25.02.2026

 img

25 феврали соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо намояндаи ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир ҷаноби Петер Бургман баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи Ёддошти тафоҳум, ки 24 феврали соли ҷорӣ миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта» ба имзо расида буд, мавриди баррасии муфассал қарор гирифт. Вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки аҳаммияти ин санад пеш аз ҳама дар таҳкими иқтидори кадрии соҳа, густариши имкониятҳои рушди касбии омӯзгорон ва фароҳам овардани дастрасӣ ба захираҳои муосири рақамии таълимӣ ифода меёбад.

Қайд гардид, ки татбиқи платформаи рақамии ширкати «Эфекта», ки дорои муҳтавои фарогири интерактивӣ, маводи гуногуни видеоиву аудиоӣ ва маҷмуи васеи машқҳои таълимӣ мебошад, метавонад ба болоравии сатҳи касбии омӯзгорон ва беҳтар гардидани сифати таълими забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мусоидат намояд.

Тибқи муқаррароти Ёддошти тафоҳум, лоиҳаи пилотӣ дар 30 рӯзи аввал бақайдгирии 1 000 донишҷӯ ва ҷалби 200 омӯзгорро пешбинӣ менамояд. Зикр шуд, ки иштироки фаъоли омӯзгорон дар раванди санҷишии платформа имконият фароҳам меорад, то самаранокии истифодаи абзорҳои зеҳни сунъӣ дар омӯзиши забони англисӣ ба таври амалӣ санҷида шуда, дар асоси натиҷаҳои бадастомада қарорҳои минбаъда қабул гарданд.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки платформаи мазкур зиёда аз 3 000 соати муҳтавои интерактивӣ, беш аз 20 навъи машқҳо, зиёда аз 500 видеоматериали истисноӣ ва беш аз 10 000 намунаи аудиоиро дар бар мегирад. Чунин иқтидори захиравӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯён имкониятҳои нав фароҳам оварда, ба мутобиқсозии низоми таълим ба талаботи муосири ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Вазири маориф ва илм лоиҳаи мазкурро ҳамчун қадами муҳим дар самти рақамикунонии соҳа ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки татбиқи бомуваффақияти марҳилаи пилотӣ метавонад заминаи устувор барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва ҷорӣ намудани васеътари платформа дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар гардад.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи ҳамкориро муайян намуда, аз ҷумла, ба тадриҷан тавсеа додани доираи фарогирии лоиҳа, ташкили семинару омӯзишҳои муштарак ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати истифодаи платформа, ҳамгироии унсурҳои он ба барномаҳои таълимии миллӣ, ташаккули модели устувори маблағгузории дарозмуддат, инчунин роҳандозии механизми мунтазами ҳисоботдиҳӣ ва гузаронидани таҳқиқоти муштарак вобаста ба натиҷаҳои татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар раванди таълим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкории судманд бо ширкати «Эфекта» ба баланд бардоштани сифати таълими забони англисӣ, рушди иқтидори зеҳнии омӯзгорон ва таҳкими мавқеи байналмилалии низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  • ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ «ЭФЕКТА»-И БРИТАНИЯИ КАБИР img
  • ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ «ЭФЕКТА»-И БРИТАНИЯИ КАБИР img
  • ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ «ЭФЕКТА»-И БРИТАНИЯИ КАБИР img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО ҶИҲАТИ ПАЙВАСТ НАМУДАНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БА ИНТЕРНЕТ ДАР ДОИРАИ ТАШАББУСИ GIGA 24 феврали соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо  ҳайати ташаббуси Giga ва намояндагони ЮНИСЕФ вохӯрӣ баргузор намуд. Вохӯрӣ бо ҳадафи муаррифии расмии ташаббуси Giga ва баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ ҷиҳати пайваст намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба интернет доир шуд. Зимни мулоқот нақшаи кории хароҷотнокшуда вобаста ба пайвастшавии мактабҳо ба интернет пешниҳод гардида, масъалаҳои харитасозии муассисаҳои таълимӣ, муайян намудани вазъи мавҷудаи пайвастшавӣ ва қадамҳои минбаъдаи татбиқи лоиҳа мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки таъмини муассисаҳои таълимӣ бо интернети босуръат заминаи муҳимми рушди маорифи рақамӣ ва баланд бардоштани сифати таълим ба шумор меравад. Муовини якуми вазир аҳаммияти муҳим доштани масъалаи дастрасии мактабҳо ба интернетро зикр намуда, иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илм омода аст ҳамкориҳоро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла бо ЮНИСЕФ, дар самти рақамикунонии соҳаи маориф ва фароҳам овардани имкониятҳои баробари таълим барои хонандагон густариш диҳад. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкорӣ дар доираи ташаббуси Giga минбаъд низ идома ёфта, тадбирҳои мушаххас барои пайваст намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба интернети босуръат марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    52

    24.02.2026
  •  img
    ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ МИЁНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ВА ШИРКАТИ «ЭФЕКТА»-И БРИТАНИЯИ КАБИР Бо ибтикор ва мусоидати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 феврали соли 2026 Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мизбони намояндагони ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир гардид. Ҳайати меҳмононро ҷаноби Петер Бургман роҳбарӣ мекард. Мулоқоти расмӣ бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, ректори Донишгоҳ Ж. Гулназарзода, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм Н. Ғафуриён ва роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда баргузор гардид. Зимни суханронӣ муовини вазири маориф ва илм меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз дастовардҳои назарраси даврони Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, забони англисӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, барои татбиқи барномаҳои навин ва баланд бардоштани сатҳи забондонӣ пайваста тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд. Ҷаноби Петер Бургман дар навбати худ аз меҳмоннавозии мардуми тоҷик, зебоии шаҳри Душанбе ва имкониятҳои мусоиди муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ибрози қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки ширкати «Эфекта» омода аст барои омӯзгорон ва донишҷӯёни Тоҷикистон семинарҳои илмӣ ва дарсҳои назариявию амалӣ ба таври ройгон роҳандозӣ намояд. Дар анҷоми ҳамоиш миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Ҳадафи санади мазкур роҳандозии платформаи муосири омӯзиши забони англисӣ барои беш аз 300 нафар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба таври ройгон мебошад. Боиси ифтихор аст, ки зиёда аз 100 нафар омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аллакай ба ин барнома номнавис шудаанд. Дар поёни маросим бо нишони эҳтиром ба суннатҳои дерини меҳмоннавозии тоҷикон ба ҷаноби Петер Бургман туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид. Иқдоми мазкур қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди босифати забономӯзӣ дар низоми таҳсилоти олии кишвар арзёбӣ мешавад. Маркази матбуоти  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    27

    24.02.2026
  •  img
    ДАВРИ ДОХИЛИМУАССИСАВИИ ОЗМУНИ ДАСТАВИИ “ҶИЛОИ ДОНИШ” МИЁНИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 6-УМИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ 21 - уми феврали соли ҷорӣ даври дохилимуассисавии озмуни даставии "Ҷилои дониш" дар 51 муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе миёни хонандагони синфҳои 6 – ум баргузор гардид, ки дар ин озмун зиёда аз 10 ҳазор нафар хонандагон фаъолона иштирок намуданд. Озмун дар синфҳои мазкур аз фанҳои забони модарӣ, русӣ, англисӣ, таърих, математика, ботаника ва география  гузаронида шуд. Бовар дорем, ки баргузории чунин озмунҳо дар муассисаҳои таълимӣ ояндаи равшан, зиракии зеҳнӣ ва худбоварии насли наврасро таъмин хоҳад намуд.  

    61

    21.02.2026