05.05.2026
Имрӯз, 5 майи соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи озмоишгоҳи муосири STEM барои муассисаҳои такмили ихтисоси омӯзгорон баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи Аврупо ва ЮНЕСКО амалӣ шуда, ба таҳкими таълими STEM, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рушди таҳсилоти босалоҳият равона гардидааст.
Дар чорабинӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвамӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони ЮНЕСКО, шарикони рушд, роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, инчунин хонандагон иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ меҳмонон аз намоишгоҳи фаннӣ дар саҳни муассиса дидан намуда, бо дастовардҳои хонандагон аз фанҳои химия, физика ва биология, китобҳои дарсии нав, маводҳои таълимӣ ва модулҳои такмили ихтисос шинос шуданд.
Зимни суханронии худ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода таъкид намуд, ки ифтитоҳи чунин озмоишгоҳҳои муосир самараи сиёсати хирадмандона ва дарҳои бозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Қайд гардид, ки дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ва бо ҷалби мушовирони байналмилалӣ як қатор корҳои муҳими соҳавӣ, аз ҷумла таҳияи стандартҳои муосири таълимӣ, китобҳои дарсӣ бо равиши инноватсионии 5Е ва таҳкими иқтидори касбии омӯзгорон амалӣ гардидааст. Аз ҷумла, “Талаботи тахассусӣ вобаста ба салоҳиятҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии омӯзгорон”, стандартҳои фанҳои химия, физика ва биология, инчунин 14 номгӯи китобҳои дарсӣ барои синфҳои 7-11 таҳия ва нашр шудаанд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа 70 муассисаи таълимӣ ҳамчун пойгоҳи таҷрибавӣ интихоб гардида, 385 нафар омӯзгор ва ҳайати роҳбарикунанда аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шудаанд.
Вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки 32 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо озмоишгоҳҳои муосири STEM таъмин гардидаанд. Озмоишгоҳҳои мазкур бо тахтаҳои электронӣ, ноутбук, планшет, зиёда аз 40 номгӯи таҷҳизоти фанни физика, 77 номгӯи таҷҳизоти фанҳои химия ва биология, инчунин таҷҳизоти махсуси STEM муҷаҳҳаз буда, арзиши миёнаи ҳар як озмоишгоҳ тақрибан 509 ҳазору 450 сомониро ташкил медиҳад.
Дар идома вазир ба Иттиҳодияи Аврупо барои дастгирии молиявии лоиҳа ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маорифи кишвар изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки чунин ташаббусҳо барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва рушди устувори ҷомеа заминаи боэътимод мегузоранд.
Иштирокчиён баъдан бо имкониятҳои озмоишгоҳи муосири STEM шинос гардиданд. Таъкид шуд, ки озмоишгоҳ ҳамчун муҳити инноватсионии таълимӣ ба омӯзиши амаливу таҳқиқотӣ, иҷрои лоиҳаҳо, кор дар гурӯҳ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ мусоидат менамояд.
Дар доираи барнома хонандагон ва омӯзгорон як қатор намоишҳои амалӣ баргузор намуданд. Аз ҷумла, озмоишҳои химиявӣ, таҷрибаҳои физикӣ вобаста ба энергия ва ҳаракат, корҳои озмоишгоҳӣ дар самти биология бо истифода аз микроскопҳо, лоиҳаҳои робототехникӣ ва муҳандисӣ, технологияҳои “хонаи ҳушманд”, 3D-моделсозӣ ва истифодаи тахтаҳои интерактивӣ ва озмоишгоҳҳои маҷозӣ муаррифӣ гардиданд.
Ҳамчунин, платформаи рақамии “Omuzgor-Pro”, ки дар доираи лоиҳа таҳия шудааст, ҳамчун воситаи дастгирии омӯзгорон ва рушди доимии касбии онҳо муаррифӣ карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа 6 озмоишгоҳи филиалҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, 7 маркази такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таълимии касбӣ-техникӣ ва 32 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо таҷҳизоту мебелҳои муосири STEM ва ТИК муҷаҳҳаз гардидаанд.
Татбиқи чунин иқдомҳо ба баланд бардоштани сифати таълим, такмили маҳорати омӯзгорон, рушди таҳсилоти босалоҳият ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар бояд шуд, ки лоиҳаи “Таҳкими муносибати босалоҳият ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди таълими STEM (илм, технология, муҳандисӣ ва математика), таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон дар Тоҷикистон” аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо маблағгузорӣ гардида, аз ҷониби ЮНЕСКО амалӣ мешавад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон