07.05.2026
7 майи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо намояндаи кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) дар Тоҷикистон Симон Ҳоллема баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот вазири маориф ва илм Симон Ҳоллемаро ба муносибати таъин гардиданаш ба ҳайси мудири кишварӣ ва намояндаи доимии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъда муваффақият орзу кард.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар самти татбиқи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022–2027 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки айни замон Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ зиёда аз 1800 муассисаи таҳсилоти умумиро бо орди гандуми ғанигардонидашуда, равғани растанӣ ва нахуд таъмин менамояд. Амалисозии барномаи мазкур бо саҳми мақомоти маҳаллӣ ва падару модарон ба роҳ монда шуда, онҳо хароҷоти коммуналӣ, аз ҷумла, пардохти нерӯи барқ, об, сӯзишворӣ ва дигар хароҷоти вобастаро таъмин менамоянд.
Дар идомаи мулоқот зикр шуд, ки бо мақсади такмили низоми ғизои мактабӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди ғизои мактабиро барои солҳои 2022–2027 қабул намуд ва татбиқи он идома дорад. Барномаи мазкур ба баланд бардоштани сифати ғизои мактабӣ, беҳтар намудани инфрасохтори ошхонаҳои мактабӣ ва таъмини хонандагон бо ғизои солиму мутавозин равона гардидааст.
Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки дар доираи татбиқи Барномаи давлатӣ аз соли 2022 маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои ташкили ғизои мактабӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ оғоз гардидааст. Дар натиҷа, шумораи муассисаҳои фарогири барнома аз 43 муассисаи соли 2022 ба 176 муассиса дар соли 2026 расида, ҳаҷми маблағгузорӣ аз 5,5 миллион сомонӣ то ба 37 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ Бахши ғизои мактабӣ таъсис дода шуда, фаъолияти самаранок дорад.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аввалин давлатест, ки ба Эътилофи ҷаҳонии ғизои мактабӣ ҳамроҳ гардидааст.
Дар рафти мулоқот вазири маориф ва илм ба масъалаи таъхири дастрасии маводи ғизоӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Қайд гардид, ки аз моҳи январи соли 2026 то имрӯз баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маводи ғизоӣ дарёфт накардаанд, ки ин метавонад ба ҷараёни мунтазами ғизодиҳии хонандагон таъсири манфӣ расонад.
Вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки вазорат ҷиҳати ҳарчи зудтар барқарор намудани таъминоти мунтазами маводи ғизоӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ, ҳамкории пайваста дорад ва пешниҳод намуд, ки муҳлати дастрас намудани маводи ғизоӣ бозбинӣ карда шавад.
Ҳамзамон, ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо ва тақвияти низоми мониторингу ҳисоботдиҳиро дар доираи созишномаҳои амалкунанда муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ин замина таъкид гардид, ки амалисозии ҳама гуна чорабиниҳо дар самти ғизои мактабӣ бояд дар ҳамоҳангӣ бо мақоми ваколатдор дар соҳаи маориф ба роҳ монда шавад.
Дар доираи вохӯрӣ инчунин масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани шароити ошхонаҳои мактабӣ, таъмиру таҷҳизонидани онҳо ва таъмин намудани ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо маводи ғизоӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми мулоқот вазир ба Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ барои ҳамкориҳои судманд, аз ҷумла дастгирӣ дар самти татбиқи Барномаи ғизои мактабӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ, инчунин мусоидат дар сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимии зарардида дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба як қатор ҳуҷҷатҳои дахлдори ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти рушди ғизои мактабӣ ва таъмини хонандагон бо ғизои солиму босифат таъкид намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон