24.02.2026

 img

Бо ибтикор ва мусоидати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 феврали соли 2026 Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мизбони намояндагони ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир гардид. Ҳайати меҳмононро ҷаноби Петер Бургман роҳбарӣ мекард.

Мулоқоти расмӣ бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, ректори Донишгоҳ Ж. Гулназарзода, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм Н. Ғафуриён ва роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда баргузор гардид.

Зимни суханронӣ муовини вазири маориф ва илм меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз дастовардҳои назарраси даврони Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, забони англисӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, барои татбиқи барномаҳои навин ва баланд бардоштани сатҳи забондонӣ пайваста тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд.

Ҷаноби Петер Бургман дар навбати худ аз меҳмоннавозии мардуми тоҷик, зебоии шаҳри Душанбе ва имкониятҳои мусоиди муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ибрози қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки ширкати «Эфекта» омода аст барои омӯзгорон ва донишҷӯёни Тоҷикистон семинарҳои илмӣ ва дарсҳои назариявию амалӣ ба таври ройгон роҳандозӣ намояд.

Дар анҷоми ҳамоиш миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Ҳадафи санади мазкур роҳандозии платформаи муосири омӯзиши забони англисӣ барои беш аз 300 нафар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба таври ройгон мебошад. Боиси ифтихор аст, ки зиёда аз 100 нафар омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аллакай ба ин барнома номнавис шудаанд.

Дар поёни маросим бо нишони эҳтиром ба суннатҳои дерини меҳмоннавозии тоҷикон ба ҷаноби Петер Бургман туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.

Иқдоми мазкур қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди босифати забономӯзӣ дар низоми таҳсилоти олии кишвар арзёбӣ мешавад.

Маркази матбуоти 

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  •  ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ МИЁНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ВА ШИРКАТИ «ЭФЕКТА»-И БРИТАНИЯИ КАБИР img
  •  ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ МИЁНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ВА ШИРКАТИ «ЭФЕКТА»-И БРИТАНИЯИ КАБИР img
  •  ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ МИЁНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ВА ШИРКАТИ «ЭФЕКТА»-И БРИТАНИЯИ КАБИР img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО ҶИҲАТИ ПАЙВАСТ НАМУДАНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БА ИНТЕРНЕТ ДАР ДОИРАИ ТАШАББУСИ GIGA 24 феврали соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо  ҳайати ташаббуси Giga ва намояндагони ЮНИСЕФ вохӯрӣ баргузор намуд. Вохӯрӣ бо ҳадафи муаррифии расмии ташаббуси Giga ва баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ ҷиҳати пайваст намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба интернет доир шуд. Зимни мулоқот нақшаи кории хароҷотнокшуда вобаста ба пайвастшавии мактабҳо ба интернет пешниҳод гардида, масъалаҳои харитасозии муассисаҳои таълимӣ, муайян намудани вазъи мавҷудаи пайвастшавӣ ва қадамҳои минбаъдаи татбиқи лоиҳа мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки таъмини муассисаҳои таълимӣ бо интернети босуръат заминаи муҳимми рушди маорифи рақамӣ ва баланд бардоштани сифати таълим ба шумор меравад. Муовини якуми вазир аҳаммияти муҳим доштани масъалаи дастрасии мактабҳо ба интернетро зикр намуда, иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илм омода аст ҳамкориҳоро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла бо ЮНИСЕФ, дар самти рақамикунонии соҳаи маориф ва фароҳам овардани имкониятҳои баробари таълим барои хонандагон густариш диҳад. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкорӣ дар доираи ташаббуси Giga минбаъд низ идома ёфта, тадбирҳои мушаххас барои пайваст намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба интернети босуръат марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    17

    24.02.2026
  •  img
    УСУЛИ МАКТАБ БА МАКТАБ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №4-И ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ Дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ таҳти унвони “Усули мактаб ба мактаб” бо роҳбарии сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода дар муассисаи таълимии №4-и шаҳри Левакант вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини соҳаи иҷтимоии раиси шаҳр, мудири шуъбаи маориф, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, падару модарони толибилмон ва дигар фаъолони ҷомеа иштирок намуданд. Ёдовар мешавем, ки давоми рӯз гурӯҳҳои корӣ фаъолияти муассисаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, дар назди падару модарон вобаста ба ҳолати ҷойдошта ҳисобот пешниҳод карданд. Гурӯҳи корӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва афзоиши дастовардҳои хонандагон тавсияҳои мушаххас ироа намуд. Зимни суханронӣ З. Абдулзода доир ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳаммияти дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат дар самти рушди соҳаи маориф андешаронӣ намуд. Ҳамчунин, мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» шарҳ дода шуда, зарурати таҳкими ҳамкории падару модарон бо муассисаҳои таълимӣ таъкид гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими таълим, аз ҷумла риояи талаботи либоси ягонаи мактабӣ, таъмин будани хонандагон бо китобҳои дарсӣ ва дигар лавозимоти хониш, назорати давомот ва рӯзномадорӣ, иштироки фаъолонаи толибилмон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва фаъол гардонидани падару модарон баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба эълон гардидани солҳои 2026–2030 ҳамчун “Солҳои фарҳанги китобхонӣ” равона гардида, ҷиҳати беҳтар намудани шароити китобхонаҳои муассисавию ҷамоавӣ ва истифодаи самараноки китобҳои электронӣ пешниҳодҳои судманд иброз гардиданд. Ҳамзамон, масъалаҳои эмин нигоҳ доштани насли наврас аз ҷинояту ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва дигар амалҳои номатлуб мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор гирифтанд. Лозим ба таъкид аст, ки аз тарафи сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон нисбат ба масъалаи давомоти хонандагон дар дарс, назорати дохилимуассисавӣ ва донишу ҷаҳонбинии толибилмони муассиса изҳори нигаронӣ карда шуд. Таъкид шуд, ки татбиқи “Усули мактаб ба мактаб” бо дастури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо амалӣ гардида, ба иҷрои амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат равона шудааст. Дар идомаи вохӯрӣ инчунин аз дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, зарурати баланд бардоштани масъулияти омӯзгорон ва падару модарон ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълим ва афзоиши дастовардҳои хонандагон таъкид гардид.  

    61

    21.02.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ Имрӯз, 21 феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазир, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд. Ҷаласаро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, доир ба иҷрои супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироагардида изҳори назар намуд. Таъкид гардид, ки бо мақсади воридшавии ҳарчи зудтари маорифи кишвар ба фазои ягонаи байналмилалии таҳсилот гузариш ба низоми кредитии таҳсилот ҳануз аз соли 2004 оғоз шуда, соли 2014 ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пурра ба ин низом гузаштаанд. Бо вуҷуди ин, зарурати таҳлили ҳамаҷонибаи бурду бохти низоми мазкур ва аз байн бурдани омилҳои инсонӣ ҳангоми баргузории имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм ба миён омадааст. Вобаста ба ин, пешниҳодҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъоварӣ гардида, хулосаи ниҳоии вазорат ба унвони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст. Зикр гардид, ки бо мақсади фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва татбиқи ягонаи низоми кредитӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, низомномаҳои бакалавриат, мутахассис ва магистратура, Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва Низомномаи низоми кредитии таҳсилот таҳия ва тасдиқ шудаанд. Бо ин вуҷуд, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зиёда аз 18 банди талаботи Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар сатҳи зарурӣ иҷро намегарданд. Камбудиҳо асосан ба сарбории омӯзгорон, тартиби баргузории имтиҳонҳои ҷорӣ ва ҷамъбастӣ, низоми триместр, таҳсил дар шуъбаи фосилавӣ ва муайян намудани холи миёнаи умумии донишҷӯён (GPA) марбут мебошанд. Аз ин рӯ, роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадор гардиданд, ки иҷрои қатъии талаботи низоми кредитиро таъмин намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни омӯзгорон ва донишҷӯён тақвият бахшанд. Қайд шуд, ки аз соли таҳсили 2021-2022 имтиҳонҳо тибқи талабот 60 фоиз ба шакли шифоҳӣ ва 40 фоиз ба шакли тестӣ баргузор мегарданд ва истифодаи воситаҳои электронӣ дар назорату арзёбӣ бояд боз ҳам густариш дода шавад. Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки тибқи супориши Паёми Президенти мамлакат вазъи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд аз ҷониби гурӯҳи босалоҳияти корӣ таҳлил гардад. Омӯзиши забонҳо дар доираи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба роҳ монда шуда, айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 15 забони хориҷӣ тадрис мегардад. Дар ин замина, зарурати вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ҷиҳати такмили ихтисоси устодон ва баланд бардоштани сатҳи забондонии онҳо таъкид гардида, роҳбарияти муассисаҳо вазифадор шуданд, ки гурӯҳҳои таҳсил бо забонҳои русӣ ва англисиро зиёд намоянд. Дар идомаи ҷаласа вазъи амалишавии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2020-2030» дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ ба номи Сотим Улуғзода бо маърузаи ректори донишгоҳ Ж. Гулназарзода баррасӣ гардид. Ҳамчунин татбиқи барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ректори донишгоҳ М. Қурбонзода баромад намуд. Саҳми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар амалисозии ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар низ бо маърузаи ректор З. Раҳмонзода баррасӣ гардид. Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати таҳсилот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, пешгирии қонунвайронкунӣ ва кирдорҳои коррупсионӣ дар муассисаҳо, назорати додани дипломҳои хатмкунандагон, омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – ватани азизи ман» ва «Шоҳномахонӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар фарҷом вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки иҷрои босифати супоришҳои Пешвои миллат, таъмини шаффофият дар раванди таълим, баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва мутобиқсозии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ бояд самти афзалиятноки фаъолияти роҳбарияти донишгоҳҳо дар соли 2026 бошад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    66

    21.02.2026