуъ 14168 нафар таълимгирандагон ҷалб гардида, ба озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ омода карда мешаванд.
Дар ин баробар, аз 26 марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоят 10 адад марказ дорои бинои алоҳида буда, бо шароити мусоиди таълимӣ таъмин мебошанд.
Иштироки хонандагони вилоят дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қаноатбахш арзёбӣ гардида бошад ҳам, то ҳанӯз қарорҳои далхдор вобаста ба ҳавасмандсозии омӯзгорон ва ғолибони озмуну олимпиадаҳо қабул нагардидааст, ки барои иҷрои бандҳои дахлдори Барнома монеа эҷод мекунанд.
Дар ин замина, ба масъулин супориш дода шуд, то баҳри бартарафсозии мушкилиҳои мавҷуда чораҳои фаврӣ андешида, маълумоти муфассал ироа намоянд.