16.03.2026

 img

ДУШАНБЕ, 16.13.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, дар озмун беш аз 21 нафар омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагон иштирок намуда, тибқи низомномаи озмун маҳорату истеъдоди худро нишон доданд.

Иброз гардид, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ барои гиромидошти мероси бузурги адабӣ ва таърихии халқи тоҷик – «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳисоб меравад. Ин иқдом на танҳо таваҷҷуҳ ба асари классикии адабиёти халқи тоҷик, балки қадами устувор дар роҳи таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихӣ ва баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ ва ватандӯстии аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Гуфта шуд, ки «Шоҳнома»  чун яке аз шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳонӣ дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани маърифати маънавии ҷавонон нақши муҳим дорад.

Таъкид гардид, ки бо ташаббусҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, махсусан иқдоми фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории чунин озмунҳо ба рушду густариши маърифати китобхонӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии миллат мусоидат менамояд.

Натиҷаи озмун аз тарафи аъзои ҳакамон ҷамъбаст гардида, ғолибон ба даври навбатии озмун роҳхат гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» соли 2026 ба ифтихори 35 — солагии ҷашни муқаддаси миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамаҷонибаи ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгонамон давоми таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва бо ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар асари мондагору пурарзиши Ҳаким Абдулқосими Фирдавсӣ — «Шоҳнома» инъикос ёфтааст, баргузор мешавад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

 

Хабарҳои дигар

  •  img
    Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои соли таҳсили 2026-2027 оғоз гардид. ДУШАНБЕ, 16.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои соли таҳсили 2026-2027 оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» иттилоъ медиҳад. Барномаи мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ки дар якчанд муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз рӯйи ихтисосҳои гуногун таҳсил намоянд. Қабули довталабон тибқи талаботи донишгоҳҳои қабулкунанда ва пас аз гузаштани мусоҳиба (Interview) амалӣ мегардад. Соли аввали таҳсил бо омӯзиши пешакии забони чинӣ оғоз гардида, баъдан таҳсил аз рӯи ихтисоси интихобшуда идома меёбад. Довталабон метавонанд дар муассисаҳои гуногуни Ҷумҳурии Мардумии Чин аз рӯйи ихтисосҳои технологияҳои мехатроника, технологияҳои татбиқи компютер, ҳамширагӣ, технологияи тасвирбардории тиббӣ, терапияи барқарорсозӣ, дорусозӣ, тиҷорати электронӣ ва дигар ихтисосҳо таҳсил намоянд. Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо то 30 апрели соли 2026 пешбинӣ шудааст. Довталабон метавонанд барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба шартҳои қабул, рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва тартиби пешниҳоди онҳо ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 ё телефони 223-23-59 муроҷиат намоянд.

    10

    16.03.2026
  •  img
    ШОМИ ФАРҲАНГИИ СЕЮМИН ФОРУМИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН Дар доираи баргузории сеюмин Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон шоми фарҳангӣ бо иштироки намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар баргузор гардид. Барномаи фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони ансамбли “Чеҳранамо”-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, инчунин дигар сарояндагон ва дастаҳои рақсии кишвар пешниҳоди меҳмонон гардонида шуд. Дар рафти шоми фарҳангӣ суруду оҳангҳои дилнишин ва рақсу таронаҳои миллӣ пешкаш гардида, фарҳангу санъати ғании тоҷиконро бозгӯ намуданд. Ҳунармандон бо иҷрои барномаҳои рангини худ фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагиро миёни иштирокдорони форум боз ҳам таҳким бахшиданд. Меҳмонони форум, аз ҷумла ректорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар, аз барномаи фарҳангӣ таассуроти нек бардошта, онро намунаи равшани ғановати фарҳанг ва суннатҳои миллии тоҷикон арзёбӣ намуданд. Албатта баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар доираи форумҳо ба таҳкими робитаҳои дӯстона, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангии миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат менамояд.  

