21.01.2025
Имрӯзҳо масъалаҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ, инноватсия ва иқтисодиёти сабз дар ҷаҳон ва махсусан дар кишварҳои рушдёбанда ба таври васеъ мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Чун иқтисодиёти рақамӣ, инноватсия ва иқтисодиёти сабз ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёт ҷиҳати таъмини рушди самараноки истеҳсолот, кам намудани хароҷот ва фарох намудани бозорҳо, тавлиди технологияҳои нав ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёт, рушди маҳсулоти инноватсионӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист, кам кардани партовҳо, истифодаи манбаъҳои барқароршаванда (обӣ, офтобӣ, бодӣ ва ғ.) ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ нигаронида шудааст.
Мусалам аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ санаи 28-уми декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии кишвар, вобаста ба масъалаҳои рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ, иқтисодиёти сабз ва вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бобати рушди устувори иқтисодӣ ва ба як кишвари аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта табдил додани мамлакат дар рафти Паёми солонаи худ солҳои 2025-2030-ро “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намуда, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дигар вазорату идораҳоро ҷиҳати таҳияи лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030” супориш доданд, ки то охири соли 2025 барномаи зикршударо таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Вобаста ба муҳиммияти самтҳои афзалиятноки рақамикунонӣ, инноватсия, иқтисоди сабз ва рушди минбаъдаи онҳо дар кишвар, зимни ироаи Паёми худ нуктаи дигареро зикр намуда, Пешвои миллат ба сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки “дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули иқтисоди сабз, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ татбирҳои мушшахас андешида шаванд”.
Роҷеъ ба масъалаҳои зикршуда ва аҳамияти рушд бахшидани онҳо дар шароити муосир, мо хостем суханҳои Пешвои миллатро аз Паём ва назарияҳои худро дар шакли мақола дар се самт (иқтисодиёти рақамӣ, инноватсия ва иқтисодиёти сабз) манзур созем:
1. Иқтисодиёти рақамӣ (Digital Economy) – ин модели нави иқтисодӣ буда, бо технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) асос ёфтааст, ки фаъолияти самараноки иқтисодиро бо кам кардани хароҷот ва вақт дар шароити муосир ва дар муҳити рақамӣ пеш бурда, ҷанбаҳои мухталифро (таҳсили фосилавӣ, савдои электронӣ, пардохти электронӣ, хизматрасониҳои тиббии электронӣ ва ғ.) дар бар мегирад.
Пешвои миллат зимни ироаи Паёми хеш қайд намуданд, ки “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст”. Албатта, вобаста ба рушди иқтисодиёти рақамӣ дар кишвар бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2019, №642 “Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки он се марҳилаи амалисозии иқтисодиёти рақамиро то соли 2040 дар бар мегирад:
Марҳилаи якуми Консепсия то соли 2025 муайян гардидааст, ки дар ин давра бояд мутахассисони кордон омода гардида, модели идоракунӣ ва нишондиҳандаҳои калидӣ муайян карда шуда, ҳолати воқеии рушди иқтисодиёти рақамӣ баҳогузорӣ ва сарчашмаҳои маблағгузории он муайян карда шавад;
Дар марҳилаи дуюм, ки солҳои 2026-2030-ро дар бар мегирад, дар назар аст, ки дастрасии фарохмавҷи амнияти иттилоотӣ таъмин гардад, платформаҳои рушди хизматрасонии рақамӣ ва марказҳои пешқадами таҷрибавӣ таъсис ва ташаккул ёбанд ва инчунин, нахустин лоиҳаҳои пилотӣ амалӣ карда шаванд;
Марҳилаи сеюм солҳои 2031-2040-ро фарогир буда, дар ин давра мутобиқи Консепсия бояд дастовардҳои иқтисодиёти рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ҷорӣ карда шаванд.
Имрӯз дар кишвар хотимаи марҳилаи якуми Консепсия амалӣ гардида истода, марҳилаи дуюми амалигардонии он роҳандозӣ мегардад, ки вобаста ба он Пешвои миллат дастуру супоришҳои мушаххаси рушди инфросохторӣ доданд. Аз ҷумла, дар ҷараёни Паём, ҷиҳати дар сатҳи максималӣ рушд додани инфрасохтор ва соҳаи мазкур дар тамоми минтақаҳои кишвар дар панҷ соли минбаъда Президенти мамлакат супориш доданд, ки “заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор, ба шабакаи 5G инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди сармояи инсонӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ, таъмини амнияти киберии махзанҳо ва ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва савдои электронӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад”.
Афзалиятҳои иқтисоди рақамӣ ба он асос меёбанд, ки дар раванди татбиқи пурраи он дар тамоми соҳаҳо: коркарди дилхоҳ маълумот бо суръати баланд, дастрасӣ ба бозори ҷаҳонӣ, коҳишёбии хароҷотҳои иловагӣ, дастрасии фаврӣ ба суратҳисобҳо, коҳишёбии сатҳи фасодкорӣ, курсҳои омӯзишӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, тиҷорати электронӣ тавассути интернет, дилхоҳ пардохтҳо дар кутоҳтарин муҳлат, маркетинги тиҷоратӣ, хариду фурӯши молу маҳсулот, ташкили китобхонаҳои электронӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, дастрасӣ ба фармоиши меҳмонхонаҳо ва ғ. амалӣ гардонида мешаванд, ки ин ба хуб гардидани самаранокии иқтисодӣ ва некӯаҳолии мардум мусоидат менамояд.
2. Инноватсия (Innovation) – ин раванди ворид намудани технологияҳои навин ва ҳушманд, идеяҳо ва ё усулҳои нави истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ба амалия, бо мақсади навоварӣ, самаранокӣ, беҳтар намудани маҳсулот, хизматрасониҳо, рақобатпазирии корхонаҳо ва дар маҷмуъ рушди иқтисодӣ мебошад.
Дар бобати рушди инноватсия дар рафти Паём қайд гардид, ки “... ба истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”.
Боиси зикр аст, ки имрӯзҳо кишварҳои аз лиҳози техникию технологӣ ва саноатӣ тараққикардаи ҷаҳон, ба монанди ИМА, Чин, Ҷопон, Олмон, Франсия, Шветсария, Сингапур ва амсоли ин дигар мамолики дунё дар раванди истеҳсолот аз технологияҳои инноватсионӣ ба таври васеъ истифода мебаранд, ки боиси ҷаҳиши рушди иқтисодии онҳо гардида, қисми зиёди бозори ҷаҳониро бо навҷорисозии худ ва маҳсулоти хушсифати ҷавобгӯй бо стандартҳои ҷаҳонӣ ва нархи дастрасдошта фатҳ намудаанд.
Ҷойи дигар Президенти кишвар зикр намуданд, ки “ҷиҳати ҳавасманд намудани фаъолияти навоварӣ, дар истеҳсолот васеъ истифода кардани технологияҳои инноватсионӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон дар ин ҷода, хусусан доир ба коркарди ашёи хом дар дохили мамлакат тадбирҳои фаврӣ роҳандозӣ карда шаванд”.
Чунончи мушоҳида мегардад, тули солҳои охир барои ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ ба кишвар барои соҳибкорони ватанӣ ва ширкатҳои истеҳсолкунандаи молу маҳсулоти дохилӣ як қатор имтиёзу ҳавасмандгардониҳои молиявии давлатӣ, ба монанди озод намудан аз пардохтҳои гумрукию андозӣ ва мароторияҳо оид ба дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ пешниҳод гардидааст, ки ин боиси ҳавасманд гардидани субъектони фаъолияти иқтисодӣ дар кишвар мегардад.
Қобили зикр аст, ки дар ҳолати истифода намудани технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот: коҳиш ёфтани хароҷотҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва самаранокӣ, пайдо намудани мавқеи устувор дар бозор, рақобатпазир гардидани маҳсулот ё хизматрасонӣ, ҳифзи захираҳои табиӣ, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалии корхонаҳо, тезонидани рушди иқтисодиёт, афзоиши даромаднокии корхона таъмин гардида, дар натиҷа, боиси рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакт мегардад.
3. Иқтисодиёти сабз (Green Economy) – ин модели нави иқтисодӣ буда, рушди устувори иқтисодиро бо ҳифзи муҳити зист муттаҳид намуда, ба коҳиш додани истеъмоли захираҳои табиӣ, партовҳои зараровар, таъсир ба муҳити зист ва истифодаи манбаъҳои барқароршаванда бобати таъмини рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нигаронида шудааст.
Тули чанд соли охир, таваҷҷуҳи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушд бахшидани иқтисоди сабз бештар гардида, зимни ироаи Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар бобати рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Пешвои миллат дар Паёми қаблии худ соли 2021 дастур доданд, ки то охири соли 2022 Стратегияи рушди иқтисоди сабз омода ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.
Ҳамин тариқ, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми сентябри соли 2022, №482 “Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” қабул гардид, ки имрӯз он мавриди амал қарор дорад ва он дар панҷ марҳила то соли 2037 амалӣ карда мешавад:
Марҳилаҳои якум ва дуюм (солҳои 2023–2025 ва солҳои 2026–2028)-ро дар бар гирифта, чорабиниҳо дар самти оммавигардонии маълумот оид ба иқтисоди «сабз», таълим ва ташаккули тафаккури иқтисодию экологӣ, ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди «сабз» дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, риоя намудани онҳо ҳангоми қабули қарорҳои идоракунӣ ва оғози амалигардонии стандартҳои иқтисоди «сабз» дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварро дар бар мегирад, ки барои онҳо маблағгузории давлатӣ ва шарикони рушд зарур аст;
Марҳилаҳои сеюм ва чорум (солҳои 2029–2031 ва солҳои 2032–2034)-ро фаро гирифта, чорабиниҳо дар самти ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди «сабз» дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёту инфрасохтор, сохтмон, хоҷагию манзилии коммуналӣ, сайёҳӣ, сармоягузорӣ, ҳифзи муҳити зист ва кам кардани газҳои гулхонаӣ, инчунин, идомаи таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди «сабз» дар кишварро дар бар мегирад;
Марҳилаи панҷум (солҳои 2035–2037)-ро фарогир буда, чорабиниҳо дар самти рушди иқтисоди «сабз», нигоҳ доштан, афзун намудан ва истифодаи босуботи сармояи табиӣ ва афзоиши сармоягузорӣ дар асоси принсипи иқтисоди «сабз»-ро дар бар мегирад. Дар ин марҳила бозори рушдкардаистодаи сармоягузории «сабз» дар кишвар ташаккул меёбад.
