05.05.2026

 img

Дар 51 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе имтиҳонҳои озмоишии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хатмкунандагони синфҳои 9-ум баргузор гардида, хатмкунандагон сатҳи омодагии худро барои идомаи таҳсил ва интихоби гурӯҳҳои ихтисосӣ санҷиданд.

 

Мақсад аз баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ муайян намудани сатҳи дониш ва омодагии хатмкунандагон вобаста ба гурӯҳҳои ихтисосҳои интихобнамуда, инчунин шиносо намудани онҳо бо тартиб ва раванди имтиҳонсупорӣ мебошад.

 

Имтиҳони озмоишӣ ба довталабон имкон медиҳад, ки бо муҳити воқеии имтиҳон аз наздик шинос шуда, тарзи дурусти пур кардани варақаҳои ҷавобҳо, истифодаи самараноки вақт ва дигар ҷанбаҳои муҳими имтиҳонсупориро аз худ намоянд.

 

Ҳамзамон, натиҷаҳои бадастомада барои муайян намудани сатҳи омодагии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ, вазъи сифати таҳсил аз фанҳои таълимӣ ва натиҷаи фаъолияти омӯзгорони фаннӣ мусоидат менамояд.

 

Қайд гардид, ки холҳои бадастовардаи довталабон ба маълумоти роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, роҳбарони синфҳо ва падару модарон расонида шуда, барои тақвияти ҳамкории оила ва муассисаи таълимӣ дар самти баланд бардоштани сифати таҳсил замина фароҳам меорад.

 

Масъулон баргузории чунин имтиҳонҳои озмоиширо воситаи муҳими баланд бардоштани сатҳи омодагии хатмкунандагон ба имтиҳонҳои асосии Маркази миллии тестӣ арзёбӣ намуданд.

  • БЕШ АЗ 9000 НАФАР ХАТМКУНАНДАИ СИНФҲОИ 9-УМ ДАР ИМТИҲОНҲОИ ОЗМОИШИИ ММТ ДАР НОҲИЯИ СИНО ИШТИРОК НАМУДАНД img
  • БЕШ АЗ 9000 НАФАР ХАТМКУНАНДАИ СИНФҲОИ 9-УМ ДАР ИМТИҲОНҲОИ ОЗМОИШИИ ММТ ДАР НОҲИЯИ СИНО ИШТИРОК НАМУДАНД img
  • БЕШ АЗ 9000 НАФАР ХАТМКУНАНДАИ СИНФҲОИ 9-УМ ДАР ИМТИҲОНҲОИ ОЗМОИШИИ ММТ ДАР НОҲИЯИ СИНО ИШТИРОК НАМУДАНД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    КУШОДАШАВИИ ОЗМОИШГОҲИ МУОСИРИ STEM ДАР МТМУ №35-И ШАҲРИ ДУШАНБЕ Имрӯз, 5 майи соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи озмоишгоҳи муосири STEM барои муассисаҳои такмили ихтисоси омӯзгорон баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи Аврупо ва ЮНЕСКО амалӣ шуда, ба таҳкими таълими STEM, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рушди таҳсилоти босалоҳият равона гардидааст.   Дар чорабинӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвамӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони ЮНЕСКО, шарикони рушд, роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, инчунин хонандагон иштирок намуданд.   Дар оғози чорабинӣ меҳмонон аз намоишгоҳи фаннӣ дар саҳни муассиса дидан намуда, бо дастовардҳои хонандагон аз фанҳои химия, физика ва биология, китобҳои дарсии нав, маводҳои таълимӣ ва модулҳои такмили ихтисос шинос шуданд.   Зимни суханронии худ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода таъкид намуд, ки ифтитоҳи чунин озмоишгоҳҳои муосир самараи сиёсати хирадмандона ва дарҳои бозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам овардааст.   Қайд гардид, ки дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ва бо ҷалби мушовирони байналмилалӣ як қатор корҳои муҳими соҳавӣ, аз ҷумла таҳияи стандартҳои муосири таълимӣ, китобҳои дарсӣ бо равиши инноватсионии 5Е ва таҳкими иқтидори касбии омӯзгорон амалӣ гардидааст. Аз ҷумла, “Талаботи тахассусӣ вобаста ба салоҳиятҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии омӯзгорон”, стандартҳои фанҳои химия, физика ва биология, инчунин 14 номгӯи китобҳои дарсӣ барои синфҳои 7-11 таҳия ва нашр шудаанд.   Ҳамчунин зикр шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа 70 муассисаи таълимӣ ҳамчун пойгоҳи таҷрибавӣ интихоб гардида, 385 нафар омӯзгор ва ҳайати роҳбарикунанда аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шудаанд.   Вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки 32 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо озмоишгоҳҳои муосири STEM таъмин гардидаанд. Озмоишгоҳҳои мазкур бо тахтаҳои электронӣ, ноутбук, планшет, зиёда аз 40 номгӯи таҷҳизоти фанни физика, 77 номгӯи таҷҳизоти фанҳои химия ва биология, инчунин таҷҳизоти махсуси STEM муҷаҳҳаз буда, арзиши миёнаи ҳар як озмоишгоҳ тақрибан 509 ҳазору 450 сомониро ташкил медиҳад.   Дар идома вазир ба Иттиҳодияи Аврупо барои дастгирии молиявии лоиҳа ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маорифи кишвар изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки чунин ташаббусҳо барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва рушди устувори ҷомеа заминаи боэътимод мегузоранд.   Иштирокчиён баъдан бо имкониятҳои озмоишгоҳи муосири STEM шинос гардиданд. Таъкид шуд, ки озмоишгоҳ ҳамчун муҳити инноватсионии таълимӣ ба омӯзиши амаливу таҳқиқотӣ, иҷрои лоиҳаҳо, кор дар гурӯҳ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ мусоидат менамояд.   Дар доираи барнома хонандагон ва омӯзгорон як қатор намоишҳои амалӣ баргузор намуданд. Аз ҷумла, озмоишҳои химиявӣ, таҷрибаҳои физикӣ вобаста ба энергия ва ҳаракат, корҳои озмоишгоҳӣ дар самти биология бо истифода аз микроскопҳо, лоиҳаҳои робототехникӣ ва муҳандисӣ, технологияҳои “хонаи ҳушманд”, 3D-моделсозӣ ва истифодаи тахтаҳои интерактивӣ ва озмоишгоҳҳои маҷозӣ муаррифӣ гардиданд.   Ҳамчунин, платформаи рақамии “Omuzgor-Pro”, ки дар доираи лоиҳа таҳия шудааст, ҳамчун воситаи дастгирии омӯзгорон ва рушди доимии касбии онҳо муаррифӣ карда шуд.   Бояд зикр намуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа 6 озмоишгоҳи филиалҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, 7 маркази такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таълимии касбӣ-техникӣ ва 32 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо таҷҳизоту мебелҳои муосири STEM ва ТИК муҷаҳҳаз гардидаанд.   Татбиқи чунин иқдомҳо ба баланд бардоштани сифати таълим, такмили маҳорати омӯзгорон, рушди таҳсилоти босалоҳият ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мусоидат хоҳад кард.   Ёдовар бояд шуд, ки лоиҳаи “Таҳкими муносибати босалоҳият ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди таълими STEM (илм, технология, муҳандисӣ ва математика), таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон дар Тоҷикистон” аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо маблағгузорӣ гардида, аз ҷониби ЮНЕСКО амалӣ мешавад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    4

