05.09.2025

 img

(Бардошт аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори оғози соли нави таҳсил, таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ)

 

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз баррасии вазъи геополитикии ҷаҳони муосир, таҳкими сулҳу суботи ҷомеаи башар, фароҳам овардани фазои орому осуда барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, бахусус соҳаи маориф оғоз гардид, ки бесабаб набуд. Зеро сулҳ сарчашмаи рушди ҷомеаи донишмеҳвар, омили бақо ва пешрафти ҷомеа, маҳаки таҳкимбахши илму дониш ҳисобида мешавад, бе сулҳ дониш вуҷуд дошта наметавонад, аз ҷониби дигар, инсоният бо рушди илму такмили пайвастаи дониш сулҳро дар олам устувор менамояд, ин мафҳумҳо дар ҳамбастагӣ бо якдигар афкори солими инсонҳоро зиннат мебахшад.

 

Дарси сулҳ ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба илму маърифат ва шукргузорӣ аз неъмати сулҳу суботро дар замири ҳамагон чун чароғи фурӯзандаи маърифат ва шарти асосии рушди маънавияти инсон поянда нигоҳ медорад. Дарси сулҳ дар даврони истиқлол ба суннати боарзиштарини ҷомеа бадал ёфтаву ҳадафи он дар фазои орому осуда рушди нерӯи инсонӣ ба шумор меояд. Бино ба таъкиди Президенти кишвар авзои имрӯзаи ҷомеаи башарӣ ҷавонони моро водор месозад, ки андешаи сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро ҳамчун ҷузъи муҳимтарину ҷудоинопазири фарҳанг ва ҳувияти миллӣ қабул карда, ба хотири таҳкими ҳарчи бештари ин неъмати бебаҳо саъю талош намоянд. Ташаббуси навбатии кишвари мо доир ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии талошҳои сулҳхоҳонаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Сафарбар намудани саъю талоши ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мусолиматомези мушкилоти сайёра, аз қабили мухолифатҳо, ҷангу низоъҳо, фақру нобаробарӣ ва тағйирёбии иқлим, ки ба сулҳу амнияти наслҳои оянда хатар доранд, моҳияти ташаббуси моро ташкил медиҳад. Ба андешаи мо, ташаббусҳои сулҳхоҳонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони муосир мазмун ва равиши тоза касб менамоянд, зеро дар мағз андар мағзи онҳо орзуву ормонҳои ҷомеаи башар маскан гирифтааст. Аз ин рӯ, оғоз гардидани Рӯзи дониш бо Дарси сулҳ азми ҳамагонро барои ташаккули ҷаҳонбинии сулҳҷӯёна ва тарбияи инсони таҳаммулгаро қавӣ менамояд.

 

Дар суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ислоҳоти соҳаи маориф ҷойгоҳи хоса дошт. Зеро дар сиёсати Пешвои миллат маориф самти афзалиятнок эълон гардида, илова ба маблағҳои буҷетӣ ҳар сол ба соҳаи маориф аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд. Дар 34 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. Сарвари давлат бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки тайи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва шахсони саховатпеша ба маблағи 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ 1435 муассисаи соҳаи маориф бо 231 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Президенти мамлакат ҳамкории шахсони саховатпеша ва соҳибкорони ватандӯстро барои бунёди муассисаҳои соҳаи маориф амали солеҳ ва иқдоми нек дар рушди соҳаи маориф арзёбӣ намуданд.

 

Таваҷҷуҳ ба сифати таҳсилот аз нуктаҳои меҳварии суханронии Президенти мамлакат маҳсуб мешуд. Таҳсилоти олии касбӣ яке аз пояҳои асосии рушди иҷтимоиву иқтисодии ҳар як давлат ба шумор меравад, - таъкид доштанд Пешвои миллат ва афзуданд, ки дар ҷаҳони муосир, ки босуръат тағйир ёфта, талаботи бозори меҳнат пайваста нав мегардад, зарурат ба таҳсилоти олӣ ҳамчун муҳити тавлиди дониш, технология ва инноватсия беш аз пеш эҳсос мегардад. Маҳз тавассути таҳсилоти олии босифат ҷомеа метавонад ба кадрҳое такя намояд, ки бо дониш, масъулиятшиносӣ ва диди васеъ муҷаҳҳаз буда, дар ҳама соҳаҳои ҳаёт нақши фаъол бозида метавонанд.

