04.06.2026

 img

Дар доираи назорати раванди ҷамъбасти соли таҳсили 2025–2026 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан аз муассисаҳои таҳсилоти умумии №36 ва №46 ноҳияи Рӯдакӣ боздид ба амал овард.

 

Зимни боздид ба рафти аттестатсияи хатми синфи 9 ва аттестатсияи аз синф ба синфгузаронии хонандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, шароити ташкили имтиҳонҳо, фаъолияти комиссияҳои аттестатсионӣ ва риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа мавриди санҷиш қарор гирифт.

 

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар муассисаҳои мазкур раванди аттестатсия дар асоси талаботи меъёрии амалкунанда ба роҳ монда шуда, барои баргузории босифати он тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

 

Имтиҳонҳо дар фазои созгор ва бо риояи меъёрҳои шаффофият ва адолат баргузор мегарданд.

 

Ҳамзамон, зимни мулоқот бо роҳбарият ва омӯзгорон масъалаҳои марбут ба натиҷагирии соли таҳсил, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон ва тақвияти масъулияти омӯзгорон дар раванди баҳогузорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

 

Дар анҷоми боздид ба масъулини соҳа ҷиҳати таъмини иҷрои босифати талаботи меъёрӣ ва омодагии муассисаҳо ба анҷоми соли таҳсил дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуданд. 

  • БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ ВА АЗ СИНФ БА СИНФГУЗАРОНИИ ХОНАНДАГОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ  img
  • БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ ВА АЗ СИНФ БА СИНФГУЗАРОНИИ ХОНАНДАГОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ  img
  • БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ ВА АЗ СИНФ БА СИНФГУЗАРОНИИ ХОНАНДАГОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ  img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРРАСИИ ВАЗЪИ РИОЯ ВА ИҶРОИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ 4 июни соли ҷорӣ ҷаласаи кории назди муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода баргузор гардида, дар он вазъи риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар фаъолияти муассисаҳои таълимии давлатии томактабии ҷумҳурӣ дар давраи соли 2025 ва се моҳи соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт.   Дар кори ҷаласа Прокурори калони раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Холов иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои мавриди назар суханронӣ кард.   Зимни ҷаласа фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар самти риояи қонунгузории ҷорӣ, аз ҷумла вобаста ба таълиму тарбия ва нигоҳубини кӯдакон, татбиқи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаҳои томактабӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ”, инчунин риояи қоидаҳо ва меъёрҳои санитарӣ таҳти таҳлили амиқ қарор дода шуд.   Қайд гардид, ки масъалаҳои вобаста ба ғизонокии хӯрок, вазъи санитарию беҳдоштӣ ва ҳолати техникиву нигоҳдории биноҳои муассисаҳои таълимӣ аз самтҳои муҳими назорат ба ҳисоб рафта, дар баъзе муассисаҳои санҷидашуда камбудиҳо ба назар мерасанд.   Муовини вазири маориф ва илм зимни баромади худ таъкид намуд, ки Вазорати маориф ва илм ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ҷиҳати татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.   Зикр гардид, ки дар самти такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ корҳои назаррас анҷом дода шуда, танҳо дар ду соли охир як қатор тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, инчунин якчанд низомнома ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки аз таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ба соҳаи таҳсилоти томактабӣ шаҳодат медиҳанд.   Дар фарҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки масъулин бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқиро роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, камбудиҳои мавҷударо дар муҳлатҳои муқарраршуда бартараф намуда, аз натиҷаи чораҳои андешидашуда ба мақомоти дахлдор ҳисобот пешниҳод намоянд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    11

    04.06.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ДАВРИ СЕЮМ (МИНТАҚАВӢ)-И ОЗМУНИ «ХОНАНДАИ СОЛ» Имрӯз, 4 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе даври сеюм (минтақавӣ)-и озмуни «Хонандаи сол» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.   Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, намояндагони шуъбаҳои маориф, омӯзгорон, волидайн ва хонандагон иштирок намуданд.   Муовини вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид намуд, ки озмуни «Хонандаи сол» яке аз воситаҳои муҳими дарёфт, дастгирӣ ва рушди хонандагони лаёқатманд буда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, фарҳанги муошират ва ташаккули малакаҳои эҷодиву таҳлилӣ мусоидат менамояд. Зикр гардид, ки таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф барои рушди қобилияти зеҳнии наврасону ҷавонон имкониятҳои мусоид фароҳам овардааст.   Дар идомаи чорабинӣ иштирокдорони озмун донишу маҳорати худро аз рӯйи шартҳои Низомнома ба намоиш гузошта, барои роҳ ёфтан ба даври ҷумҳуриявӣ байни ҳам рақобати зеҳнӣ менамоянд. 

    35

    04.06.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОМӮЗИШӢ-МАШВАРАТӢ БО МУТАСАДДИЁНИ ИСТИРОҲАТГОҲҲОИ ТОБИСТОНАИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОН 4 июни соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора»-и шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ семинари ҷумҳуриявии омӯзишӣ-машваратӣ бо иштироки мутасаддиёни истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакон ва наврасон доир гардид.   Дар кори семинар Ҷ. Амиров, сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, М. Давлатзода, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Федератсияи иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ,  Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, роҳбарони истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.   Семинарро директори Маркази ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ намуда,  сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хусуси дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, алалхусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба муҳайё намудани шароит барои муҳити солим ва истирошати бофароғати кӯдакону наврасон, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва ташкилӣ дар истироњатгоњњои тобистона, љалби бештари кӯдакону наврасон ба истироҳату солимгардонӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни вазорату идораҳои дахлдор дар давраи ташкили мавсими истироҳат иборзи андеша намуданд.   Сипас, намояндагони вазорату идораҳо оид  ба  тартиби  тақсимоти  роҳхатҳо  вобаста  ба  маблағҳои  пешбининамудаи   Агентии  суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва маблағҳои иттифоқи касаба барои истироҳатгоҳҳои кӯдакон ва наврасон дар соли 2026, тартиби  ташкили  бунгоҳои  тиббӣ  ва   таъмини истироҳатгоҳҳо  бо  табибон  ва  маводҳои  доруворӣ, тартиби  гирифтани  иҷозатнома  ва  пешгирии бемориҳои  сироятӣ, роҳҳои  пешгирии  ҳолатҳои  фавқулодда  аз  ҷумла, пешгирии  ғарқшавии  кӯдакону  наврасон  дар  истироҳатгоҳҳо, роҳҳои ташкили бехатарии кӯдакон дар истироҳатгоҳҳо ва  пешгирии  ҳуқуқвайронкунӣ  байни ноболиғон, нақшаи намунавии ҳафтаинаи фаъолияти истироҳатгоҳ  ибрози андеша намуда, оид ба тарзи кушодашавӣ ва пӯшидашавии истироҳатгоҳ корҳои амалӣ гузаронида шуд.   Қайд гардид, ки соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор Низомномаи истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ ва бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм Низомномаи истироҳатгоҳи наздимуассисавӣ дар таҳрири нав таҳия ва тасдиқ карда шуда, дастраси иштирокчиёни семинар гардонида шуданд.   Дар рафти семинар миёни иштирокчиён музокира доир гардида, вобаста ба саволҳои додашуда аз ҷониби маърузачиён ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуданд.

    14

    04.06.2026