07.07.2026

 img

7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 10 иншоотро мавриди истифода қарор доданд.

 

Иншооти нав марбут ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва муқаддасоти Ватан буда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва соҳибкорони ҳимматбаланд сохта шудаанд.

 

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ бинои муассисаи таълимиро дар деҳаи Фатмеви деҳоти Рарз мавриди истифода қарор доданд.

 

Иттилоъ дода шуд, ки бо бунёди муассисаи таълимӣ барои 320 хонанда дар як баст шароити мусоиди таҳсил фароҳам гардида, сатҳу сифати таълиму тарбия боз ҳам беҳтар гардид.

 

Бинои нави муассиса дорои синфхонаҳои таълимӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

 

Иншооти дуюм, бинои хуштарҳу замонавии Муассисаи томактабии рақами 12 дар деҳаи Такфони деҳоти Анзоб мебошад.

 

Зимни муаррифии иншооти тозабунёд гуфта шуд ки муассисаи мазкур аз 7 синфхона, 2 ҳуҷраи корӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

 

Ҳамакнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани кӯдакистон 120 хурдсоли деҳаи Такфон ба таълиму тарбия ҷалб гардида, 8 мутахассис бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

 

Иншооти навбатӣ муассисаи таҳсилоти томактабии Фурӯғи фардо барои 120 кӯдак мебошад.

 

Дар муассисаи нави томактабӣ 8 ҳуҷраи таълиму тарбия ва дигар шароити зарурӣ ҷойгир шудаанд.

 

Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи томактабӣ бо саҳми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ тариқи ҳашар амалӣ шудааст.

 

Ҳамчунин, Муассисаи таҳсилоти томактабии Гулшан барои 80 кӯдак мавриди истифода қарор дода шуд.

 

Бинои муассиса аз 7 ҳуҷраи асосӣ, ошхона, ҳуҷраи ҳамшираи тиббӣ, 2 ҳуҷраи санитарию беҳдоштӣ ва ҳуҷраҳои корию ёрирасон иборат мебошанд.

 

Муассисаи томактабӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Меҳрон Давронзода бунёд шудааст.

 

Иншооти дигари ба таври фосилавӣ ифтитоҳшуда Беморхонаи минтақавӣ мебошад, ки дорои 18 ҳуҷраи корию муолиҷавӣ ва 20 кати табобатӣ аст.

 

Бо бунёди он оянда сокинони деҳаи Такфон ба дигар ҷо ба табобат намераванд. Дар иншооти нави тандурустӣ 20 мутахассиси соҳибмаълумот ва ҷавони ноҳия соҳиби ҷойи кор гардиданд.

 

Дар ҳамин ҷо Муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37 - и ба номи Қаландар Солеҳови шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

 

Бинои нави таълимӣ аз 8 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла 2 синфхонаи фаннӣ ва 3 ҳуҷраи корӣ иборат мебошад.

 

Иншооти дигар бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 4-и шаҳраки Зарафшон мебошад.

 

Бо бунёди бинои нави иловагӣ дар маҷмуъ 120 хурдсол дар 8 гуруҳ барои таҳсил дар мактаб омода карда мешаванд. Бо мавриди истифода қарор додани кӯдакистон 20 мураббия ва 5 корманди техникӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд.

 

Дар рафти сохтмони иншооти мазкур 50 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шуд.

 

Аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба таври фосилавӣ дар шаҳраки Зарафшон толори варзишӣ, майдони Парчами давлатӣ ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Шоҳ Исмоили Сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

 

Иншооти мазкур бо мақсади таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ  ва баҳри истиқболи сазовор аз ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.

 

Дар баробари мавриди истифода қарор гирифтани 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 700 хонанда насли наврас дар иншооти ба тозагӣ биноёфта дониши хешро сайқал медиҳанд.

 

Дар муассисаҳои томактабии нави дар шаҳраки Зарафшон деҳаҳои Такфон, Лоҳути ва Урметан 700 хурдсол ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

  • Ифтитоҳи фосилавии 10 иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Айнӣ img
  • Ифтитоҳи фосилавии 10 иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Айнӣ img
  • Ифтитоҳи фосилавии 10 иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Айнӣ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ДАВРАИ СОЛИМГАРДОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТОМАКТАБИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ Дар муассисаҳои таълимии томактабии №4, №5, №8, №12, №15, №17, №40, №41, №45, №59, №78, №110, №121 ва №149-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ давраи солимгардонии кӯдакон мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии соҳаи маориф ва реҷаи тобистона ба таври муташаккилона ҷараён дорад.   Бо мақсади таҳкими саломатии кӯдакон, ташкили истироҳат ва фароғати шавқовар дар муассисаҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуда, машғулиятҳои варзишию солимгардонӣ, оббозӣ дар ҳавзҳо, бозиҳо, расмкашӣ, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар фаъолиятҳои инкишофдиҳанда мунтазам баргузор мегарданд.   Ҳамзамон, таъмини муҳити бехатар, риояи талаботи санитарию беҳдоштӣ ва ташкили ғизои босифату серғизо аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти муассисаҳои томактабӣ дар давраи солимгардонӣ ба ҳисоб мераванд.   Шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати ташкили босифати давраи солимгардонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдакон тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, раванди мазкурро зери назорати доимӣ қарор додааст.

    12

    16.07.2026
  •  img
    ДАСТОВАРДИ НАВИ МАОРИФИ ТОҶИК: МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ХОНАНДАИ ТОҶИК ДАР IPhO 2026 Аз 4 то 12-уми июл дар шаҳри Букарамангаи Колимбиа сабқати бузурги илмӣ – Олимпиадаи байналмилалии физика-2026 (IPhO-2026) баргузор гардид. IPhO-2026 бештар аз 1000 нафар иштирокдор ва 400 нафар довталабро аз +90 кишвари ҷаҳон бо ҳам оварда, майдони фарохеро барои дӯстдорони илми физика боз намудааст.    Дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ дар ҳайати зерин:   •  Мамуров Муҳаммадёсин;   •  Қодиров Аъзам;   •  Амиров Муҳаммадамин;   •  Маюсупов Хусрав;   •  Одинаев Рамзиддин бо роҳбарии Ҷамшеди Рустам ва Далер Пиров дар Олимпиада ширкат варзиданд.   Боиси хушнудист, ки хонандаи синфи 11-и Литсей интернати тоҷикӣ-русӣ ба номи «Ҳотам ва П.В.»-и шаҳри Душанбе Мамуров Муҳаммадёсин, дар ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 56-умин Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз физика (IPhO 2026) сазовори медали биринҷӣ гардид.   Олимпиадаи мазкур соли 1967 ташкил ёфта, пас аз он ҳамасола бо ҳадафи дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои физикдон аз саросари ҷаҳон дар кишварҳои мухталиф баргузор карда мешавад. Довталабон дар ду бахш – амалӣ ва назариявӣ донишҳои худро санҷида, аз ҷониби беҳтарин мутахассисон баҳогузорӣ карда мешаванд. Қобили қайд аст, ки ҳайати Кумитаи тадорукотро ҷоизадорони ҷоизаи Нобел дар бахши физика - Серж Арош, Алберт Ферт, Анна Л'Юйе, Пйер Агостини, Ален Аспект ва Жерар Муру ҳамроҳӣ менамоянд, ки нуфузи Олимпиадаро боз ҳам баландтар мебардорад.

    12

    15.07.2026
  •  img
    ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ ЯКУМИ ВАЗОРАТ: НАТИҶАГИРӢ ВА ВАЗИФАҲО ТО ОХИРИ СОЛ 14 июли соли 2026 дар толори Муассисаи таҳсилоти умумии №14-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2026 ва муайян намудани вазифаҳо то охири сол» баргузор гардид.   Дар кори ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазир, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорони сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин, директорони муассисаҳои таълимии ҷумҳуриявӣ ва Президентӣ иштирок намуданд.   Вазири маориф ва илм вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2026 маъруза намуда, аз дастовардҳои соҳа, раванди татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти маориф ва илм, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои амалишуда ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди инфрасохтори соҳа ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ёдовар гардид. Таъкид карда шуд, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат боқӣ монда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия тадбирҳои пайгирона амалӣ гардида истодаанд.   Дар ҷараёни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар нимсолаи якуми соли 2026 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, масъалаҳои марбут ба татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус, рушди инфрасохтори соҳа ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда муҳокима гардиданд.   Дар қисмати музокираҳо ректори Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон Х. Назарзода, сардори раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат Н. Зиёратшоҳ ва директори Маркази таълимии занон «Сарвар» Н. Содиқӣ суханронӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои мубрами соҳа ва роҳҳои такмили фаъолияти минбаъда пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.   Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни суханронӣ ҷиҳати иҷрои босифати дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, таҳкими масъулияти роҳбарону кормандони соҳа ва ноил шудан ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда то охири соли ҷорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.   Дар анҷоми ҷаласа лоиҳаи қарори ҳайати мушовара бо дарназардошти пешниҳодҳои иштирокдорон қабул гардида, вазифаҳои асосии соҳа барои давраи минбаъдаи соли 2026 муайян карда шуданд.   Вазири маориф ва илм зимни ҷамъбасти ҷаласа таъкид намуд, ки аҳли маорифи кишвар дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, вазифадоранд фаъолияти худро ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, тақвияти корҳои тарбиявӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф боз ҳам тақвият бахшанд.   Таъкид гардид, ки кормандони соҳаи маориф бо роҳнамоӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори соҳа, тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат, ватандӯсту худшинос ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    108

    14.07.2026