03.09.2025

 img

3 сентябри соли 2025 дар шаҳри Бохтар ҷаласаи васеи кории директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа Давлатзода Муяссара, директори Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ"-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, масъалаҳои муҳимми рушди таҳсилоти иловагӣ, татбиқи самараноки барномаҳои давлатӣ ва ҷалби бештари хонандагон ба маҳфилҳои омӯзишӣ ва эҷодиро мавриди баррасӣ қарор дод.

 

Ҳамчунин, мубодилаи таҷриба миёни директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, баҳогузорӣ ба натиҷаҳои фаъолияти соли гузашта ва муайянсозии самтҳои афзалиятноки кор барои соли нави таҳсил, аз мавзуъҳои меҳварии ҷаласа буданд.

 

Мақсад аз баргузории чунин ҷаласаҳо – таҳкими ҳамкории муассисаҳо, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иловагӣ ва ташаккули насли эҷодкору соҳибмаърифат мебошад.

  • Баргузории ҷаласаи директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон img
  • Баргузории ҷаласаи директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон img
  • Баргузории ҷаласаи директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МУБОРАК ДАРСИ СУЛҲУ РӮЗИ ДОНИШ (Бардошт аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори оғози соли нави таҳсил, таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ)   Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз баррасии вазъи геополитикии ҷаҳони муосир, таҳкими сулҳу суботи ҷомеаи башар, фароҳам овардани фазои орому осуда барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, бахусус соҳаи маориф оғоз гардид, ки бесабаб набуд. Зеро сулҳ сарчашмаи рушди ҷомеаи донишмеҳвар, омили бақо ва пешрафти ҷомеа, маҳаки таҳкимбахши илму дониш ҳисобида мешавад, бе сулҳ дониш вуҷуд дошта наметавонад, аз ҷониби дигар, инсоният бо рушди илму такмили пайвастаи дониш сулҳро дар олам устувор менамояд, ин мафҳумҳо дар ҳамбастагӣ бо якдигар афкори солими инсонҳоро зиннат мебахшад.   Дарси сулҳ ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба илму маърифат ва шукргузорӣ аз неъмати сулҳу суботро дар замири ҳамагон чун чароғи фурӯзандаи маърифат ва шарти асосии рушди маънавияти инсон поянда нигоҳ медорад. Дарси сулҳ дар даврони истиқлол ба суннати боарзиштарини ҷомеа бадал ёфтаву ҳадафи он дар фазои орому осуда рушди нерӯи инсонӣ ба шумор меояд. Бино ба таъкиди Президенти кишвар авзои имрӯзаи ҷомеаи башарӣ ҷавонони моро водор месозад, ки андешаи сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро ҳамчун ҷузъи муҳимтарину ҷудоинопазири фарҳанг ва ҳувияти миллӣ қабул карда, ба хотири таҳкими ҳарчи бештари ин неъмати бебаҳо саъю талош намоянд. Ташаббуси навбатии кишвари мо доир ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии талошҳои сулҳхоҳонаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Сафарбар намудани саъю талоши ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мусолиматомези мушкилоти сайёра, аз қабили мухолифатҳо, ҷангу низоъҳо, фақру нобаробарӣ ва тағйирёбии иқлим, ки ба сулҳу амнияти наслҳои оянда хатар доранд, моҳияти ташаббуси моро ташкил медиҳад. Ба андешаи мо, ташаббусҳои сулҳхоҳонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони муосир мазмун ва равиши тоза касб менамоянд, зеро дар мағз андар мағзи онҳо орзуву ормонҳои ҷомеаи башар маскан гирифтааст. Аз ин рӯ, оғоз гардидани Рӯзи дониш бо Дарси сулҳ азми ҳамагонро барои ташаккули ҷаҳонбинии сулҳҷӯёна ва тарбияи инсони таҳаммулгаро қавӣ менамояд.   