08.07.2026

 img

8 июли соли 2026 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии сол-2026» оғоз гардид.

 

Дар маросими ифтитоҳи озмун ректори донишкада Н. Мирзозода, ҳайати кумитаи тадорукот, аъзои ҳакамон, иштирокчиёни озмун ва намояндагони мақомоти соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

 

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид гардид, ки озмуни мазкур дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани мақоми таҳсилоти томактабӣ, муайяну ҳавасманд намудани мураббиёни соҳибистеъдод, эҷодкор ва навовар, тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва баланд бардоштани нуфузи касби мураббӣ баргузор карда мешавад.

 

Иброз гардид, ки барои дар сатҳи баланд, шаффоф ва одилона баргузор намудани даври минтақавии озмун тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

 

Дар ин даври озмун мураббиён аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯйи шаш шарт маҳорати касбӣ, сатҳи дониш, қобилияти эҷодӣ ва таҷрибаи педагогии худро ба намоиш мегузоранд.

  • ДАВРИ МИНТАҚАВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МУРАББИИ СОЛ-2026» ОҒОЗ ГАРДИД img
  • ДАВРИ МИНТАҚАВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МУРАББИИ СОЛ-2026» ОҒОЗ ГАРДИД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ КИШВАР ДАР ДОИРАИ АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАЪОЛГАРДОНИИ НАҚШИ ЗАНОН Дар доираи иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2026-2030 оид ба амалисозии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор мулоқоту вохӯриҳои фаҳмондадиҳиро бо кормандони соҳаи маориф, махсусан занону бонувон, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор намуд.   Дар ин замина, намояндагони Вазорати маориф ва илм Д. Алихонзода ва Ф. Абдуллозода дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаҳои Рашт ва Ҳисор, инчунин шаҳри Душанбе бо кормандони мақомоти идоракунии соҳаи маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вохӯриву мулоқотҳо анҷом доданд.   Зимни мулоқотҳо масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти занон, таҳкими ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи сиёсати давлатии вобаста ба занону бонувон, риояи фарҳанги муошират, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, мақому манзалати зан-модар дар оила ва ҷомеа, инчунин риояи талаботи либоси тавсиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Таъкид гардид, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани мақоми занон, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, фаъолияти касбӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлатӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.   Иштирокчиёни вохӯриҳо аз таъкидҳои Пешвои миллат ёдовар шуда, иброз доштанд, ки зани босаводу соҳибмаърифат на танҳо дар тарбияи фарзанд, балки дар пешбурди ҳадафҳои стратегии давлат, рушди илму маориф, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа нақши муассир дорад. Ҳамчунин, саҳми занон дар таҳкими арзишҳои муқаддаси оиладорӣ, баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ ва тарбияи насли ватандӯсту худшинос муҳим арзёбӣ гардид.   Дар идомаи вохӯриҳо масъалаи эҳтиром ба либоси миллӣ ҳамчун ҷузъи муҳимми фарҳанги миллӣ ва муаррифгари ҳувияти тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Қайд карда шуд, ки ҳифзу тарғиби либоси миллӣ, аз ҷумла, атлас, адрас ва чакан, арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои фарҳангии миллат буда, ҳар як бонуи тоҷик бояд аз ин арзишҳои миллӣ ифтихор намояд.   Дар анҷоми мулоқотҳо иштирокчиён доир ба татбиқи минбаъдаи сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақоми занон, таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии онҳо, тарбияи дурусти насли наврас ва густариши фарҳанги миллӣ мубодилаи афкор намуда, омодагии худро барои саҳмгузории фаъолона дар амалисозии ҳадафҳои Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.

    17

    09.07.2026
  •  img
    АЗ СУЛҲИ ДОХИЛӢ БА СУЛҲИ ҶАҲОНӢ: ИҚДОМИ НАВИ ТОҶИКИСТОН - ҚАДАМЕ БА СӮЙИ ҶАҲОНИ ОСУДА Дар замони муосир, ки даҳҳо давлатҳо гирифтори ҷангу нооромӣ ва миллионҳо одамҳо аз ин мусибат пароканда, ранҷкашида ва ноумед ҳастанд, иқдоми навбатии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» ба дили миллиардҳо сокини сайёра умед ба фардои зиндагии орому осуда ва ҳамзистии осоиштаро зинда кард.   25 июни соли 2026 ташаббуси нави Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» бо қатъномаи Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» ва Рӯзи ваҳдати миллӣ ин рӯйдодро барои мардуми сулҳпарвари ҷаҳон рӯзи таърихӣ ва хотирмон унвон карданд. Тавре дар Паёми мазкур омадааст: «Мо вазифадорем аз худ ҷаҳоне ба мерос гузорем, ки дар он наслҳои ояндаи инсоният дар фазои сулҳу оромӣ имкони ҳамзистӣ, рушд ва ҳамкориро дошта бошанд».   Албатта, пазируфта шудани иқдоми ҷониби Тоҷикистон дар мавриди сулҳ бесабаб нест, зеро Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи хуби сулҳофариро доро буда, ин раванд дар ҷаҳон бо номи «Формулаи сулҳи Эмомалӣ Раҳмон» машҳур аст. Кишварҳои сулҳпарвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид ҳам хуб дарк карданд, ки маҳз қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» метавонад диққати ҷомеаи ҷаҳониро барои таҳкими сулҳу субот ва оромӣ дар тамоми сайёра ҷалб намуда, ҳамзистии осудаи насли ояндаро таъмин намояд. Дар матни қатънома аз ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид дархост шудааст, ки барои татбиқи ҳадафҳои Даҳсола мусоидати фаъол намоянд.   Сулҳ асоси зиндагии ором, эҳтироми ҳамдигар, муколамаи созанда, ваҳдат ва ҳамбастагӣ, адолат, баробарӣ, таҳаммулпазирӣ, рушди илм, дониш ва фарҳанг ва муҳимтар аз ҳама арзиши бебаҳост. Ин нуктаҳо садҳо маротиба дар минбарҳои баланди минтақавию байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо додааст. Аз ин хотир Тоҷикистони маҳбуби моро дар арсаи ҷаҳон дар симои Пешвои муаззами миллат ҳамчун кишвари сулҳпарвару сулҳхоҳ мешиносанду эътироф мекунанд.   Ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба чорабиниҳои сатҳи баланд оид ба сулҳу амният даъват мешаванд ва суханронии пурмуҳтаво мекунанд. Аз ҷумла, 12 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхободи Туркманистон дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҳамин Форум Пешвои миллат чунин қайд карданд: «Тоҷикистон аз ҳамаи ташаббусҳо доир ба таҳкими сулҳу амонӣ дар ҷаҳон пайваста пуштибонӣ менамояд».   Маҳз ҳамин нуктаҳо аст, ки 19 майи соли 2026 Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ қадрдонӣ намуд.   Қабл аз ин (21 декабри соли 2025, шаҳри Санкт-Петербург) барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба Пешвои маҳбуби миллат Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой супорида шуд.   Ҷумҳурии Тоҷикистон такрор ба такрор эълон доштааст, ки тарафдори ҳалли ҳама ихтилофоту низоъҳо тавассути музокирот ва муколамаи дипломатӣ мебошад. Ин мавқеъгирии сулҳомез кишвари моро дар пешоҳанги ҳалли буҳронҳои сиёсӣ қарор дод ва пазируфта шудани иқдоми навбатии Тоҷикистон - «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ гувоҳи возеҳи баланд гардидани обрӯ ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.   Амалӣ гардидани ҳадафҳои Даҳсола ба густариши сулҳ, муколама ва оштӣ дар ҷаҳон, инчунин ҳамкорӣ байни наслҳо мусоидат хоҳад кард. Инчунин, интизор меравад, ки дар давоми даҳ соли оянда фарҳанги сулҳ дар сайёра тақвият ёфта, ба ин васила низоъҳо пешгирӣ карда шаванд. Дар натиҷа ҳамкориҳои байналмилалӣ густариш меёбад, ояндаи беҳтар ва бехатар барои наслҳо таъмин мегардад.   Дар ин ҷода Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷрибаи барқарор кардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар имкон дорад, ки дар пешбурди муколама ва ҳамкориҳои байналмилалӣ саҳми фаъол дошта бошад.   Хуршед САЛОМЗОДА, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо

    46

    08.07.2026
  •  img
    Ифтитоҳи фосилавии 10 иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Айнӣ 7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 10 иншоотро мавриди истифода қарор доданд.   Иншооти нав марбут ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва муқаддасоти Ватан буда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва соҳибкорони ҳимматбаланд сохта шудаанд.   Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ бинои муассисаи таълимиро дар деҳаи Фатмеви деҳоти Рарз мавриди истифода қарор доданд.   Иттилоъ дода шуд, ки бо бунёди муассисаи таълимӣ барои 320 хонанда дар як баст шароити мусоиди таҳсил фароҳам гардида, сатҳу сифати таълиму тарбия боз ҳам беҳтар гардид.   Бинои нави муассиса дорои синфхонаҳои таълимӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.   Иншооти дуюм, бинои хуштарҳу замонавии Муассисаи томактабии рақами 12 дар деҳаи Такфони деҳоти Анзоб мебошад.   Зимни муаррифии иншооти тозабунёд гуфта шуд ки муассисаи мазкур аз 7 синфхона, 2 ҳуҷраи корӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.   Ҳамакнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани кӯдакистон 120 хурдсоли деҳаи Такфон ба таълиму тарбия ҷалб гардида, 8 мутахассис бо кори доимӣ таъмин мешаванд.   Иншооти навбатӣ муассисаи таҳсилоти томактабии Фурӯғи фардо барои 120 кӯдак мебошад.   Дар муассисаи нави томактабӣ 8 ҳуҷраи таълиму тарбия ва дигар шароити зарурӣ ҷойгир шудаанд.   Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи томактабӣ бо саҳми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ тариқи ҳашар амалӣ шудааст.   Ҳамчунин, Муассисаи таҳсилоти томактабии Гулшан барои 80 кӯдак мавриди истифода қарор дода шуд.   Бинои муассиса аз 7 ҳуҷраи асосӣ, ошхона, ҳуҷраи ҳамшираи тиббӣ, 2 ҳуҷраи санитарию беҳдоштӣ ва ҳуҷраҳои корию ёрирасон иборат мебошанд.   Муассисаи томактабӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Меҳрон Давронзода бунёд шудааст.   Иншооти дигари ба таври фосилавӣ ифтитоҳшуда Беморхонаи минтақавӣ мебошад, ки дорои 18 ҳуҷраи корию муолиҷавӣ ва 20 кати табобатӣ аст.   Бо бунёди он оянда сокинони деҳаи Такфон ба дигар ҷо ба табобат намераванд. Дар иншооти нави тандурустӣ 20 мутахассиси соҳибмаълумот ва ҷавони ноҳия соҳиби ҷойи кор гардиданд.   Дар ҳамин ҷо Муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37 - и ба номи Қаландар Солеҳови шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.   Бинои нави таълимӣ аз 8 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла 2 синфхонаи фаннӣ ва 3 ҳуҷраи корӣ иборат мебошад.   Иншооти дигар бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 4-и шаҳраки Зарафшон мебошад.   Бо бунёди бинои нави иловагӣ дар маҷмуъ 120 хурдсол дар 8 гуруҳ барои таҳсил дар мактаб омода карда мешаванд. Бо мавриди истифода қарор додани кӯдакистон 20 мураббия ва 5 корманди техникӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд.   Дар рафти сохтмони иншооти мазкур 50 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шуд.   Аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба таври фосилавӣ дар шаҳраки Зарафшон толори варзишӣ, майдони Парчами давлатӣ ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Шоҳ Исмоили Сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.   Иншооти мазкур бо мақсади таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ  ва баҳри истиқболи сазовор аз ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.   Дар баробари мавриди истифода қарор гирифтани 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 700 хонанда насли наврас дар иншооти ба тозагӣ биноёфта дониши хешро сайқал медиҳанд.   Дар муассисаҳои томактабии нави дар шаҳраки Зарафшон деҳаҳои Такфон, Лоҳути ва Урметан 700 хурдсол ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

    67

    07.07.2026