04.06.2026
4 июни соли ҷорӣ ҷаласаи кории назди муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода баргузор гардида, дар он вазъи риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар фаъолияти муассисаҳои таълимии давлатии томактабии ҷумҳурӣ дар давраи соли 2025 ва се моҳи соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар кори ҷаласа Прокурори калони раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Холов иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои мавриди назар суханронӣ кард.
Зимни ҷаласа фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар самти риояи қонунгузории ҷорӣ, аз ҷумла вобаста ба таълиму тарбия ва нигоҳубини кӯдакон, татбиқи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаҳои томактабӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ”, инчунин риояи қоидаҳо ва меъёрҳои санитарӣ таҳти таҳлили амиқ қарор дода шуд.
Қайд гардид, ки масъалаҳои вобаста ба ғизонокии хӯрок, вазъи санитарию беҳдоштӣ ва ҳолати техникиву нигоҳдории биноҳои муассисаҳои таълимӣ аз самтҳои муҳими назорат ба ҳисоб рафта, дар баъзе муассисаҳои санҷидашуда камбудиҳо ба назар мерасанд.
Муовини вазири маориф ва илм зимни баромади худ таъкид намуд, ки Вазорати маориф ва илм ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ҷиҳати татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Зикр гардид, ки дар самти такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ корҳои назаррас анҷом дода шуда, танҳо дар ду соли охир як қатор тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, инчунин якчанд низомнома ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки аз таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ба соҳаи таҳсилоти томактабӣ шаҳодат медиҳанд.
Дар фарҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки масъулин бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқиро роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, камбудиҳои мавҷударо дар муҳлатҳои муқарраршуда бартараф намуда, аз натиҷаи чораҳои андешидашуда ба мақомоти дахлдор ҳисобот пешниҳод намоянд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон