19.09.2024

 img

19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24-ро дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 

Муассисаи нави дуошёнаи таълимӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ дар муҳлати 8 моҳ бунёд ёфта, дар он 2160 хонанда дар ду баст метавонанд таҳсил намоянд.

 

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои тозабунёди соҳаи маориф дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинг дар масоҳати 1,75 гектар, дуошёна сохта шуда, дорои 36 синфхонаи таълимӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо 198 курсӣ, китобхона, ошхона бо 95 ҷойи нишаст, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

 

7 синфхонаи мактаб барои фанҳои муайян, аз ҷумла таълими меҳнати писарон ва духтарон алоҳида, кор бо комютер ва дарсҳои химия, физика ва биология муҷаҳҳаз шудааст.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти бунёди чунин мактаби замонавӣ, ки бо анҷоми ин тадбир мушкилоти норасоии синфхонаҳо дар деҳаи Алиҷон пурра бартараф гардид, муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, ба масъулон супориш доданд, ки имкониятҳои мавҷудаи ин даргоҳи илму маърифат бояд самаранок истифода гардад, то насли имрӯзу оянда дар руҳияи ватандустӣ ба камол расанд. 

 

Барои таъмини гармӣ дар бино, иншооти алоҳида бунёд шудааст, ки бо ангишт фаъолият менамояд ва тавассути он тамоми синфхонаҳои таълимӣ дар фасли тирамоҳу зимистон  гарм нигоҳ дошта мешавад. 

 

Ҳоло дар ин муассисаи  таълимӣ  26 омӯзгор фаъолият  менамояд, ки барои онҳо тамоми шароит муҳаё карда шудааст.

 

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи маориф биноҳои наву замонавии дорои шароити муосир бунёд шудааст ва ин тадбир ба боз ҳам беҳтар шудани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамояд. 

 

Дар шафати бино ҳамзамон майдончаи муосири варзишӣ бунёд шудааст.

 

Дар доираи тадбирҳои ободонӣ гирду атрофи бинои муассиса бо шинонидани дарахтони сояафкан ва сабзкорӣ зебову назаррабо гардидааст.

 

Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон боз азм доранд, ки чунин тадбирҳои бунёдкориро дар дигар деҳаҳо ба анҷом расонанд.

  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара img
  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара img
  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара img
  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара img
  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара img
  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара img
  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара img
  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара img
  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара img
  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара img

Хабарҳои дигар

  •  img
    РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД: ТАҲКИМИ ИҚДОМҲО БАРОИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ 19 майи 2025 — Дар идомаи сафари кории гурӯҳи Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия (МҶТИК) ба вилояти Суғд, ҷаласаи ҳисоботӣ бо иштироки роҳбарони марказҳои  технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия назди шуъба ва раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.   Ҳадафи асосии ҷаласа — таҳлили сатҳи татбиқи “Барномаи давлатии ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028” ва муайянсозии имконияту чолишҳо дар ин самт буд.   Дар раванди ҷаласа, масъулини марказҳо бо пешниҳоди ҳисоботҳои муфассал вазъи ҷорӣ ва дурнамои татбиқи барномаро шарҳ доданд. Аз ҷумла, масъалаҳои таъмин бо компютер ва таҷҳизоти алоқаманд, суръати интернет, сатҳи рақамикунонии муҳтавои таълимӣ, фаъолияти синфхонаҳои фаннӣ ва малакаи омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят раванди рақамикунонӣ бо шиддат идома дошта, зерсохтори технологӣ тадриҷан такмил меёбад. Бо ин вуҷуд, дар баъзе минтақаҳо маҳдудиятҳо ба монанди норасоии таҷҳизот, набуди интернети босуръат ва мутахассисони соҳа ҳанӯз ҳам монеаи ҷиддӣ ба ҳисоб мераванд.   Гурӯҳи кории МҶТИК пас аз шунидани ҳисоботҳо, тавсияҳои мушаххасе манзур намуд: баргузории давраҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, таҳкими инфрасохтори рақамӣ, густариши ҳамкориҳо бо мақомоти дахлдори марказӣ ва маҳаллӣ, инчунин ҷалби лоиҳаҳо ва сармоягузориҳои иловагӣ.   Ин ҷаласаи ҳисоботӣ на танҳо барои арзёбии сатҳи татбиқи Барнома, балки барои тавсеаи ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва таҳияи иқдомҳои муштарак ба хотири рушди рақамии соҳаи маориф дар вилояти Суғд заминаи устувор фароҳам овард.   Бо татбиқи пайгиронаи “Барномаи давлатии ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028”, низоми маориф дар самти рақамикунонии равандҳо ва баланд бардоштани сифати таълим қадамҳои устувор мегузорад ва заминаҳои муосири рушди зеҳнӣ барои насли навинро фароҳам месозад.

    2

    19.05.2025
  •  img
    УСТОДИ НАХУСТИН - ЧАРОҒИ РОҲ Субҳи якуми сентябри соли 1989-ро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Рӯзи аввалине, ки бо тани ларзон ва диле пур аз ҳаяҷон, ба остонаи мактаб қадам гузаштам. Дафтаре дар бағал, қаламе дар даст ва як ҷаҳон савол дар дил. Ҳама чиз бароям нав буд — рангин, ҳаяҷоновар, каме ваҳм ҳам доштам вале дилам пур аз умед. Он субҳ, дар дари синф, зане бо табассуми гарме ва нигоҳи модарона маро пешвоз гирифт. Муаллими нахустини ман — Раҳматова Ҳафиза. Ӯ аввалин шахсе буд, ки дастамро дошта, ба олами дониш равонам кард. Ӯ аввалин касе буд, ки номи маро бо меҳр гирифт ва гуфт: «Бачам…». Аз ҳамон лаҳза, ман дар муҳити нав (мактаб) дигар танҳо набудам — ман як роҳнамо доштам, як чароғ, як қалби пур аз нур.   Муаллимаи нозанину меҳрубонам ба ман на танҳо хондану навиштан ёд дод. Ӯ дар қалбам тухми меҳрубонӣ кошт, ба ман сабр омӯзонд, сухани ҳақро ёд дод. Дар ҳар ишорааш тарбия буд, дар ҳар нигоҳаш эҳтиром, дар ҳар каломаш рӯшноии умед.   Солҳо гузаштанд… Ман қад мекашидаму синну синфу сол иваз шуд, чеҳраҳо нав шуданд, роҳҳо дигар шуданд… Вале он меҳр, он садо, он оғӯши модарона, он нигоҳи муҳаббатдопр, он чашмони шашардор дар хотирам барои ҳамеша боқӣ монд.   Соле, ки синфи ёздаҳро хатм мекардам ва бояд шаҳодатномаи хатми мактабро мегирифтам... Рӯзи охирини дарс, ҳаяҷони ба зиндагии нав қадам гузоштан диламро пур карда буд. Ана дар ҳамон рӯз — як лаҳзае, ки ашки эҳсосро аз чашмам раҳо кард... Муаллимаам Раҳматова Ҳафиза маро даъват кард ва бо лабханди ширин, дафтари синфи якумамро ба дастам дод…   Он дафтари кӯчак, он хатҳои каҷу килеб, он ҳарфҳои ношиноси онрӯза — ҳамааш зинда буд. 11 сол… Ӯ онро нигоҳ дошта буд… Чӣ эҳсоси бузурге буд! Он на танҳо як коғаз-дафтар буд — он порчаи дил буд, як гӯшаи нури хотирот буд.   Аз худ пурсидам: кадом устод метавонад 11 сол дафтари як шогирдро нигоҳ дорад? Фақат он муаллим, ки бо дилу ҷон таълим медиҳад. Фақат он муаллим, ки ҳар шогирдашро порае аз вуҷуди худ меҳисобад.   Имрӯз, агар ба ҷое расида бошам, агар суханам таъсир дорад, агар баён дораму қалам дар дастам, бовар кунед, ин ҳама аз ҳамон субҳи якуми сентябри соли 1989 сарчашма гирифтааст. Аз он дасти гарм, аз он қалби бузург, аз он муҳаббати модаронаи муаллимаам.   Муаллимаи ман — Раҳматова Ҳафиза — на танҳо аввалин муаллим буд. Ӯ аввалин шахсе буд, ки ба ман бовар кард ва ман ҳам як умр ӯро дар қалбам нигоҳ медорам. Ҳар ҷо равам, ҳар кӣ шавам, ҳар лаҳза номи ӯ бо эҳтиром, бо муҳаббат ва бо шукр дар забонам хоҳад монд, зеро ҳар роҳе, ҳар қуллае, ҳар комёбӣ — аз як қадами нахустин сар мешавад ва он қадамро дар зери сояи муаллим гузоштам.   Ман то абад шогирди шумоям муаллимаи гиромӣ, модари меҳрубон, роҳнамои беминнат - Раҳматова Ҳафиза!   Амируллозода Беҳрӯз, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

    13

    18.05.2025
  •  img
    ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОН Имрӯз, 18 майи соли 2025 дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо иштироки васеи сокинони мамлакат, намояндагони кормандони касбу кори гуногун, вазорату кумитаҳо, корхонаю муассиса ва ташкилоту идораҳо Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон баргузор мегардад.   Дар қатори дигар сокинон ва кормандони идораву корхонаҳо роҳбарият ва кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ширкат варзиданд.   Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад.   Дави миллӣ маъраки умумимиллӣ буда, мақсад аз баргузории мусобиқа таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он дар байни аҳолӣ мебошад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    23

    18.05.2025