14.05.2026
Имрӯз, 14 майи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти мустақили ғайритиҷоратии «Институти ғизои соҳавӣ» - Ташкилоти заминавии давлатҳои узви ИДМ оид ба масъалаҳои ғизои хонандагон баргузор гардид.
Дар маросими имзои созишнома муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, муовини вазир Бадриддин Музаффарзода, намояндагони вазорат, президенти Ташкилоти мустақили ғайритиҷоратии «Институти ғизои соҳавӣ» Владимир Чернигов ва кормандони ин ниҳод иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ муовини якуми вазири маориф ва илм аз таваҷҷуҳи ҷониби Россия ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳими иҷтимоӣ, ташкили ғизои хонандагон изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки имзои созишномаи ҳамкорӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими шарикӣ, густариши ҳамкориҳои касбӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам ба ҳисоб меравад.
Қайд гардид, ки масъалаи ғизои солим ва мутавозини кӯдакон бевосита ба саломатии насли наврас, самаранокии раванди таълим, рушди зеҳнӣ ва ҷисмонии хонандагон алоқаманд мебошад. Аз ин рӯ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳифзи саломатии кӯдакон, беҳтар намудани шароити таҳсил ва такмили низоми ғизои мактабӣ дар сатҳи давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки ҳамкории муштарак ба такмили низоми ғизои хонандагон, ҷорӣ намудани стандарту технологияҳои муосир, табодули таҷриба ва донишҳои коршиносӣ, такмили ихтисоси мутахассисон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва амалӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба рушди низоми ғизои мактабӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар назорати сифати ғизо, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадамро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд гуфт, ки созишномаи мазкур ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти такмили низоми ғизои мактабӣ, таҳияи ташаббусҳои муштарак, баргузории семинару конфронсҳо, омодасозии мутахассисон ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ равона гардидааст.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти рушди низоми ғизои мактабӣ иброз намуданд.