16.08.2025

 img

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санҷиши сатҳи омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба соли нави таҳсил намояндагони Вазорати маориф ва илм ба ноҳияи Кӯшониён сафари корӣ анҷом доданд.

 

Дар ҷараёни боздид, масъулон аз корҳои ободонӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, синфхонаҳо, китобхонаҳо ва утоқҳои фаннӣ шинос шуданд. Таъкид гардид, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Ҳукумати кишвар ва бо ҷалби мақомоти маҳаллӣ, як қатор муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Кӯшониён синфхонаҳои иловагӣ ва иншооти ёрирасон бино шуда истодааст.

 

Ҳамзамон, бо назардошти аҳаммияти баланд доштани риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ ва муҳайё намудани муҳити солим барои хонандагон, ба роҳбарияти муассисаҳо дастур дода шуд, ки то оғози соли хониш корҳои ободонӣ ва тозагиву созандагиро пурра ба анҷом расонанд.

 

Намояндагони Вазорати маориф ва илм инчунин бо раванди таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ, воситаҳои аёнӣ ва дигар лавозимоти зарурии таълимӣ шинос шуда, барои бартарафсозии мушкилот ва беҳтар намудани шароити таҳсил ба масъулон тавсияҳои мушаххас доданд.

 

Гуфта шуд, ки роҳандозии корҳои созандагию ободонӣ дар муассисаҳои таълимӣ на танҳо барои омодагӣ ба соли нави таҳсил, балки барои фароҳам овардани шароити беҳтари таълим ва тарбия барои хонандагони ноҳия мусоидат хоҳад кард.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ img
  • ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ img
  • ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БАРГУЗОР ГАРДИД 16 августи соли 2025 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ машварати августии кормандони соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид.   Дар кори машварат вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, муовини якуми раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон Нураҳмад, роҳбарони сохторҳои марбута ва омӯзгорону корманди соҳаи маориф иштирок намуданд.   Машварат имсол ба таҳлилу баррасии натиҷаҳои яксолаи соҳаи маориф, рушди инфрасохтори таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва омодагӣ ба соли нави таҳсил бахшида шуд. Вазири маориф ва илм фаъолияти соҳаи маорифи ВМКБ-ро таҳлил намуда, қайд кард, ки соҳаи маориф дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳаҳои калидӣ маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳу дастгирии пайвастаи давлат ба омӯзгорону хонандагон заминаи устувори рушди маорифро фароҳам овардааст.   Дар машварат таъкид гардид, ки давоми чор соли охир маоши омӯзгорони вилоят пай дар пай 20 то 30 фоизӣ афзуда, инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ куллан тағйир ёфтааст. Ҳамзамон, барои дастгирии омӯзгорони ҷавон ба 10 нафар хонаи истиқоматӣ дода шуд ва барои 100 омӯзгори ҷавон қитъаҳои замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ пешбинӣ гардид.   Ба шарофати сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ, давоми соли ҷорӣ 26 бинои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои зиёда аз 1700 кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сохтмони беш аз 25 муассисаи нав дар соли оянда дар назар аст.   Вазири маориф ва илм, ҳамзамон, ба камбудиҳои соҳа ишора намуда, зарурати баланд бардоштани сифати таълим, иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ ва дастгирии омӯзгорони ҷавонро таъкид кард. Муовини якуми раиси ВМКБ низ ба зарурати ҳамкории зичи мақомоти маҳаллӣ бо сохторҳои маориф, дастгирии омӯзгорон ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ишора намуд.   Яке аз масъалаҳои марказӣ омодагиҳо ба соли нави таҳсили 2025-2026 ва ҷашни пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар ин замина, таъкид гардид, ки муассисаҳои таълимӣ бояд бо китобҳои дарсӣ, таҷҳизоти зарурӣ ва шароити хуби таълим таъмин бошанд.   Дар маҷмуъ, дар машварати августии вилоят дастовардҳои соҳа натиҷагирӣ ва вазифаҳои навбатӣ барои соли таҳсили оянда муайян карда шуданд.   Таъкид гардид, ки бо такя ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ва талошҳои пайвастаи омӯзгорон, соҳаи маорифи ВМКБ метавонад дар солҳои наздик ба дастовардҳои боз ҳам назаррас ноил гардад.   Дар охир як зумра омӯзгорони фаъол бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ шуданд.   Машварати августии кормандони соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо барномаи рангини консертӣ иборат аз шеъру сурудҳои ватандӯстона ба анҷом расид.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    49

    16.08.2025
  •  img
    ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ ДИДАН НАМУД 16 августи соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим аз ҷараёни баргузории даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидан намуд.   Зимни боздид вазири маориф ва илм иброз дошт, ки ин озмун на танҳо майдони рақобати солиму созанда, балки мактаби бузурги маърифат, худшиносӣ ва тарбияи зеҳнӣ барои ҳар як иштирокчӣ мебошад. Ҳадафи асосии баргузории озмун ташаккули ҷаҳонбинии маънавӣ ва завқи китобхонӣ миёни ҷавонон аст.   Вазири маориф ва илм ҳамчунин бо доварон ва иштирокчиёни озмун мулоқот намуда, аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи маориф ва дастгирии пайвастаи ҷавонон ёдовар шуд. Вазир сатҳи баланди омодагӣ ва иштироки фаъолонаро дар озмун мусбат арзёбӣ намуда, зарурати шаффофият, адолат ва бетарафиро дар баҳогузории иштирокчиён таъкид кард.   Хотиррасон месозем, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 роҳандозӣ гардида, имрӯз ба як маъракаи муҳимми фарҳангиву маърифатӣ табдил ёфтааст. Ин озмун тӯли солҳои баргузорӣ дар боло бурдани завқи китобхонӣ, таҳкими худогоҳию худшиносии миллӣ ва рушду камоли маънавии ҷомеа саҳми назаррас гузоштааст.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    47

    16.08.2025
  •  img
    РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО ДАР ХАТЛОН: БАРРАСИИ ВАЗЪИ ИҶРОИ БАРНОМА ВА ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗҲОИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО Тибқи фармоиши дахлдори вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикстон ҷиҳати омӯзиш ва баррасии вазъи иҷрои Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025 гурӯҳи кории Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафарбар гардиданд.   Дар доираи сафари корӣ бо директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилояти Хатлон ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид, ки дар он ҳисоботи директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Кӯшониён ва шаҳрҳои Бохтару Норак вобаста ба Барнома ва фаъолияти марказҳо шунида шуда, масъалаҳои норӯшан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Дар навбати худ муовини якуми директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо – Ғафуриён Нурулло доир ба камбудиҳо дар самти амалигардонии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, дар сатҳи баланд баргузор намудани Ҳафтаи “Бозёфт”, бештар намудани корҳои методӣ, сатҳи касбияти омӯзгорон таъкид намуда, зикр карданд, ки барои таъмини ягонагӣ ва танзими фаъолият аз ҷониби Марказ Дафтари қайди машғулиятҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимии иловагӣ дастраси марказҳо карда шуда, баҳри дар сатҳи зарурӣ гузаронидани соли нави хониш дастурҳои зарурӣ доданд.   Бояд қайд кард, ки марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳот вилояти Хатлон мустақилияти молиявӣ дошта, дар маҷмуъ бо ҷудо гардидани 307,5 воҳиди корӣ, мавҷудияти 41 кабинет ва 43 синфхонаи таълимӣ фаъолият доранд. Ба марказҳои вилоят дар маҷмуъ 14168 нафар таълимгирандагон ҷалб гардида, ба озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ омода карда мешаванд.   Дар ин баробар, аз 26 марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоят 10 адад марказ дорои бинои алоҳида буда, бо шароити мусоиди таълимӣ таъмин мебошанд.   Иштироки хонандагони вилоят дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қаноатбахш арзёбӣ гардида бошад ҳам, то ҳанӯз қарорҳои далхдор вобаста ба ҳавасмандсозии омӯзгорон ва ғолибони озмуну олимпиадаҳо қабул нагардидааст, ки барои иҷрои бандҳои дахлдори Барнома монеа эҷод мекунанд.   Дар ин замина, ба масъулин супориш дода шуд, то баҳри бартарафсозии мушкилиҳои мавҷуда чораҳои фаврӣ андешида, маълумоти муфассал ироа намоянд.

    37

    15.08.2025