Дар суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ислоҳоти соҳаи маориф ҷойгоҳи хоса дошт. Зеро дар сиёсати Пешвои миллат маориф самти афзалиятнок эълон гардида, илова ба маблағҳои буҷетӣ ҳар сол ба соҳаи маориф аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд. Дар 34 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. Сарвари давлат бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки тайи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва шахсони саховатпеша ба маблағи 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ 1435 муассисаи соҳаи маориф бо 231 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Президенти мамлакат ҳамкории шахсони саховатпеша ва соҳибкорони ватандӯстро барои бунёди муассисаҳои соҳаи маориф амали солеҳ ва иқдоми нек дар рушди соҳаи маориф арзёбӣ намуданд.   Таваҷҷуҳ ба сифати таҳсилот аз нуктаҳои меҳварии суханронии Президенти мамлакат маҳсуб мешуд. Таҳсилоти олии касбӣ яке аз пояҳои асосии рушди иҷтимоиву иқтисодии ҳар як давлат ба шумор меравад, - таъкид доштанд Пешвои миллат ва афзуданд, ки дар ҷаҳони муосир, ки босуръат тағйир ёфта, талаботи бозори меҳнат пайваста нав мегардад, зарурат ба таҳсилоти олӣ ҳамчун муҳити тавлиди дониш, технология ва инноватсия беш аз пеш эҳсос мегардад. Маҳз тавассути таҳсилоти олии босифат ҷомеа метавонад ба кадрҳое такя намояд, ки бо дониш, масъулиятшиносӣ ва диди васеъ муҷаҳҳаз буда, дар ҳама соҳаҳои ҳаёт нақши фаъол бозида метавонанд.   Ба андешаи мо, ин таъкиди роҳнамунсоз бояд сармашқи кори ҳамаи кормандони соҳаи маориф, аз кормандон то устодону донишҷӯён қарор бигирад. Зеро дар бозори меҳнат на шумора, балки сифат бартарӣ дорад. Тарбияи мутахассисони мусаллаҳ бо донишҳои замонавӣ вазифаи ҷонии роҳбарону кормандони соҳа аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ аз он истисно нест. Дар масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил дар соли таҳсили 2024-2025 гурӯҳи кории доимоамалкунанда дар ҳайати 17 нафар устодони Донишгоҳ ҳамчун коршинос (эксперт) бо фармоиши ректор таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ вазифадор гардид, ки мунтазам дарсҳои омӯзгорони кафедраҳоро таҳлилу баррасӣ намоянд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 160 машғулиятҳои дарсии устодони кафедраҳоро таҳлил карда, сифати дарсҳоро баҳодиҳӣ намуда, тавсияву пешниҳодҳои худро ҷиҳати беҳтар шудани раванди таълим ва дар шакли салоҳиятнокӣ баргузор намудани дарсҳо, манзур намуданд. Фикр мекунам, ин тадбир яке аз омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсил мебошад. Таҷриба нишон дод, ки мароқ зоҳир намудан ба сифати таҳсил динамикаи донишандӯзиро давра ба давра боло мебарад. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои самарабахш дар нимсолаи аввали соли хониши 2025 шумораи донишҷӯёни танҳо бо баҳои аъло таҳсилдошта ба 657 нафар баробар шуд, ки ин рақам дар соли таҳсили сипаригардида 447 нафарро ташкил медод. Ҳамчунин шумораи гирандагони стипендияи аъло аз 430 нафари соли сипаригардида, ба 581 нафар расид.   Боло бурдани сифати таълим ба ҷалби устодони соҳибунвон низ марбут мегардад. Аз ин рӯ, фоизи омӯзгорони соҳибунвон дар донишгоҳи мо дар раванди болоравӣ қарор дошта, аз шумораи умумии 630 корманди доимӣ, 305 нафарашон ё 48,4% унвон ва дараҷаи имлӣ доранд, ки нисбати соли гузашта 4,4% зиёдтар аст.   Роҷеъ ба таъкиди Президенти мамлакат оид ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ҳаминро зикр кардан бамаврид аст, ки муассисаи “Раддабандии муассисаҳои олӣ”-и Шурои сифат ва арзёбии таҳсилоти олӣ “HEQAC” пас аз санҷишу таҳлилҳои самтҳои гуногуни фаъолияти 422 муассисаи олии 55 кишвари ҷаҳон “Раддабандии муассисаҳои олӣ” дар соли 2025-ро интишор намуд. Аз ҷумла, аз Тоҷикистон дар ин раддабандӣ 3 муассисаи олии кишвар – Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров дар зинаи 184 ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар зинаи 329 мавқеъ гирифтаанд.   Хушбахтона, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ миёни муассисаҳои олии ҷаҳон бо гирифтани 8136 хол дар ин раддабандӣ ҷойи 8-умро сазовор гардида, бо ин тартиб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи аввалро соҳиб шуд. Дар таърихи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бори нахуст аст, ки яке аз донишгоҳҳо соҳиби холи баланди сатҳи ҷаҳонӣ гардида, ба даҳгонаи ин раддабандӣ ворид шуд.   Бо мақсади ба роҳ мондани назорати ҳамаҷониба дар самти амалӣ намудани таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ҳамаҷонибаи забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ дар самти рушд ва инкишофи бисёрзабонӣ, дар донишгоҳ 2 маркази фарҳангӣ аз қабили “Маркази Чинӣ” ва “Маркази Кореягӣ” бунёд ёфта, ҳамзамон “Маркази русӣ” пурра ба талаботи замон ҷавобгӯ, таъмир ва бо технологияҳои навин муҷаҳҳаз гардонида шуд. Дар кутоҳтарин муддат бо намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи марказҳо ба роҳ монда мешавад.   Пешвои миллат ба масъалаи омода кардани омӯзгорони соҳаи табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳ намуда, баён доштанд, ки дар оянда аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ омӯзгорону муҳаққиқони сатҳи баландро омода намуда, раванди амалишавии Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маорифро тақвият бахшем ва бо мақсади омода намудани омӯзгорони баландихтисоси равияҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ қабули довталабонро ба гурӯҳҳои буҷетӣ зиёд намоянд. Вобаста ба ин нуктаи муҳим мо аллакай иқдоми амалиро роҳандозӣ кардем ва дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ аз шумораи умумии донишҷӯён 6935 ё 41% донишҷӯён дар равияҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 4098 нафар ё 59,1% буҷавӣ мебошанд. Тибқи дастури Пешвои миллат шумораи донишҷӯёни гурӯҳҳои буҷетӣ дар равияҳои омӯзгорӣ боз ҳам бештар карда мешаванд.   Рушди педагогикаи ватанӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор гирифта, иброз гардид, ки мо педагогикаи миллии худро бо истифода аз дастоварду навгониҳои замони муосир ташаккул диҳем ва анҷом додани ин кор, пеш аз ҳама, вазифаи олимони соҳаи педагогика мебошад.   