16.08.2025

16 августи соли 2025 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ машварати августии кормандони соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид.
Дар кори машварат вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, муовини якуми раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон Нураҳмад, роҳбарони сохторҳои марбута ва омӯзгорону корманди соҳаи маориф иштирок намуданд.
Машварат имсол ба таҳлилу баррасии натиҷаҳои яксолаи соҳаи маориф, рушди инфрасохтори таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва омодагӣ ба соли нави таҳсил бахшида шуд. Вазири маориф ва илм фаъолияти соҳаи маорифи ВМКБ-ро таҳлил намуда, қайд кард, ки соҳаи маориф дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳаҳои калидӣ маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳу дастгирии пайвастаи давлат ба омӯзгорону хонандагон заминаи устувори рушди маорифро фароҳам овардааст.
Дар машварат таъкид гардид, ки давоми чор соли охир маоши омӯзгорони вилоят пай дар пай 20 то 30 фоизӣ афзуда, инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ куллан тағйир ёфтааст. Ҳамзамон, барои дастгирии омӯзгорони ҷавон ба 10 нафар хонаи истиқоматӣ дода шуд ва барои 100 омӯзгори ҷавон қитъаҳои замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ пешбинӣ гардид.
Ба шарофати сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ, давоми соли ҷорӣ 26 бинои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои зиёда аз 1700 кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сохтмони беш аз 25 муассисаи нав дар соли оянда дар назар аст.
Вазири маориф ва илм, ҳамзамон, ба камбудиҳои соҳа ишора намуда, зарурати баланд бардоштани сифати таълим, иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ ва дастгирии омӯзгорони ҷавонро таъкид кард. Муовини якуми раиси ВМКБ низ ба зарурати ҳамкории зичи мақомоти маҳаллӣ бо сохторҳои маориф, дастгирии омӯзгорон ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ишора намуд.
Яке аз масъалаҳои марказӣ омодагиҳо ба соли нави таҳсили 2025-2026 ва ҷашни пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар ин замина, таъкид гардид, ки муассисаҳои таълимӣ бояд бо китобҳои дарсӣ, таҷҳизоти зарурӣ ва шароити хуби таълим таъмин бошанд.
Дар маҷмуъ, дар машварати августии вилоят дастовардҳои соҳа натиҷагирӣ ва вазифаҳои навбатӣ барои соли таҳсили оянда муайян карда шуданд.
Таъкид гардид, ки бо такя ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ва талошҳои пайвастаи омӯзгорон, соҳаи маорифи ВМКБ метавонад дар солҳои наздик ба дастовардҳои боз ҳам назаррас ноил гардад.
Дар охир як зумра омӯзгорони фаъол бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ шуданд.
Машварати августии кормандони соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо барномаи рангини консертӣ иборат аз шеъру сурудҳои ватандӯстона ба анҷом расид.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон