25.02.2026
25 феврали соли 2026 таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар Вазорати маориф ва илм ҷаласаи кории онлайнӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат иштирок намуданд. Ҳамзамон, ба тариқи онлайнӣ сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, инчунин роҳбарони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва директорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии кишвар ширкат варзиданд.
Тибқи рӯзнома, дар ҷаласа масъалаҳои иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар ҷашнҳои дар соли 2026 банақшагирифташуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, иҷрои дастуру супоришҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи ошкору бақайдгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиноятии коррупсионӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ дар соҳаи маориф ва илм дар соли 2025 муҳокима гардид. Дар ин замина таъкид шуд, ки пешгирии омилҳои коррупсионӣ, риояи қатъии қонунгузорӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин манъи ҷамъоварии маблағ барои театр ва кино дар муассисаҳои таълимӣ, бояд зери назорати ҷиддӣ қарор дошта бошад.
Дар ҷараёни ҷаласа махсус таъкид гардид, ки роҳбарону масъулини соҳаи маориф ва илм ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсионӣ, роҳ надодан ба ҳама гуна амалҳои ғайриқонунӣ, тақвияти шаффофият дар фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва риояи қатъии талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Қайд карда шуд, ки назорати доимӣ аз болои истифодаи маблағҳо, пешгирии ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ аз волидон ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандону омӯзгорон бояд дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ қарор дошта, ҳамчун яке аз самтҳои калидии таъмини фаъолияти шаффоф ва одилона арзёбӣ гардад.
Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, дуруст ва саривақт пешниҳод намудани ҳисоботи оморӣ, таҳкими интизоми меҳнат, истифодаи самараноки технологияҳои муосир ва тавсеаи имкониятҳои рақамӣ дар муассисаҳои таълимӣ баррасӣ шуданд.
Вазири маориф ва илм зарурати таҳкими худогоҳию худшиносии миллӣ миёни наврасону ҷавонон, вусъат бахшидан ба корҳои тарбиявӣ ва пешгирии амалҳои ҷинояткорӣ миёни ноболиғонро таъкид намуд. Ҳамчунин, омодагӣ ва баргузории босифати озмунҳои ҷумҳуриявӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.
Зимни баррасии масъалаҳо вазир аз масъулин даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар тадбирҳои мушаххас андешанд. Таъкид гардид, ки баланд бардоштани масъулияти роҳбарон, таъмини шаффофияти фаъолият, таҳкими назорати дохилӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда аз вазифаҳои афзалиятноки соҳа ба шумор мераванд.
Дар фарҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон