13.03.2026
13 марти соли 2026, дар ҳошияи Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қунғратбой Шарипов баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм, рушди робитаҳои байни донишгоҳҳои ду кишвар, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, густариши табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки илмиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки муносибатҳои ду кишвар дар соҳаи маориф ва илм имрӯз ба марҳилаи сифатан нав ворид шуда, имзои созишномаҳои байниҳукуматӣ, таъсиси факултетҳои муштарак, татбиқи барномаҳои мубодилаи академӣ ва афзоиши ҳамкориҳои мустақими донишгоҳҳо гувоҳи равшани таҳкими робитаҳои илмию таълимии Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад.
Таъкид гардид, ки заминаи асосии густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои самараноки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф ва илм, сиёсати хирадмандона ва созандаи сарони ду давлат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мебошад. Маҳз бо ташаббус ва иродаи сиёсии роҳбарони ду кишвар муносибатҳои дуҷониба ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, ҳамкориҳо дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва дигар самтҳои муҳим ба таври бесобиқа густариш ёфтаанд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз шарикони муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм ба ҳисоб меравад ва донишгоҳҳои Тоҷикистон пайваста бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ӯзбекистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.
Дар навбати худ, вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз сатҳи баланди ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки густариши ҳамкориҳои байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои таҳкими робитаҳои илмӣ, табодули таҷриба ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ аҳамияти муҳим дорад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки баргузории форуми навбатии ректорон ба таҳкими бештари робитаҳои илмию таълимӣ, рушди сармояи инсонӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос барои рушди устувори ду кишвар мусоидат хоҳад кард.