09.07.2026
Дар доираи иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2026-2030 оид ба амалисозии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор мулоқоту вохӯриҳои фаҳмондадиҳиро бо кормандони соҳаи маориф, махсусан занону бонувон, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор намуд.
Дар ин замина, намояндагони Вазорати маориф ва илм Д. Алихонзода ва Ф. Абдуллозода дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаҳои Рашт ва Ҳисор, инчунин шаҳри Душанбе бо кормандони мақомоти идоракунии соҳаи маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вохӯриву мулоқотҳо анҷом доданд.
Зимни мулоқотҳо масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти занон, таҳкими ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи сиёсати давлатии вобаста ба занону бонувон, риояи фарҳанги муошират, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, мақому манзалати зан-модар дар оила ва ҷомеа, инчунин риояи талаботи либоси тавсиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани мақоми занон, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, фаъолияти касбӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлатӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Иштирокчиёни вохӯриҳо аз таъкидҳои Пешвои миллат ёдовар шуда, иброз доштанд, ки зани босаводу соҳибмаърифат на танҳо дар тарбияи фарзанд, балки дар пешбурди ҳадафҳои стратегии давлат, рушди илму маориф, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа нақши муассир дорад. Ҳамчунин, саҳми занон дар таҳкими арзишҳои муқаддаси оиладорӣ, баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ ва тарбияи насли ватандӯсту худшинос муҳим арзёбӣ гардид.
Дар идомаи вохӯриҳо масъалаи эҳтиром ба либоси миллӣ ҳамчун ҷузъи муҳимми фарҳанги миллӣ ва муаррифгари ҳувияти тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Қайд карда шуд, ки ҳифзу тарғиби либоси миллӣ, аз ҷумла, атлас, адрас ва чакан, арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои фарҳангии миллат буда, ҳар як бонуи тоҷик бояд аз ин арзишҳои миллӣ ифтихор намояд.
Дар анҷоми мулоқотҳо иштирокчиён доир ба татбиқи минбаъдаи сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақоми занон, таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии онҳо, тарбияи дурусти насли наврас ва густариши фарҳанги миллӣ мубодилаи афкор намуда, омодагии худро барои саҳмгузории фаъолона дар амалисозии ҳадафҳои Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.