ДДОТ ба номи С. Айнӣ ба сифати яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат барои рушди педагогикаи ватанӣ саҳми назаррас мегузорад. Дар таълифоти устодони донишгоҳ такя ба ҷанбаҳои педагогикаи миллӣ пайваста афзалият пайдо менамояд. Агар соли гузашта аз ҷониби устодони муассиса 40 монография таълиф шуда бошад, имсол миқдори онҳо ба 54 адад расид. Ҳамзамон чопи 28 китоби дарсӣ махзани педагогикаи миллиро мукаммалтар менамояд. Теъдоди мақолаҳои илмиву оммавӣ ба 1558 номгўй мерасад. Дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 7 нафар, “Ҷоми ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ” 3 нафар, “Ҷоми ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” 2 нафар ва дар олимпиадаҳои ҷумҳурияӣ 2 нафар ғолибият ба даст оварданд. Фикр мекунам ҳамаи инҳо дар маҷмуъ барои пешрафти педагогикаи ватанӣ мусоидат хоҳанд кард.   Масъалаи пешрафти илму маориф ва пайванди илм бо истеҳсолоту иқтисодиёти кишвар дар меҳвари суханронии Пешвои миллат ба ифтихори Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ қарор дошт. Бо мақсади амалӣ намудани ин иқдом соли 2025 дар ҳудуди Боғи “Агробиолабораторӣ”-и Донишгоҳ дар дараи Ромит ба сохтмони корхонаи хурди истеҳсоли моеъҳои шӯянда ва косметологӣ оғоз бахшида шуд. Корхона дар ҳудуди 0,6 гектар бунёд гардида, дар он истеҳсоли зиёда аз 20 намуди моеъҳои шӯянда ва косметологӣ ба роҳ монда мешавад.   Гузашта аз ин, лоиҳаҳои бунёди типографияи нави замонавӣ ва сехи шарбатбарорӣ бо шарикон аз Чин мавриди корбарӣ қарор доранд. Маҳз дар ҳамин замина бо истифода аз иқтидори илмии Донишгоҳ ва ҳамкориҳои байналмилалии он чунин корхонаҳо сохта шуда, пайванди илм бо истеҳсолот амалӣ карда мешавад.   Бояд зикр намуд, ки барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат вобаста ба пайвасти илм бо истеҳсолот дар Парки технологии назди Донишгоҳ истеҳсоли мизу курсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, ошхона, роҳаткурсиҳо барои толорҳои маҷлисӣ, минбарҳо, ҷевон барои китоб, рахти хоб ва нашри шиору овезаҳо ба роҳ монда шудааст. Яъне, имрӯз Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ яке аз паркҳои муваффақ миёни паркҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мебошад.   Нуктаи дигари ниҳоят муҳим дар суханронии Сарвари давлат ба ифтихори Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ арҷгузорӣ ба мақоми омӯзгор буд. Дар ин радиф таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» шаҳодати ба фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани ҳукумат аст. Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад, - таъкид намуданд Пешвои миллат. Воқеан, хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд. Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст. Мо мақоми омӯзгорро ҳар қадар баланд бардорем, ҷомеа ҳамон қадар муваффақу пешрафта мегардад. Чунин суханҳои самимиву хотирмон ва аз сидқ баённамудаи Пешвои миллат омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифро ба сӯйи комёбиҳо, пешрафтҳо, фатҳи қуллаҳои нави илму дониш талқин намуда, дили онҳоро ба омӯзишу парвариш гарм месозад, ба ин васила дар ҷомеа эҳтиром ба омӯзгор хусусияти оммавӣ гирифта, ҳамагон ба сӯйи ҷомеаи соҳибтамаддуни донишмеҳвари мусаллаҳ бо сарватҳои маънавӣ қадамҳои устувор мебардоранд.   Хуш омад мақдами фирӯзи дониш, Ба мо рӯзи ҷаҳонафрӯзи дониш. Ба аҳли мактабу илму маориф, Муборак Дарси сулҳу Рӯзи дониш.   Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ

    9

    05.09.2025
  •  img
    Иштирок дар паради ҳарбӣ ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 сентябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.   Ба Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагии ҳайати шахсии қӯшунҳои гарнизони ҳарбии Душанбе барои гузашти низомӣ фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники гвардия Бобоҷон Ҷамолзода гузориш дод.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи салом ба ҳайати шахсӣ онҳоро бо ҷашни таърихии 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.   Қабл аз оғози паради ҳарбӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, доир ба ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва фазои орому осудаи ин кишвари биҳиштосо андешаҳои худро баён доштанд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳайати шахсии гвардия, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иштирокдорони паради ҳарбӣ - афсарону сарбозонро ба ифтихори 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфтанд.   Таъкид гардид, ки Гвардияи миллӣ воҳиди махсуси дорои иқтидору имкониятҳои муосир ва омодабошии баланд буда, дар ташаккули низоми мудофиавии кишвар нақши муҳим дорад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи ташкили ин ниҳоди муосири низомӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки Гвардияи миллӣ бо мақсади ҳимояи истиқлолу озодӣ ва тамомияти арзии кишвар, иштирок дар муҳофизати иншооти муҳимми давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин, барои иҷрои дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби роҳбарияти давлат гузошта мешаванд, таъсис дода шудааст.   Гуфта шуд, ки Гвардияи миллӣ мисли дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар давраи барои кишвар басо вазнину ҳассос ва дар заминаи як бригадаи таъиноти махсус таъсис дода шуд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақш ва саҳми ин ниҳод суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳайати шахсии гвардияи миллӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ дар баробари дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар роҳи хеле душвору сангин, вале пуршарафро сипарӣ карда, номи пурифтихори гвардиячиро бо ҷасорату ҷавонмардӣ ва хизмати содиқона ба давлат, Ватан ва мардуми Тоҷикистон ҳифз намуд.   “Гвардияи миллӣ, ки мо онро ҳамчун рамзи давлатдории навини миллӣ ва бо дарназардошти нишонаҳои таърихи гузаштаи миллати тоҷик таъсис додем, ба як сохтори қудратманди ҳарбии таъиноти махсус табдил ёфтааст, ки ин дар навбати худ, яке аз омилҳои муҳимми ҳифзи истиқлолу озодӣ, тамомияти арзии кишвар ва амнияти давлату ҷомеа мебошад”, изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.   Хотиррасон карда шуд, ки афсарону сарбозони гвардия дар солҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз паҳлу ба паҳлу бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар барои барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, таъмин намудани сулҳу субот ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон саҳми арзишманд гузоштанд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки хизматчиёни ҳарбии гвардия ва умуман ҳамаи сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд дорои малакаву дониши мукаммал, интизоми қатъии ҳарбӣ, сатҳи баланди касбият, шуҷоату далерӣ, ҳушёриву зиракӣ ва намунаи ибрати садоқату ватандорӣ бошанд.   Дар робита ба шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир зарур шумурда шуд, ки ба хотири муқовимат ба таҳдиду хатарҳои зикршуда фаъолияти ҳайати фармондеҳиву ситодии сохторҳои низомии кишвар ва ҳамкории ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам таҳкиму тақвият бахшида шавад.   Роҳбарияти Гвардияи миллӣ вазифадор гардид, ки риояи бечунучаро ва ҳатмии қонуният, тақвияти корҳои сиёсиву тарбиявӣ, инчунин, баланд бардоштани сатҳи касбият, маҳорату малакаи хизматчиёни ҳарбӣ ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳоро таъмин намоянд.   Баъди суханронии Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарбии хизматчиёни низомӣ баргузор шуд.   Дар Паради ҳарбӣ ба ифтихори таҷлил аз ин санаи муҳими таърихӣ беш аз 5 ҳазор хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, занону бонувони Артиши миллӣ ва ҳомиёни қонунияту тартибот иштирок намуданд.   Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шохаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар буда, дар тобеияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ қарор дорад ва аз ҷумлаи нерӯҳои захиравии Сарвари давлат ба шумор меравад.   Бояд гуфт, ки ин сохтори бонуфузи низомӣ моҳи январи соли 1995 дар заминаи як бригадаи зудамал бо номи Гвардияи президентӣ таъсис дода шуда буд.   Ҳайати шахсии Гвардия аз рӯзҳои аввал бо устуворию матонат ба иҷрои хизмат шуруъ карда, дар лаҳзаҳои тақдирсози миллат ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар майдони ҳарбу зарб ғолиб омада, сазовори боварии Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон гардидааст.   Дар майдони сафороӣ дар баробари ҳайати шахсӣ шумораи зиёди техникаҳои гуногуни зиреҳпуши ҷангӣ ва навъҳои мухталифи автомашинаҳои ҷангию хизматӣ, гузошта шуда буд.   Парвози тайёраҳои ҷангӣ аз болои маҳалли баргузории чорабинӣ, иҷрои бомаҳорати амалҳои мухталифи сарнишин ва ғурриши муҳаррики тайёра дар осмон ба паради низомӣ шукуҳи дигар бахшид.

    14

    05.09.2025
  •  img
    Машварати корӣ 4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ машварати корӣ доир намуданд, ки дар он ҳамчунин раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода иштирок намуданд.   Дар машварати корӣ масоили вобаста ба ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта, меваю сабзавот ва дигар зироатҳо, омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ ва зимистонгузаронӣ ва татбиқи босамари лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ баррасӣ шуд.   Доир ба вусъати корҳо ва бо сифати дилхоҳ анҷом додани онҳо ба масъулини дахлдор дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.

    12

    04.09.2025