17.01.2025

 img

Дар қисмати аввали маҷлис нахуст ҳисоботи Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2024 шунида шуд.

 

Тавре таъкид гардид, соли 2024 дар ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар як қатор пешравиҳои назарраси иҷтимоию иқтисодӣ ба миён омад.

 

Дар натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти кишвар рушди иқтисодиёт дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуд.

 

Ба таъкиди Сарвазири кишвар дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 154,3 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2023 - 22,6 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

 

Таваррум дар сатҳи 3,6 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 - 0,2 банди фоизӣ кам мебошад.

 

Соли гузашта нақшаи қисми умумии даромади буҷети давлатӣ иҷро гардида, воридоти маблағҳо ба буҷет 46,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1,8 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

 

Дар соли 2024 нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо аз ҷониби Кумитаи андоз дар сатҳи 105,3 фоиз ё 20,4 млрд. сомонӣ ва Хадамоти гумрук 106,8 фоиз ё 9,7 млрд сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба нақша мутаносибан 1 млрд. 18 млн. сомонӣ ва 618 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

 

Зикр гардид, ки ба қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 3,8 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 9,4 фоиз зиёд мебошад.

 

Сарвазири кишвар иброз доштанд, ки дар соли ҳисоботӣ суръати рушди соҳаи саноат 20 фоиз таъмин ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 53,8 млрд. сомонӣ баробар гардид.

 

Соли 2024 дар ҳудуди кишвар 740 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла 528 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси наздики 20 ҳазор ҷойҳои кории нав, иловагӣ ва барқароршуда мавриди истифода қарор дода шуд.

 

Таъкид гардид, ки бо мақсади таъмини устувории низоми энергетикии кишвар ва истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ дар соли сипаришуда корҳо дар доираи 18 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёд ва таҷдиди неругоҳҳои барқӣ, кам намудани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми биллингии он, электрофикатсияи деҳот, бунёди хатҳои интиқол ва тақсимоти барқ ва солимгардонии вазъи молиявии соҳа ба маблағи умумии 1,7 млрд. доллар ба роҳ монда шуд.

 

Соли ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 74 млрд. сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиши он ба 10,6 фоиз, аз ҷумла растанипарварӣ 13,4 фоиз ва чорводорӣ 4,9 фоиз баробар гардид.

 

Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо роҳи пешниҳод намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар самти рушди истеҳсолоти дохилӣ як қатор тадбирҳо андешида шуд.

 

Тибқи маълумоти пешакӣ дар соли 2024 ба кишвар 4,9 млрд. доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2023 - 2,1 млрд. доллар ё 73 фоиз зиёд мебошад.

 

Дар соли 2024 маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар кишвар 90 адад ва ҳаҷми маблағи онҳо 51,9 млрд. сомониро ташкил намуд.

 

Дар натиҷаи андешидани чораҳои амалӣ соли 2024 гардиши савдо 13,6 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми он ба 65,8 млрд. сомонӣ баробар гардид.

 

Сарвазири кишвар изҳор доштанд, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 744 адад расид, ки дар муқоиса ба соли 2023-юм 27 муассиса зиёд мебошад. Шумораи марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак бошад, дар ин давра 503 адад зиёд шудааст.

 

Соли 2024 дар ҷумҳурӣ 273 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 57 610 ҷойи нишаст дар як баст бунёд гардид. Дар маҷмуъ 2 миллиону 357 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуд.

 

Соли ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият намуд, ки дар онҳо аз рӯйи 14 самт ва 135 ихтисос 23 ҳазору 500 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

 

Таъкид гардид, ки бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва сари вақт бартараф намудани мушкилоти мавҷуда соли 2024 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳа 3,7  млрд. сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2023 - 12,6 фоиз зиёд мебошад.

 

Гуфта шуд, ки дар сиёсати давлати Тоҷикистон танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ мавқеи асосӣ дорад.

 

Давоми соли 2024 бо мусоидати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ, аз ҷумла тавассути ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ 22,5 ҳазор нафар ба намудҳои гуногуни шуғл таъмин гардиданд.

 

Дар соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 247 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуд, ки аз ин 74 ҳазор доимӣ мебошад.

 

Тавре зикр гардид, пешравиҳо дар самти рушди сайёҳӣ, тарғибу ташвиқ ва ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар соли 2024 1,4 млн. сайёҳ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

 

Таъкид гардид, ки дар ин давра дар самти баргузории чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ ва маърифатӣ фаъолияти сохторҳои давлатӣ тақвият дода шуд.

 

Бахусус баргузории барномаи фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО, инчунин ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардидани “Ҷашни Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб” аз қабили руйдодҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

 

Дар идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода шунида шуд.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои самти иқтисод ва молия дар пайи ҳисоботашон доир ба дарёфти сарчашмаҳои нави даромад ба буҷети давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.

  • Идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифтитоҳи фосилавии 8 иншооти Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар 10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 8 иншооти соҳаро дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.   Нахуст, маҷмуи биноҳои истиқоматӣ барои кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид.   Гуфта шуд, ки иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ ва бо мақсади беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бунёд гардидааст.   Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи аввал се қисмати ин биноҳо мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дорои 80 манзили истиқоматӣ мебошанд.   Марҳилаи якуми осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак аз иншооти дигаре буд, ки ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.   Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо дастгирии Ҳукумати кишвар бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ, истироҳат ва беҳдошти саломатии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорон ва аҳли оилаи онҳо бунёд гардидааст.   Осоишгоҳ дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари диёр, дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир буда, аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ ва муҳити табиӣ барои ташкили истироҳату солимгардонӣ имкониятҳои хуб дорад.   Дар идома, инчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таври фосилавӣ бинои нави қисми мустақили 42-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Панҷро ба истифода доданд.   Бино бо мақсади беҳтар намудани шароити хизматӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва фароҳам овардани имконоти мусоид барои фаъолияти самараноки ҳайати шахсии қисми оташнишонӣ бунёд гардидааст.   Иттилоъ дода шуд, ки иншоот дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар сохта шуда, дар он барои 40 корманди қисми оташнишонӣ шароити зарурии кору хизмат фароҳам оварда шудааст. Он дорои ҳуҷраҳои хизматӣ ва дигар шароити зарурӣ мебошад. Ҳамчунин мошинсарои махсус барои нигоҳдории се нақлиёти махсуси оташнишонӣ бунёд ёфтааст.   Ҳамчунин, ба таври фосилавӣ бинои дидбонгоҳи тобеи қисми 62-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод ба истифода дода шуд.   Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дидбонгоҳ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҳайати шахсӣ, таъмини саривақтии вокуниш ба ҳодисаҳои сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулода, инчунин, ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва молу мулки онҳо таъсис дода шудааст. Он дорои 4 ҳуҷраи корӣ ва таълимӣ барои 20 нафар, хобгоҳ, ошхона, мошинсарой ва дигар шароити зарурии хизматӣ мебошад.   Дар идома, Сарвари давлат ба таври фосилавӣ воситаҳои нақлиёти оташнишонии тамғаи ХОВО, ки аз ҷониби корхонаи маҷмуи васли нақлиёти оташнишонии сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ истеҳсол шудааст, намоиш дода шуд.   Таъкид гардид, ки корхонаи воҳиди давлатии маркази васлу насби нақлиёти оташнишонии назди сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо мақсади мусоидат ба саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шудааст. Он ба васлу омодасозии воситаҳои наклиёти махсуси оташнишонӣ дар базаи шассиҳои ХОВО машғул мебошад.   Гуфта шуд, ки васл ва истеҳсол ва васли ин техника дар дохили кишвар имкон медиҳад, ки хариди воситаҳои нақлиёти гаронарзиши хориҷӣ кам шуда, ҷузъу томҳои сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ саривақт бо техникаи муосири ватанӣ таъмин шаванд.   Дар ин рӯз, бинои нави шуъбачаи милитсияи шаҳраки Соҳили рости шаҳри Хуҷанд низ ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.   Бинои нав дорои 30 ҳуҷраи корӣ буда, бо шароити зарурии корӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Иншоот, ҳамчунин, дорои толори маҷлис бо 80 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона, ҳуҷраҳои хобу истироҳат ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.   Таъкид гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани чунин бинои замонавӣ барои боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти кормандони милитсия, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва тақвияти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Ҳамчунин, дар ин ҷо, бинои маъмурии шуъбачаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияҳои Шаҳритуси шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.   Иттилоъ дода шуд, ки бунёди иншооти мазкур дар заминаи сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати таҳкими иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баланд бардоштани сатҳи омодагии хизматӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои кормандон амалӣ гардидааст.   Таъмини кормандони милитсия бо шароити арзандаи корӣ барои иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, фаъолияти босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирии қонунвайронкунӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва таҳкими суботу оромӣ дар ҷомеа муҳим арзёбӣ гардид.   Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бунёди чунин иншооти муҳим бозгӯ аз таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар ба таҳкими заминаҳои моддию техникии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат барои кормандони милитсия мебошад.

    30

    10.11.2026
  •  img
    Суханронӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик Муҳтарам роҳбарон ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ!   Ҳозирини гиромӣ!   Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни касбиатон – Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик мегӯям.   Ба ҳар яки шумо саломатӣ, матонату иродаи қавӣ ва дар фаъолияти пурмасъулият, вале пурифтихоратон барору комёбиҳо орзу менамоям.   Ҳамчунин, мехоҳам хотирнишон намоям, ки фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад.   Яъне милитсияи содиқ ба қонун сипари боэътимоди ҷомеа ва кафили зиндагии ороми мардум аст.   Мо чанде пештар ҷашни бузурги миллӣ – 35–солагии истиқлоли давлатиро дар сатҳи хеле баланд ва бо тантанаҳои бесобиқа таҷлил намудем.   Тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва воҳидҳои махсуси ин ниҳоди муҳимми давлатӣ рисолати касбии худро содиқона иҷро карданд ва дар барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини оромиву осоиши мардум ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми таърихӣ гузоштанд.   Маҳз ба шарофати хизмати содиқона ва шабонарӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ имрӯз дар кишварамон суботу оромӣ ҳукмфармост ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири ободии Ватан ва пешрафти давлат ба заҳмати созанда машғуланд.   Бинобар ин, ба ҳамаи кормандон, афсарону сарбозон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар таҳкими сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ дар кишвар саҳми арзишманд гузоштаанд, миннатдории давлату Ҳукумати мамлакатро иброз медорам.   Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат дар симои корманди милитсия намояндаи қонун ва ҳомии ҳуқуқҳои худро мебинад.   Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки эҳтироми халқ ба давлат аз муносибату муоширати хуби намояндагони давлат бо мардум оғоз меёбад.   Аз ин рӯ, ҳар як корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод ба вазифа ва уҳдадориҳои хизматӣ, инчунин, садоқати худ сазовори боварии шаҳрвандон бошад.   Дар шароити муосир, ки шаклу усулҳои ҷинояткорӣ пайваста тағйир меёбанд, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон, аз худ намудани технологияҳои муосир, такмили роҳҳои омода кардани кадрҳо, донистани забонҳои хориҷӣ ва мубодилаи саривақтии иттилоот аҳаммияти махсус пайдо мекунад.   Аз ин рӯ, роҳбарони мақомот ва сохторҳои онҳо вазифадоранд, ки дар самти тарбияи кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон, риояи қатъии интизоми хизматӣ ва одобу фарҳанги муносибат бо шаҳрвандон тадбирҳои доимӣ андешанд.   Ҳозирини муҳтарам!   Имрӯз дар назди кормандони мақомоти корҳои дохилӣ иҷрои вазифаҳои бисёр муҳим қарор дорад.   Амалҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар кирдорҳои ба амнияти кишвар ва ҷомеа хатарнок аз ҷумлаи таҳдидҳои замони муосиранд, ки бояд пайваста ошкор, пешгирӣ ва бартараф карда шаванд.   Пешгирӣ кардани нуфузи андешаҳои ифротӣ, таассуби динӣ, хурофотпарастӣ ва ҳисси бегонапарастӣ ба тафаккури наврасону ҷавонон низ аз самтҳои муҳимми фаъолияти кормандони милитсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.   Иштироки фаъолона дар тарбияи худшиносиву ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ, бахусус, наврасону ҷавонон, таҳкими робитаи оила бо мактаб ва ҷомеа низ аз вазифаҳои муҳимми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад.   Онҳо бояд дар ин самт бо дигар сохтору мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва падару модарон ҳамкории доимӣ дошта бошанд.   Мо ба садоқату шуҷоати онҳое, ки дар лаҳзаҳои душвор вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро менамоянд, ҳамеша эҳтиром мегузорем.   Корномаҳои онҳо барои наслҳои имрӯзу фардо намунаи садоқат ба Ватан ва мактаби ҷавонмардиву масъулиятшиносӣ мебошад.   Дар солҳои барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ беш аз ду ҳазор нафар афсарону сарбозони мақомоти корҳои дохилӣ иҷрои вазифа ва шарафи касбии худро аз манфиатҳои шахсӣ болотар гузошта, барои ҳифзи давлат ва амнияти мардум ҷони худро дареғ надоштанд.   Ғамхорӣ ба оилаҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ ба ҳалокат расидаанд, вазифаи давлат ва сохторҳои марбута мебошад.   Ҳозирини гиромӣ!   Имрӯз ҷиҳати беҳтар намудани шароити хизмат, мустаҳкам кардани заминаи моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва таъмини фаъолияти самараноки кормандон ҳамаи тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.   Беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ба ин хотир то ба ҳол иншооту биноҳои зиёди замонавӣ сохта, ба истифода дода шуданд.   Аз ҷумла сохтмони биноҳои маъмурии раёсатҳои вазорат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, минтақаҳои Кӯлоб ва Рашт, инчунин, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар 26 шаҳру ноҳия анҷом ёфта, ҳамаи онҳо бо шароиту таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуданд.   Дар ин муддат, ҳамчунин, бунёди қисмҳои мустақили сӯхторхомӯшкунӣ дар вилояти Хатлон ва 29 шаҳру ноҳия, биноҳои маъмурии Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Рашт ва 12 шаҳру ноҳия амалӣ гардид.   Ҳамчунин, ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи хизмат барои сарбозону афсарон биноҳои маъмурии ҳамаи қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ ба таври замонавӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.   Бо дарназардошти сол ба сол васеъ гардидани доираи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ зарурати таъминоти онҳо бо кадрҳои баландихтисос низ меафзояд.   Аз ин лиҳоз, дар баробари Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, факултети фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ, Коллеҷи милитсия дар шаҳри Кӯлоб ва Коллеҷи оташнишонӣ – техникӣ дар ноҳияи Данғара таъсис дода шуд.   Имрӯз барои омода намудани кадрҳои наву баландихтисос ва мутахассисони соҳибкасби соҳа литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо беҳтарин шароиту имкониятҳо ба фаъолият оғоз намуд.   Бовар дорам, ки хатмкунандагони муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла литсейи навтаъсис дар оянда барои таҳкими волоияти қонун, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ содиқона хизмат мекунанд.   Дар замони муосир донистани забонҳои хориҷӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шарти зарурӣ мебошад.   Мо ҳамеша таъкид мекунем, ки донистани забонҳои хориҷӣ сатҳи ҷаҳондониву маърифати сиёсии кормандонро таҳким бахшида, барои муаррифии дастовардҳои миллат дар арсаи байналмилалӣ заминаи боэътимод мегузорад.   Ҳамзамон бо ин, тақвияти омӯзиши технологияҳои пешрафта, аз ҷумла зеҳни сунъӣ аз масъалаҳои бисёр муҳим мебошад.   Истифодаи технологияҳои муосир, инноватсия, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар ҳалли масъалаҳои таҳкими сулҳу оромӣ, амнияти давлат ва мубориза бо таҳдидҳои муосир нақши калон мебозад.   Ҳозирини муҳтарам!   Хотирнишон месозам, ки имрӯз вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву амниятии ҷаҳони муосир ва пайомадҳои ногувори он сокинони сайёраро ба ташвиш овардааст.   Мо вазифадорем, ки тавассути тақвият бахшидани пояҳои давлатдорӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ ва таҳкими суботи иҷтимоӣ мамлакатро аз таъсири манфии равандҳои зикршуда эмин нигоҳ дорем.   Аз ин хотир, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд зиракиву ҳушёрӣ ва омодабошии касбиро аз даст надода, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол, амнияти давлат ва таҳкими сулҳу субот дар мамлакат содиқона фаъолият намоянд.   Ҳамзамон бо ин, нисбат ба беинтизомӣ, суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, муносибати дағалона бо шаҳрвандон ва ҳар гуна зуҳуроти коррупсионӣ бояд оштинопазир бошанд.   Ҳар як корманд бояд дарк намояд, ки либоси хизматӣ рамзи эътимоди давлат ва мардум, нишонаи масъулияти баланд ва вазифаи муқаддас дар назди қонун мебошад.   Мо бояд барои он талош намоем, ки ҳар як шаҳрванд дар ҳар гӯшаи мамлакат худро дар паноҳи қонун эҳсос намояд, аз ҳуқуқу озодиҳои худ бархурдор бошад ва ба фардои осоиштаи Тоҷикистон бовар дошта бошад.   Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд дар хотир дошта бошанд, ки ҳифзи амнияти кишвар, таъмини сулҳи пойдор ва ояндаи дурахшони давлату миллат вазифаи пуршараф ва қарзи виҷдонии ҳар яки онҳо мебошад.   Бори дигар ҳамаи кормандону собиқадорон ва афсарону сарбозони шуҷои мақомоти корҳои дохилиро ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик шодбош гуфта, ба ҳар яки онҳо дар роҳи хизмат ба халқу Ватан садоқату матонат ва иродаи устувори касбӣ орзу менамоям.   Итминони комил дорам, ки кормандони мақомот ва сарбозону афсарон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва касбияти баланд барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти давлату ҷомеа, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар ҳамеша омода хоҳанд буд.   Дар иҷрои ин рисолати пуршараф ба ҳамаи шумо саломатӣ, иродаи қавӣ, масъулияти баланд ва хизмати содиқона орзумандам.   Рӯзи милитсияи тоҷик муборак бошад, ҳозирини муҳтарам!

    33

    10.11.2026
  •  img
    Иштирок дар ҷамъомади идона ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик 10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.   Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарон ва кормандони мақомоти корҳои дохилии кишварро ба муносибати ҷашни касбӣ - Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик гуфтанд.   Сарвари давлат таъкид доштанд, ки фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад. Яъне милитсияи содиқ ба қонун сипари боэътимоди ҷомеа ва кафили зиндагии ороми мардум аст.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои 35 соли даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва воҳидҳои махсуси ин ниҳоди муҳимми давлатӣ рисолати касбии худро содиқона иҷро карданд ва дар барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини оромиву осоиши мардум ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми таърихӣ гузоштанд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизмати содиқона ва шабонарӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба ҳамаи кормандон, афсарону сарбозон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар таҳкими сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ дар кишвар саҳми арзишманд гузоштаанд, миннатдорӣ иброз доштанд.   Дар назди кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин, як қатор вазифаҳо гузошта шуд.   Дар робита ба шароити муосир, ки шаклу усулҳои ҷинояткорӣ пайваста тағйир меёбанд, роҳбарони мақомот ва сохторҳои онҳо вазифадор шуданд, ки дар самти тарбияи кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон, риояи қатъии интизоми хизматӣ ва одобу фарҳанги муносибат бо шаҳрвандон тадбирҳои доимӣ андешанд.   “Иштироки фаъолона дар тарбияи худшиносиву ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ, бахусус, наврасону ҷавонон, таҳкими робитаи оила бо мактаб ва ҷомеа низ аз вазифаҳои муҳимми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад”, - изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.   Дар ин роҳ ҳамкории доимӣ бо дигар сохтору мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва падару модарон зарур дониста шуд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “мо ба садоқату шуҷоати онҳое, ки дар лаҳзаҳои душвор вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро менамоянд, ҳамеша эҳтиром мегузорем”.   Дар ин робита Пешвои миллат иброз доштанд, ки ғамхорӣ ба оилаҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ ба ҳалокат расидаанд, вазифаи давлат ва сохторҳои марбута мебошад.   Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тадбирҳои беҳтар намудани шароити хизмат, мустаҳкам кардани заминаи моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва таъмини фаъолияти самараноки кормандон, инчунин сохтмони биноҳои маъмурии раёсатҳои вазорат дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар андешаронӣ намуданд.   Таъкид гардид, ки дар баробари Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, факултети фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, Коллеҷи милитсия дар шаҳри Кӯлоб ва Коллеҷи оташнишонӣ - техникӣ дар ноҳияи Данғара таъсис дода шуд.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки хатмкунандагони муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла литсейи навтаъсис, дар оянда барои таҳкими волоияти қонун, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ содиқона хизмат мекунанд.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишҷуёнро ба донистани забонҳои хориҷӣ, тақвияти омӯзиши технологияҳои пешрафта, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, ҳидоят намуданд.   Вобаста ба вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву амниятии ҷаҳони муосир ва пайомадҳои ногувори он таъкид шуд, ки мо тавассути тақвият бахшидани пояҳои давлатдорӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ ва таҳкими суботи иҷтимоӣ кишварро аз таъсири манфии равандҳои зикршуда эмин нигоҳ дорем.   “Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд дар хотир дошта бошанд, ки ҳифзи амнияти кишвар, таъмини сулҳи пойдор ва ояндаи дурахшони давлату миллат вазифаи пуршараф ва қарзи виҷдонии ҳар яки онҳо мебошад”,- изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.   Дар фароварди сухан Роҳбари давлат бо итминон изҳор доштанд, ки кормандони мақомот ва сарбозону афсарон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва касбияти баланд барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти давлату ҷомеа, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар ҳамеша омода хоҳанд буд.

    34

    10.11.2026