23.06.2026
Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд.
Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдати миллӣ аз бузургтарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик тавонист аз вартаи низоъҳои дохилӣ раҳо ёфта, роҳи сулҳу субот, рушди устувор ва давлатсозии муосирро пеш гирад.
Таърихи навини Тоҷикистон собит месозад, ки мардуми тоҷик яке аз вазнинтарин ва ҳассостарин давраҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоии худро паси сар намудааст. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишвар, сохтори давлатдорӣ ва зиндагии мардум зарари ҷиддӣ расонида, ҳазорҳо оиларо аз ҳам ҷудо кард, ҳазорон шаҳрванд қурбони низоъҳо шуданд ва садҳо ҳазор нафар тарки хонаю кошонаи худ намуданд. Ин саҳифаи талхи таърих ҳамчун сабақи бузург барои наслҳои имрӯзу фардо боқӣ мондааст.
Дар чунин шароити ҳассос ва тақдирсоз 27 июни соли 1997 ҳамчун рӯзи сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ворид гардид. Дар ҳамин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои эҳёи давлатдорӣ, таҳкими истиқлолият ва рушди минбаъдаи мамлакат заминаи воқеӣ фароҳам овард.
Ин дастоварди бузурги таърихӣ пеш аз ҳама бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Бо иродаи қавӣ, хиради сиёсӣ ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат сулҳу оромӣ дар кишвар барқарор гардида, миллати тоҷик дубора ба ҳам омад ва роҳи созандагиро интихоб намуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуданд: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар минтақа барқарор гардонида, пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдор, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».
Имрӯз натиҷаҳои Ваҳдати миллӣ дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа баръало мушоҳида мешаванд. Тоҷикистон ба кишвари сулҳпарвару обод табдил ёфта, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ташаббускор ва пешрафта эътироф гардидааст. Бунёди роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти тандурустӣ ва дигар тарҳҳои муҳимми иҷтимоӣ самараи мустақими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошанд.
Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки минтақаҳои гуногуни олам бо низоъҳо, таҳдидҳои амниятӣ ва буҳронҳои сиёсӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифаи муқаддас маҳсуб меёбад. Хусусан ҷавонон ва наврасон бояд аз таърихи давлату миллат, аз сабақҳои талхи ҷанги шаҳрвандӣ огоҳ бошанд ва қадри сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро донанд.
Вазифаи ҳар як омӯзгор, падару модар ва зиёии ҷомеа аз он иборат аст, ки дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ насли наврасро тарбия намояд. Зеро маҳз ҷавонони имрӯз соҳибони фардои кишвар мебошанд ва ояндаи Тоҷикистон аз дониш, маърифат, масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии онҳо вобастагӣ дорад.
Мо, аҳли маориф, вазифадорем, ки арзишҳои сулҳу ваҳдатро ба шогирдон омӯзонем, онҳоро ба дӯст доштани Ватан, эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлат ҳидоят намоем. Зеро ваҳдати миллӣ омили муҳимми пешрафти имрӯз ва кафолати рушди фардои Тоҷикистон мебошад.
Бигзор сулҳу субот, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша дар Тоҷикистони азизи мо пойдор бошад ва кишвари маҳбубамон рӯз то рӯз ободу пешрафта гардад.
Сабоҳат ДИЁРЗОДА,
мудири Муассисаи таълимии томактабии №149-и
ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе