20.01.2025

 img

Омӯзгорӣ ҳунари волост, ҳунари наҷибу эҳтиромбахш. Омӯзгор будан маънои танҳо соҳиби таҳсилоти омӯзгорӣ буданро надорад. Ин бештар аз як касб аст – ин эътиқоди ботинӣ ва ҳисси масъулияти бузургест, ки инсонро ба тарбия ва роҳнамоии дигарон водор мекунад. Омӯзгори ҳақиқӣ бояд тавонад дар қатрае баҳрро бубинад, дар як қитъа ҷаҳонеро тасаввур кунад, дар як мисрае достонеро эҳсос намояд ва дар як ниҳолак рӯъёҳои дарахти пурсамаре бинад.

 

Омӯзгор шамъдори базми ақлҳост. Барои он ки оламеро равшан кунад, як умр месӯзаду месозад, Аз сӯхтанҳояш ҷаҳон мунаввару аз сохтанҳояш олам гулбасар аст.. Ӯ ободгари қалбҳо, машъалафрӯзи роҳи маърифату бунёдгари фардост. Чун Хизр умри ҷовидона дорад. Дарозтарин умр умри ӯст. Шогирдонаш давоми умри ӯянд.

 

Ӯ роҳбару роҳнамост, ҳидоятгари роҳи рости инсонҳост. Имрӯз масъулияти беш аз пеш дорад. Ояндаи ин миллату ин Ватан бо дасти ӯ, бо ақлу фитрати ӯ бунёд мешавад. омӯзгорро як андеша бояд ба сар бошад, андешаи фардои Ватан! Ӯ ҳар субҳ бо дили саршор мешитобад сӯйи мактаб. Ӯро он ҷо дилҳои поку беғаш ва чашмони пурумеду ҷӯёи меҳр интизоранд

 

Омӯзгор бояд рисолати хешро бидонад. Шахсиятеро тарбия намояд, ки бунёдкору созанда бошад. Омӯзгор бояд ҳар як қадамашро бо фикру дарки масъулияти бузурге, ки бар дӯш дорад, гузорад. Ӯ на танҳо таълим медиҳад, балки шахсият месозад, орзуву ҳадафҳо мебахшад, ва муҳимтар аз ҳама – одамиятро дар қалбҳо реша мегузорад. Омӯзгор будан маънои зиндагӣ кардан бо орзуҳои худи шогирдонро низ дорад, чун ҳар як комёбии онҳо комёбии ӯст.

 

Омӯзгор барои ҷомеа мисли сутунест, ки таҳкурсии онро устувор медорад. Аз ин рӯ, ӯ бояд шахсиятеро тарбия кунад, ки созанда бошад, на харобкунанда; равшанфикр бошад, на бефикру бепарво; ва муҳандиси зиндагии худ бошад, на мусофири нохудогоҳи он.

 

Омӯзгор бояд донандаи қалби инсон бошад. Ӯ бояд бидонад, ки ҳар як кӯдак олами хосест, ки калиди онро бо меҳру таваҷҷӯҳ кушодан лозим аст. Бо меҳрубонӣ дар қалбҳо роҳ ёфтан, бо сухани дуруст дар мағзҳо маърифат коштан – ин ҳунари волои омӯзгорист.

 

Омӯзгор ба мисли дарахтест, ки аз сояаш дигарон манфиат мебаранд, аз мевааш лаззат мебаранд ва аз вуҷудаш баҳра мебардоранд. Вале барои ба дарахти пурсамар табдил ёфтан, ӯ бояд доимо рушд кунад, аз илм сер нашуда, дар ҷустуҷӯи дониши нав бошад. Омӯзгор ҳамеша дар омӯзиш аст, зеро танҳо он касе, ки худаш меомӯзад, метавонад ба дигарон омӯзонад.

 

Ҳар як шогирд ниҳолест, ки омӯзгор онро бо меҳру дониш парвариш медиҳад. Шогирде, ки муҳандиси муваффақ, табиби шифобахш ё шоири илҳомбахш мешавад, дар асл мероси омӯзгорест, ки ба ӯ нури маърифат бахшидааст.

 

Омӯзгор бояд ормони бузург дошта бошад – сохтани ҷомеае, ки дар он маърифат, ахлоқ ва инсонпарварӣ авлавият дошта бошанд. Ҳар як лаҳзаи дарс на танҳо таълим аст, балки як порае аз зиндагист, ки барои оянда таҳкурсӣ мегузорад.

 

Омӯзгор набзи ҷомеа аст. Рушди ҳар миллат ва пешрафти ҳар тамаддун аз талошу меҳнати омӯзгор сарчашма мегирад. Омӯзгор чун наҷотбахши ҷомеа бо дилгармӣ ва масъулият ҳар субҳ ба мактаб мешитобад, то шогирдонашро ба роҳи равшану дурахшони зиндагӣ раҳнамоӣ кунад. Ӯ бояд доимо ба хотир дошта бошад, ки меҳнаташ заминаи бунёди фардои равшан аст ва шогирдонаш, ки имрӯз зери раҳнамоии ӯ ҳастанд, ояндаи равшани Ватанро таъмин хоҳанд кард.

 

Бигзор дари ҳар як омӯзгор ба рӯйи нури шодиву баракат кушода бошад! Ҳар каломе, ки аз забони ӯ берун меояд, сабабгори шукуфтани ақлу қалбҳо гардад. Таманно дорем, ки заҳматҳои омӯзгорон ҳамеша бо қадрдонӣ ҷавоб ёбад ва шогирдони бунёдкору фарзонаи онҳо номи нек ва равшании ин Ватан бошанд.

 

Бигзор ҳар рӯзи омӯзгор бо меҳру муҳаббати шогирдон сар оғоз ёбад ва бо эҳсоси қаноатмандӣ аз корҳои анҷомдодааш ба поён расад. Ҳар шогирде, ки бо кӯшишҳои ӯ рушд мекунад, чун ситорае ба зиндагии омӯзгор нури илҳом бахшад. Дар ин роҳи пуршараф, ки танҳо ба фидокорӣ ва меҳрубонӣ асос ёфтааст, омӯзгорон доимо қадамҳои устувор гузоранд ва бигзор ҳар лаҳзаи ҳаёти онҳо пур аз эҳтиром, муҳаббат, саодат ва баракати ҳамешагӣ бошад.

 

Шавкат КАРИМЗОДА ,

директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ

  • РИСОЛАТИ ОМӮЗГОРӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ҶАРАЁНИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДИДАН НАМУД 15 августи соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим аз ҷараёни баргузории даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар вилояти Хатлон боздид ба амал овард. Ҳангоми сафар ба вилояти Хатлон, вазирро сардори Раёсати маорифи вилоят ва дигар масъулони соҳа ҳамроҳӣ намуданд.   Ёдовар мешавем, ки даври вилоятии озмун аз 11 августи соли равон дар Донишгоҳи давлатии Данғара оғоз гардида, довталабон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ҳамаи номинатсияҳо бо санҷиши худ дар азхудкунии осори классикӣ ва муосир, шеърхонӣ, наср ва дигар самтҳо донишу маҳорати худро месанҷанд.   Зимни боздид вазири маориф ва илм иброз дошт, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” на танҳо майдони рақобати солим, балки мактаби бузурги маърифат ва фарҳанг аст. Мо бояд саъй кунем, ки ҳар як иштирокчӣ аз ин имконият на танҳо барои ғолибият, балки барои ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии худ истифода барад.   Вазири маориф ва илм, дар мулоқот бо довталабон ва волидон, аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф ва дастгирии насли ҷавон ёдовар шуда, сатҳи баланди омодагӣ ва иштироки фаъолонаро дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мусбат арзёбӣ намуд ва таъкид кард, ки танҳо беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ меёбанд.   Зимни боздид ҳамзамон, зарурати таъмини шаффофият, бетарафӣ ва адолат дар раванди баҳогузории довталабон махсус зикр шуд.   Хотиррасон мекунем, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, давоми ҳафт сол боз ба боло бурдани завқи китобхонӣ, таҳкими худогоҳию худшиносӣ ва рушди маънавиёти хурду бузурги кишвар мусоидат менамояд.

