15.08.2025

 img

15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Лермонтови ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Марямро мавриди истифода қарор доданд.

 

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва тадбирҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сохта шудааст. Сохтмони муассиса моҳи феврали 2023 оғоз гардида, дар муҳлати 16 моҳ ҷавобгӯ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ  аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Исломҷон Муродов бунёд гардидааст.

 

Дар вақти сохтмон зиёда аз 150 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд.

 

Муассисаи тозабунёд аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 200 кӯдак пешбинӣ ва дар он барои инкишофи зеҳни кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

 

Ҳамаи ҳуҷраҳои таълимии боғча бо лавозими зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ  ва ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона таъмин буда,  омӯзиш дар он бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

 

Дар кӯдакистони нав 30 кас аз парастору дигар мутахассисони варзидаи соҳа бо кор таъмин шудаанд.

 

Дар саҳни ҳавлии боғча 6 айвонча, нуқтаҳои бозии кӯдакон, ҳайкалчаҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ, фаввораҳои зебову назаррабо ва дигар воситаҳои дилхушӣ сохта шудааст, ки ба муҳити ин мавзеъ зебоии дигар мебахшад. Ҳудуди муассиса ҳамчунин бо гулу дарахтони ороишӣ сабзкорӣ шудааст.

 

Тибқи лоиҳа, дар ин муассиса барои 10 гурӯҳ ҳуҷраҳои хоб, мусиқӣ, рақс, рассомӣ, ҳамчунин ҳаммом, толори варзишӣ ва майдончаи бозӣ сохта шуда, дар арафаи таҷлил аз 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамчун туҳфаи арзанда ба кӯдакони хуштолеи замони соҳибистиқлолӣ мавриди истифода қарор гирифт.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда ба сифати корҳо баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии наврасон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад.

 

Таъкид гардид, ки вусъати чунин иқдомҳои ватандӯстона метавонад дар самти иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар хусуси фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ нақш гузорад.

 

Ифтитоҳи кӯдакистони замонавиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзишманд номида, ба соҳибкори ҳимматбаланд барои ин иқдоми наку арзи сипос карданд. Аз мураббиён даъват намуданд, ки бо истифода аз шароити мусоид кӯдаконро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо дар оянда барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманди худро гузоранд.

  • Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Марям дар шаҳри Душанбе img
  • Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Марям дар шаҳри Душанбе img
  • Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Марям дар шаҳри Душанбе img
  • Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Марям дар шаҳри Душанбе img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санҷиши сатҳи омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба соли нави таҳсил намояндагони Вазорати маориф ва илм ба ноҳияи Кӯшониён сафари корӣ анҷом доданд.   Дар ҷараёни боздид, масъулон аз корҳои ободонӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, синфхонаҳо, китобхонаҳо ва утоқҳои фаннӣ шинос шуданд. Таъкид гардид, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Ҳукумати кишвар ва бо ҷалби мақомоти маҳаллӣ, як қатор муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Кӯшониён синфхонаҳои иловагӣ ва иншооти ёрирасон бино шуда истодааст.   Ҳамзамон, бо назардошти аҳаммияти баланд доштани риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ ва муҳайё намудани муҳити солим барои хонандагон, ба роҳбарияти муассисаҳо дастур дода шуд, ки то оғози соли хониш корҳои ободонӣ ва тозагиву созандагиро пурра ба анҷом расонанд.   Намояндагони Вазорати маориф ва илм инчунин бо раванди таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ, воситаҳои аёнӣ ва дигар лавозимоти зарурии таълимӣ шинос шуда, барои бартарафсозии мушкилот ва беҳтар намудани шароити таҳсил ба масъулон тавсияҳои мушаххас доданд.   Гуфта шуд, ки роҳандозии корҳои созандагию ободонӣ дар муассисаҳои таълимӣ на танҳо барои омодагӣ ба соли нави таҳсил, балки барои фароҳам овардани шароити беҳтари таълим ва тарбия барои хонандагони ноҳия мусоидат хоҳад кард.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    14