    30

    13.03.2026
  •  img
    ҲАМОИШИ ИДОНА ТАҲТИ УНВОНИ «БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ» 13 марти соли 2026 бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» ба муносибати Рӯзи модар, Рӯзи матбуоти тоҷик ва фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши идона таҳти унвони «Баҳори маърифат: модар, қалам ва Наврӯз» баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода, сармуҳаррири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» Дилафрӯз Қурбонзода, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Атозода, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Саъдӣ Қосимӣ, ходими Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Олим Бухориев, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор» Эҳсон Сафарзода, сармуҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» Ноилшоҳ Нурализода, инчунин, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, устодону омӯзгорон, аҳли қалам ва муаллифони фаъоли маҷалла ширкат варзиданд. Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии сармуҳаррири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» оғоз гардид. Мавсуф меҳмонон ва иштирокдорони чорабиниро хайрамақдам гуфта, баргузории чунин ҳамоишро дар арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ,  таҳкими робитаҳои эҷодиву маърифатӣ ва қадршиносии аҳли илму маориф амри зарурӣ донист. Сипас, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашнҳои фархунда табрик гуфт. Номбурда таъкид кард, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои тамаддуни башар буда, рамзи эҳёи табиат, оғози фасли баҳор ва таҷдиди зиндагӣ маҳсуб меёбад. Арзишҳои маънавии Наврӯз инсонро ба некандешӣ, меҳнатдӯстӣ ва созандагӣ ҳидоят намуда, бо ғояҳои илму маърифат ва тарбияи инсон ҳамоҳанг мебошанд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҷомеаро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ медонанд. Дар ин замина, нақши омӯзгорон дар тарбияи насли донишманду ватандӯст ва инчунин, саҳми воситаҳои ахбори омма дар тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ ва инъикоси дастовардҳои соҳаи маориф муҳим арзёбӣ гардид. Дар идомаи ҳамоиш ходими Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ О. Бухориев дар мавзуи «Нақши зан-модар дар таълим ва тарбия» суханронӣ намуда, мақому манзалати модарро дар тарбияи фарзанд ва ташаккули ҷомеаи солим басо арзишманд хонд. Сипас, сармуҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» дар мавзуи «Дониш ва омӯзгор» - ниҳоли тозае дар боғи матбуоти тоҷик» маъруза намуда, бо ёдоварӣ аз таърих, марҳилаҳои ташаккул ва фаъолияти имрӯзаи маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» нақши матбуоти соҳавиро дар рушди матбуоти миллӣ ва инъикоси масъалаҳои соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор дод. Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон зимни маърузаи худ дар мавзуи «Заминаҳои пайдоиши нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф» ва ташаккули матбуоти миллӣ» аз таърихи пайдоиш ва аҳаммияти аввалин рӯзномаи тоҷикӣ дар рушди ҳаёти фарҳангиву иҷтимоии ҷомеа ёдовар шуд. Дар идома, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор С. Қосимӣ дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ ва ҷашни Наврӯз» суханронӣ намуда, таъкид кард, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ арзишҳои фарҳангии миллӣ, аз ҷумла, Наврӯз, эҳё гардида, ба рамзи худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа табдил ёфтааст. Дар қисмати дигари ҳамоиш сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор», муҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» С. Набиева ва омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Мавлоназаров оид ба мавзуъҳои мавриди назари ҳамоиш андешаронӣ намуданд. Дар ҷараёни ҳамоиш барномаи фарҳангӣ низ пешниҳод гардид. Аз ҷумла, суруди «Омӯзгор» дар иҷрои С. Раҷабзода, суруди «Сарварам» дар иҷрои Д.Шеров, қироати шеър аз ҷониби тарбиягирандагони кӯдакистони №1-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳти унвони «Меҳри модар» ва рақс дар иҷрои хонандаи МТМУ №102 ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати тоза бахшид. Дар хотимаи ҳамоиш як қатор кормандони соҳаи маориф, аҳли қалам, омӯзгорон ва муаллифони фаъоли маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф ва ҳамкории судманд бо нашрия бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.  

    38

    13.03.2026