    87

    15.08.2025
  •  img
    Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Марям дар шаҳри Душанбе 15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Лермонтови ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Марямро мавриди истифода қарор доданд.   Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва тадбирҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сохта шудааст. Сохтмони муассиса моҳи феврали 2023 оғоз гардида, дар муҳлати 16 моҳ ҷавобгӯ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ  аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Исломҷон Муродов бунёд гардидааст.   Дар вақти сохтмон зиёда аз 150 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд.   Муассисаи тозабунёд аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 200 кӯдак пешбинӣ ва дар он барои инкишофи зеҳни кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуб фароҳам оварда шудааст.   Ҳамаи ҳуҷраҳои таълимии боғча бо лавозими зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ  ва ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона таъмин буда,  омӯзиш дар он бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.   Дар кӯдакистони нав 30 кас аз парастору дигар мутахассисони варзидаи соҳа бо кор таъмин шудаанд.   Дар саҳни ҳавлии боғча 6 айвонча, нуқтаҳои бозии кӯдакон, ҳайкалчаҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ, фаввораҳои зебову назаррабо ва дигар воситаҳои дилхушӣ сохта шудааст, ки ба муҳити ин мавзеъ зебоии дигар мебахшад. Ҳудуди муассиса ҳамчунин бо гулу дарахтони ороишӣ сабзкорӣ шудааст.   Тибқи лоиҳа, дар ин муассиса барои 10 гурӯҳ ҳуҷраҳои хоб, мусиқӣ, рақс, рассомӣ, ҳамчунин ҳаммом, толори варзишӣ ва майдончаи бозӣ сохта шуда, дар арафаи таҷлил аз 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамчун туҳфаи арзанда ба кӯдакони хуштолеи замони соҳибистиқлолӣ мавриди истифода қарор гирифт.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда ба сифати корҳо баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии наврасон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад.   Таъкид гардид, ки вусъати чунин иқдомҳои ватандӯстона метавонад дар самти иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар хусуси фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ нақш гузорад.   Ифтитоҳи кӯдакистони замонавиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзишманд номида, ба соҳибкори ҳимматбаланд барои ин иқдоми наку арзи сипос карданд. Аз мураббиён даъват намуданд, ки бо истифода аз шароити мусоид кӯдаконро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо дар оянда барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманди худро гузоранд.

    73

    15.08.2025
  •  img
    Ифтитоҳи марҳилаи дуюми муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон» дар шаҳри Душанбе 15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе марҳилаи дуюми муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон»-ро ифтитоҳ намуданд.   Зимни шиносоӣ бо шароити муассиса ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот барои ба таҳсил фаро гирифтани 820 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, дар он 54 омӯзгори соҳибтахассус бо кор таъмин шудаанд.   Бинои таълимӣ дорои 38 синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои корӣ, толори фарҳанг бо 500 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона, толору майдончаи варзишӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон буда, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ сохта шудааст. Кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ ва дигар шароити мусоиди таълимӣ ба ташаккули дониши муҳассилин мусоидат менамояд.   Барои фароҳам овардани шароити муосир, синфхонаҳо бо компютерҳои навтарин ва таҷҳизоти интерактивӣ таъмин гардидаанд. Ҳамзамон, системаи гармидиҳӣ, равшанидиҳии каммасраф ва дастрасӣ ба шабакаи интернети босуръат шароити мувофиқро барои омӯзиш фароҳам меоранд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба дуруст ба роҳ мондани сифати таълиму тарбия таъкид намуданд, ки маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат аст ва сармоягузорӣ ба он - сармоягузорӣ ба ояндаи кишвар мебошад.   Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки раванди таълим дар муассиса пурра бо забони англисӣ ҷараён мегирад ва он бо системаи “стим эдюкейшн” (Steam education), ки яке аз пурнуфузтарин низоми омӯзиш дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба шумор меравад, роҳандозӣ гардидааст.   Ҳамчунин ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳо, ба муассиса омӯзгорони ҷавону ботаҷриба аз дохил ва хориҷи кишвар ҷалб гардидаанд.   Ифтитоҳи ин муассиса як қадами устувор дар роҳи татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2040 мебошад ва ба тақвияти неруи зеҳнии насли наврас, боло бурдани сатҳи саводнокӣ ва тавсеаи имкониятҳои таълимӣ мусоидат хоҳад кард.   Дар муассиса, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зист ва таълим, ҳамзамон хобгоҳ барои 280 нафар омода шудааст.   Бо дарназардошти  талаботи рӯзафзуни ҷомеа ба таълимоти босифат, дар ояндаи наздик нақша гирифта шудааст, ки имконияти қабул то 1500 хонанда расонида шавад.   Сарвари давлат ифтитоҳи чунин муассисаи замонавиро намунаи возеҳи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маориф арзёбӣ намуда, ба соҳибкори ватандӯсту баландҳиммат Наврӯз Юнусов барои ин иқдоми наҷиб изҳори ташаккур намуданд ва ба омӯзгорон барои тарбияи насли соҳибмаърифат ва доною тавоно дастуру тавсияҳо доданд.

    73

    15.08.2025