    05.05.2026
  •  img
    Рамзи “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” тасдиқ гардид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро тасдиқ намуданд.   Рамз дар шакли мудаввар таҳия шуда,  давродаври он ба забони тоҷикӣ «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»  2026 навишта шудааст.   Дар ин рамз офтоб, кӯҳҳою қуллаҳои барфпӯш ва домани сабзи замин баёнгари кишвари кӯҳистону офтобӣ ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон, инъикоси ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо, биноҳои зебову нақбу роҳҳо нишона аз созандагиву ободонӣ ва сарбанду хатҳои барқӣ ибрози нурофарӣ аст.   Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчам ва манораи боҳашамати Истиқлол рамзи пойдории миллату давлат ва китоби кушода нишонаи донишу маърифат ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошанд.   Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи тасдиқшуда васеъ истифода намоянд.

    48

    04.05.2026
  •  img
    ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БО БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ Имрӯз, 4 майи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ дар доираи миссияи корӣ оид ба арзёбии рафти амалигардонии лоиҳаи “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат” баргузор гардид.   Дар вохӯрӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир, кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва лоиҳаи мазкур иштирок намуданд.   Вохӯриро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфт. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки чунин мулоқотҳо дар рушду тавсеаи ҳамкориҳои судманд миёни вазорат ва Бонки Умумиҷаҳонӣ нақши муҳим доранд.   Зикр шуд, ки лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» яке аз лоиҳаҳои калидии соҳаи маориф ва илм ба шумор рафта, барои татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044 заминаи устувор фароҳам меорад.   Дар доираи татбиқи лоиҳа як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим, аз ҷумла, “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, санадҳои меъёрӣ оид ба мониторинг ва арзёбии сифати таълим, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин роҳнамоҳо ва методикаҳои дахлдор таҳия ва ба тасвиб расонида шуданд.   Ҳамзамон, ҷиҳати татбиқи тартиби нави арзёбии сифати таҳсилот барои кормандони сохторҳои марбута ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардиданд. Дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф 120 нафар тренерон омода гардида, зиёда аз 3500 нафар омӯзгорон ва кормандони соҳа ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Инчунин таъкид гардид, ки доираи лоиҳа 2 муассисаи таълимӣ сохта ба истифода дода шуда, дар 9 муассисаи дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.   Таъкид карда шуд, ки соли 2025 озмоиши маҳаллии арзёбии байналмилалии PIRLS бо иштироки хонандагони синфҳои 4-ум дар 42 муассисаи таҳсилоти умумии 25 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ баргузор гардида, айни замон марҳилаи асосии он аз 14 апрел то 6 майи соли 2026 дар 171 муассисаи таҳсилоти умумии 52 шаҳру ноҳия идома дорад.   Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ба таври муфассал масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, ҷалби сарчашмаҳои иловагӣ, баланд бардоштани сифати банақшагирӣ ва лоиҳакашии иншооти таълимӣ, мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои муосири байналмилалӣ, инчунин суръатбахшии корҳои сохтмонӣ ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таҳсилоти умумиро баррасӣ намуданд.   Ҳамзамон, ба масъалаи таъмин ва васеъ намудани дастрасии муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи Интернет, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, тақвияти инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии омӯзгорону хонандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.   Иштирокдорон инчунин оид ба такмили механизмҳои мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот, густариши таҷрибаҳои пилотӣ, истифодаи усулҳои муосири идоракунии лоиҳаҳо, тақвияти иқтидори кадрӣ ва идоракунӣ дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ мубодилаи афкор анҷом доданд. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда, татбиқи марҳилаҳои минбаъдаи лоиҳа ва ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ дар соҳаи маориф таъкид намуданд.   Дар фарҷоми вохӯрӣ роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ба Бонки Умумиҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста, саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф ва илм, татбиқи лоиҳаҳои муҳим ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ баён намуда, изҳор доштанд, ки чунин ҳамкориҳо дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва фароҳам овардани муҳити муосири таълимӣ дар кишвар нақши калидӣ мебозанд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    37

    04.05.2026