    16.08.2025
  •  img
    ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ ДИДАН НАМУД 16 августи соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим аз ҷараёни баргузории даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидан намуд.   Зимни боздид вазири маориф ва илм иброз дошт, ки ин озмун на танҳо майдони рақобати солиму созанда, балки мактаби бузурги маърифат, худшиносӣ ва тарбияи зеҳнӣ барои ҳар як иштирокчӣ мебошад. Ҳадафи асосии баргузории озмун ташаккули ҷаҳонбинии маънавӣ ва завқи китобхонӣ миёни ҷавонон аст.   Вазири маориф ва илм ҳамчунин бо доварон ва иштирокчиёни озмун мулоқот намуда, аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи маориф ва дастгирии пайвастаи ҷавонон ёдовар шуд. Вазир сатҳи баланди омодагӣ ва иштироки фаъолонаро дар озмун мусбат арзёбӣ намуда, зарурати шаффофият, адолат ва бетарафиро дар баҳогузории иштирокчиён таъкид кард.   Хотиррасон месозем, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 роҳандозӣ гардида, имрӯз ба як маъракаи муҳимми фарҳангиву маърифатӣ табдил ёфтааст. Ин озмун тӯли солҳои баргузорӣ дар боло бурдани завқи китобхонӣ, таҳкими худогоҳию худшиносии миллӣ ва рушду камоли маънавии ҷомеа саҳми назаррас гузоштааст.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    44

    16.08.2025
  •  img
    МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БАРГУЗОР ГАРДИД 16 августи соли 2025 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ машварати августии кормандони соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид.   Дар кори машварат вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, муовини якуми раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон Нураҳмад, роҳбарони сохторҳои марбута ва омӯзгорону корманди соҳаи маориф иштирок намуданд.   Машварат имсол ба таҳлилу баррасии натиҷаҳои яксолаи соҳаи маориф, рушди инфрасохтори таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва омодагӣ ба соли нави таҳсил бахшида шуд. Вазири маориф ва илм фаъолияти соҳаи маорифи ВМКБ-ро таҳлил намуда, қайд кард, ки соҳаи маориф дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳаҳои калидӣ маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳу дастгирии пайвастаи давлат ба омӯзгорону хонандагон заминаи устувори рушди маорифро фароҳам овардааст.   Дар машварат таъкид гардид, ки давоми чор соли охир маоши омӯзгорони вилоят пай дар пай 20 то 30 фоизӣ афзуда, инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ куллан тағйир ёфтааст. Ҳамзамон, барои дастгирии омӯзгорони ҷавон ба 10 нафар хонаи истиқоматӣ дода шуд ва барои 100 омӯзгори ҷавон қитъаҳои замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ пешбинӣ гардид.   Ба шарофати сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ, давоми соли ҷорӣ 26 бинои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои зиёда аз 1700 кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сохтмони беш аз 25 муассисаи нав дар соли оянда дар назар аст.   Вазири маориф ва илм, ҳамзамон, ба камбудиҳои соҳа ишора намуда, зарурати баланд бардоштани сифати таълим, иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ ва дастгирии омӯзгорони ҷавонро таъкид кард. Муовини якуми раиси ВМКБ низ ба зарурати ҳамкории зичи мақомоти маҳаллӣ бо сохторҳои маориф, дастгирии омӯзгорон ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ишора намуд.   Яке аз масъалаҳои марказӣ омодагиҳо ба соли нави таҳсили 2025-2026 ва ҷашни пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар ин замина, таъкид гардид, ки муассисаҳои таълимӣ бояд бо китобҳои дарсӣ, таҷҳизоти зарурӣ ва шароити хуби таълим таъмин бошанд.   Дар маҷмуъ, дар машварати августии вилоят дастовардҳои соҳа натиҷагирӣ ва вазифаҳои навбатӣ барои соли таҳсили оянда муайян карда шуданд.   Таъкид гардид, ки бо такя ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ва талошҳои пайвастаи омӯзгорон, соҳаи маорифи ВМКБ метавонад дар солҳои наздик ба дастовардҳои боз ҳам назаррас ноил гардад.   Дар охир як зумра омӯзгорони фаъол бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ шуданд.   Машварати августии кормандони соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо барномаи рангини консертӣ иборат аз шеъру сурудҳои ватандӯстона ба анҷом расид.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    42

    16.08.2025