Бояд тазаккур дод, ки бо татбиқи иқтисоди «сабз» Тоҷикистон метавонад мавқеи пешсафро дар истифодабарии иқтидорҳои тавлиди нерӯи барқ аз сарчашмаҳои барқароршаванда дар ҷаҳон ишғол намояд, ҳамчунин, ба содироткунандаи азими қувваи барқ дар минтақа, истеҳсолкунандаи неруи барқ аз дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия (офтоб, бод об ва ғайра), истеҳсолкунанда ва содироткунандаи маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологии тоза (органикӣ) шуда, ба қатори давлатҳои камихроҷкунандаи газҳои гулхонаӣ (карбон) ва аз ҷиҳати сайёҳии экологӣ рушдёфта ворид гардад.
Чун имрӯзҳо дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 64 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул ёфта, нерӯи барқ дар кишвар асосан аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия (98%) истеҳсол карда мешавад. Зеро неруи барқ асосан аз неругоҳҳои барқи обӣ ҳосил мегардад ва ин соҳа дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мақоми асосӣ дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтидори истеҳсолии 527 млрд. кВт/соат қувваи барқ дар як сол буда, айни замон ҳамагӣ 6 фоизи ин иқтидорҳо аз худ карда шудаанд. Иқлими Тоҷикистон бо мавҷудияти 280-330 рӯзи офтобӣ ва дар маҷмуъ 2 000 кВт/м2 шиддатнокии радиатсияи офтобӣ дар як сол барои истифодаи энергияи офтобӣ ҳамчун сарчашмаи аз рӯйи аҳамият дуюмдараҷаи энергияи барқароршаванда хеле мусоид мебошад, ки ин дар қиёс бо кишварҳои пешрафтаи васеъ истифодабарандаи энергияи офтобии Аврупо ду маротиба зиёд мебошад. Ва тибқи арзёбии коршиносон иқтидори тавлиди энергияи офтобии Тоҷикистон қариб 25,16 млрд. кВт/соат дар як солро ташкил дода, 10-20 фоизи талаботи хоҷагии миллӣ ба ҳомили энергия ва 60-80 фоизи талаботи умумии аҳолиро ҳадди ақал давоми 10 моҳ дар як сол, дар тамоми ҳудуди кишвар қонеъ гардонида метавонад.
Дар натиҷаи татбиқи рушди иқтисоди сабз дар мамлакат: коҳишёбии партовҳои зараровар ба атмосфера, об ва хок, кам кардани истифодаи захираҳои табиии ғайрибарқароршаванда (нафт, газ), истифодаи васеи энергияи барқароршаванда (офтобӣ, бодӣ ва обӣ), такмили коркарди партовҳо, кам шудани сатҳи ифлосшавии ҳаво, таъмини маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза, хизматрасониҳои устувор (нақлиёти сабз) ва ғ. амалӣ гардида, барои ҷалби сармоягузориҳои сабзи хориҷӣ ва рушди устворӣ иқтисодӣ замина мегузорад.
Дар охир, метавон зикр намуд, ки рушди иқтисодиёти рақамӣ, инноватсия ва рушди иқтисодиёти сабз метавонад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фоидаҳои назарраси иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ расонад. Дар шароити муосир, ин се самт ба ҳамдигар вобастагии зич дошта, ҳамчун механизмҳои калидӣ барои рушди устувори кишвар хизмат мекунанд.
Албатта, иқтисоди рақамӣ имконият медиҳад, ки технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ барои афзоиши маҳсулнокӣ ва хизматрасонии рақамӣ истифода шаванд.
Инноватсия ба корхонаҳои маҳаллӣ кӯмак мекунад, ки маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол ва хизматҳои муосир анҷом диҳанд.
Иқтисоди сабз бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба лоиҳаҳои экологӣ ва устувор ба рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад.
Дар маҷмуъ, рушди иқтисодиёти рақамӣ, инноватсия ва иқтисодиёти сабз метавонанд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба як кишвари ҷолиб барои сармоягузорони хориҷӣ табдил диҳанд.
Миршарифзода Эмомалӣ Қурбоналӣ
декани факултети иқтисод ва идораи ДОТ дар н. Рашт