04.06.2026
4 июни соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора»-и шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ семинари ҷумҳуриявии омӯзишӣ-машваратӣ бо иштироки мутасаддиёни истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакон ва наврасон доир гардид.
Дар кори семинар Ҷ. Амиров, сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, М. Давлатзода, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Федератсияи иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, роҳбарони истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Семинарро директори Маркази ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ намуда, сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хусуси дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, алалхусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба муҳайё намудани шароит барои муҳити солим ва истирошати бофароғати кӯдакону наврасон, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва ташкилӣ дар истироњатгоњњои тобистона, љалби бештари кӯдакону наврасон ба истироҳату солимгардонӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни вазорату идораҳои дахлдор дар давраи ташкили мавсими истироҳат иборзи андеша намуданд.
Сипас, намояндагони вазорату идораҳо оид ба тартиби тақсимоти роҳхатҳо вобаста ба маблағҳои пешбининамудаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва маблағҳои иттифоқи касаба барои истироҳатгоҳҳои кӯдакон ва наврасон дар соли 2026, тартиби ташкили бунгоҳои тиббӣ ва таъмини истироҳатгоҳҳо бо табибон ва маводҳои доруворӣ, тартиби гирифтани иҷозатнома ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда аз ҷумла, пешгирии ғарқшавии кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳҳо, роҳҳои ташкили бехатарии кӯдакон дар истироҳатгоҳҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон, нақшаи намунавии ҳафтаинаи фаъолияти истироҳатгоҳ ибрози андеша намуда, оид ба тарзи кушодашавӣ ва пӯшидашавии истироҳатгоҳ корҳои амалӣ гузаронида шуд.
Қайд гардид, ки соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор Низомномаи истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ ва бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм Низомномаи истироҳатгоҳи наздимуассисавӣ дар таҳрири нав таҳия ва тасдиқ карда шуда, дастраси иштирокчиёни семинар гардонида шуданд.
Дар рафти семинар миёни иштирокчиён музокира доир гардида, вобаста ба саволҳои додашуда аз ҷониби маърузачиён ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуданд.