15.08.2025

 img

15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе марҳилаи дуюми муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон»-ро ифтитоҳ намуданд.

 

Зимни шиносоӣ бо шароити муассиса ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот барои ба таҳсил фаро гирифтани 820 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, дар он 54 омӯзгори соҳибтахассус бо кор таъмин шудаанд.

 

Бинои таълимӣ дорои 38 синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои корӣ, толори фарҳанг бо 500 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона, толору майдончаи варзишӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон буда, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ сохта шудааст. Кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ ва дигар шароити мусоиди таълимӣ ба ташаккули дониши муҳассилин мусоидат менамояд.

 

Барои фароҳам овардани шароити муосир, синфхонаҳо бо компютерҳои навтарин ва таҷҳизоти интерактивӣ таъмин гардидаанд. Ҳамзамон, системаи гармидиҳӣ, равшанидиҳии каммасраф ва дастрасӣ ба шабакаи интернети босуръат шароити мувофиқро барои омӯзиш фароҳам меоранд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба дуруст ба роҳ мондани сифати таълиму тарбия таъкид намуданд, ки маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат аст ва сармоягузорӣ ба он - сармоягузорӣ ба ояндаи кишвар мебошад.

 

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки раванди таълим дар муассиса пурра бо забони англисӣ ҷараён мегирад ва он бо системаи “стим эдюкейшн” (Steam education), ки яке аз пурнуфузтарин низоми омӯзиш дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба шумор меравад, роҳандозӣ гардидааст.

 

Ҳамчунин ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳо, ба муассиса омӯзгорони ҷавону ботаҷриба аз дохил ва хориҷи кишвар ҷалб гардидаанд.

 

Ифтитоҳи ин муассиса як қадами устувор дар роҳи татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2040 мебошад ва ба тақвияти неруи зеҳнии насли наврас, боло бурдани сатҳи саводнокӣ ва тавсеаи имкониятҳои таълимӣ мусоидат хоҳад кард.

 

Дар муассиса, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зист ва таълим, ҳамзамон хобгоҳ барои 280 нафар омода шудааст.

 

Бо дарназардошти  талаботи рӯзафзуни ҷомеа ба таълимоти босифат, дар ояндаи наздик нақша гирифта шудааст, ки имконияти қабул то 1500 хонанда расонида шавад.

 

Сарвари давлат ифтитоҳи чунин муассисаи замонавиро намунаи возеҳи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маориф арзёбӣ намуда, ба соҳибкори ватандӯсту баландҳиммат Наврӯз Юнусов барои ин иқдоми наҷиб изҳори ташаккур намуданд ва ба омӯзгорон барои тарбияи насли соҳибмаърифат ва доною тавоно дастуру тавсияҳо доданд.

  • Ифтитоҳи марҳилаи дуюми муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон» дар шаҳри Душанбе img
  • Ифтитоҳи марҳилаи дуюми муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон» дар шаҳри Душанбе img
  • Ифтитоҳи марҳилаи дуюми муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон» дар шаҳри Душанбе img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санҷиши сатҳи омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба соли нави таҳсил намояндагони Вазорати маориф ва илм ба ноҳияи Кӯшониён сафари корӣ анҷом доданд.   Дар ҷараёни боздид, масъулон аз корҳои ободонӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, синфхонаҳо, китобхонаҳо ва утоқҳои фаннӣ шинос шуданд. Таъкид гардид, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Ҳукумати кишвар ва бо ҷалби мақомоти маҳаллӣ, як қатор муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Кӯшониён синфхонаҳои иловагӣ ва иншооти ёрирасон бино шуда истодааст.   Ҳамзамон, бо назардошти аҳаммияти баланд доштани риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ ва муҳайё намудани муҳити солим барои хонандагон, ба роҳбарияти муассисаҳо дастур дода шуд, ки то оғози соли хониш корҳои ободонӣ ва тозагиву созандагиро пурра ба анҷом расонанд.   Намояндагони Вазорати маориф ва илм инчунин бо раванди таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ, воситаҳои аёнӣ ва дигар лавозимоти зарурии таълимӣ шинос шуда, барои бартарафсозии мушкилот ва беҳтар намудани шароити таҳсил ба масъулон тавсияҳои мушаххас доданд.   Гуфта шуд, ки роҳандозии корҳои созандагию ободонӣ дар муассисаҳои таълимӣ на танҳо барои омодагӣ ба соли нави таҳсил, балки барои фароҳам овардани шароити беҳтари таълим ва тарбия барои хонандагони ноҳия мусоидат хоҳад кард.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    14

    16.08.2025
  •  img
    ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ ДИДАН НАМУД 16 августи соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим аз ҷараёни баргузории даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидан намуд.   Зимни боздид вазири маориф ва илм иброз дошт, ки ин озмун на танҳо майдони рақобати солиму созанда, балки мактаби бузурги маърифат, худшиносӣ ва тарбияи зеҳнӣ барои ҳар як иштирокчӣ мебошад. Ҳадафи асосии баргузории озмун ташаккули ҷаҳонбинии маънавӣ ва завқи китобхонӣ миёни ҷавонон аст.   Вазири маориф ва илм ҳамчунин бо доварон ва иштирокчиёни озмун мулоқот намуда, аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи маориф ва дастгирии пайвастаи ҷавонон ёдовар шуд. Вазир сатҳи баланди омодагӣ ва иштироки фаъолонаро дар озмун мусбат арзёбӣ намуда, зарурати шаффофият, адолат ва бетарафиро дар баҳогузории иштирокчиён таъкид кард.   Хотиррасон месозем, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 роҳандозӣ гардида, имрӯз ба як маъракаи муҳимми фарҳангиву маърифатӣ табдил ёфтааст. Ин озмун тӯли солҳои баргузорӣ дар боло бурдани завқи китобхонӣ, таҳкими худогоҳию худшиносии миллӣ ва рушду камоли маънавии ҷомеа саҳми назаррас гузоштааст.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    44

    16.08.2025
  •  img
    МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БАРГУЗОР ГАРДИД 16 августи соли 2025 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ машварати августии кормандони соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид.   Дар кори машварат вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, муовини якуми раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон Нураҳмад, роҳбарони сохторҳои марбута ва омӯзгорону корманди соҳаи маориф иштирок намуданд.   Машварат имсол ба таҳлилу баррасии натиҷаҳои яксолаи соҳаи маориф, рушди инфрасохтори таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва омодагӣ ба соли нави таҳсил бахшида шуд. Вазири маориф ва илм фаъолияти соҳаи маорифи ВМКБ-ро таҳлил намуда, қайд кард, ки соҳаи маориф дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳаҳои калидӣ маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳу дастгирии пайвастаи давлат ба омӯзгорону хонандагон заминаи устувори рушди маорифро фароҳам овардааст.   Дар машварат таъкид гардид, ки давоми чор соли охир маоши омӯзгорони вилоят пай дар пай 20 то 30 фоизӣ афзуда, инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ куллан тағйир ёфтааст. Ҳамзамон, барои дастгирии омӯзгорони ҷавон ба 10 нафар хонаи истиқоматӣ дода шуд ва барои 100 омӯзгори ҷавон қитъаҳои замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ пешбинӣ гардид.   Ба шарофати сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ, давоми соли ҷорӣ 26 бинои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои зиёда аз 1700 кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сохтмони беш аз 25 муассисаи нав дар соли оянда дар назар аст.   Вазири маориф ва илм, ҳамзамон, ба камбудиҳои соҳа ишора намуда, зарурати баланд бардоштани сифати таълим, иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ ва дастгирии омӯзгорони ҷавонро таъкид кард. Муовини якуми раиси ВМКБ низ ба зарурати ҳамкории зичи мақомоти маҳаллӣ бо сохторҳои маориф, дастгирии омӯзгорон ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ишора намуд.   Яке аз масъалаҳои марказӣ омодагиҳо ба соли нави таҳсили 2025-2026 ва ҷашни пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар ин замина, таъкид гардид, ки муассисаҳои таълимӣ бояд бо китобҳои дарсӣ, таҷҳизоти зарурӣ ва шароити хуби таълим таъмин бошанд.   Дар маҷмуъ, дар машварати августии вилоят дастовардҳои соҳа натиҷагирӣ ва вазифаҳои навбатӣ барои соли таҳсили оянда муайян карда шуданд.   Таъкид гардид, ки бо такя ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ва талошҳои пайвастаи омӯзгорон, соҳаи маорифи ВМКБ метавонад дар солҳои наздик ба дастовардҳои боз ҳам назаррас ноил гардад.   Дар охир як зумра омӯзгорони фаъол бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ шуданд.   Машварати августии кормандони соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо барномаи рангини консертӣ иборат аз шеъру сурудҳои ватандӯстона ба анҷом расид.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    42

    16.08.2025