 

Ба андешаи мо, ин таъкиди роҳнамунсоз бояд сармашқи кори ҳамаи кормандони соҳаи маориф, аз кормандон то устодону донишҷӯён қарор бигирад. Зеро дар бозори меҳнат на шумора, балки сифат бартарӣ дорад. Тарбияи мутахассисони мусаллаҳ бо донишҳои замонавӣ вазифаи ҷонии роҳбарону кормандони соҳа аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ аз он истисно нест. Дар масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил дар соли таҳсили 2024-2025 гурӯҳи кории доимоамалкунанда дар ҳайати 17 нафар устодони Донишгоҳ ҳамчун коршинос (эксперт) бо фармоиши ректор таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ вазифадор гардид, ки мунтазам дарсҳои омӯзгорони кафедраҳоро таҳлилу баррасӣ намоянд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 160 машғулиятҳои дарсии устодони кафедраҳоро таҳлил карда, сифати дарсҳоро баҳодиҳӣ намуда, тавсияву пешниҳодҳои худро ҷиҳати беҳтар шудани раванди таълим ва дар шакли салоҳиятнокӣ баргузор намудани дарсҳо, манзур намуданд. Фикр мекунам, ин тадбир яке аз омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсил мебошад. Таҷриба нишон дод, ки мароқ зоҳир намудан ба сифати таҳсил динамикаи донишандӯзиро давра ба давра боло мебарад. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои самарабахш дар нимсолаи аввали соли хониши 2025 шумораи донишҷӯёни танҳо бо баҳои аъло таҳсилдошта ба 657 нафар баробар шуд, ки ин рақам дар соли таҳсили сипаригардида 447 нафарро ташкил медод. Ҳамчунин шумораи гирандагони стипендияи аъло аз 430 нафари соли сипаригардида, ба 581 нафар расид.

 

Боло бурдани сифати таълим ба ҷалби устодони соҳибунвон низ марбут мегардад. Аз ин рӯ, фоизи омӯзгорони соҳибунвон дар донишгоҳи мо дар раванди болоравӣ қарор дошта, аз шумораи умумии 630 корманди доимӣ, 305 нафарашон ё 48,4% унвон ва дараҷаи имлӣ доранд, ки нисбати соли гузашта 4,4% зиёдтар аст.

 

Роҷеъ ба таъкиди Президенти мамлакат оид ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ҳаминро зикр кардан бамаврид аст, ки муассисаи “Раддабандии муассисаҳои олӣ”-и Шурои сифат ва арзёбии таҳсилоти олӣ “HEQAC” пас аз санҷишу таҳлилҳои самтҳои гуногуни фаъолияти 422 муассисаи олии 55 кишвари ҷаҳон “Раддабандии муассисаҳои олӣ” дар соли 2025-ро интишор намуд. Аз ҷумла, аз Тоҷикистон дар ин раддабандӣ 3 муассисаи олии кишвар – Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров дар зинаи 184 ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар зинаи 329 мавқеъ гирифтаанд.

 

Хушбахтона, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ миёни муассисаҳои олии ҷаҳон бо гирифтани 8136 хол дар ин раддабандӣ ҷойи 8-умро сазовор гардида, бо ин тартиб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи аввалро соҳиб шуд. Дар таърихи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бори нахуст аст, ки яке аз донишгоҳҳо соҳиби холи баланди сатҳи ҷаҳонӣ гардида, ба даҳгонаи ин раддабандӣ ворид шуд.

 

Бо мақсади ба роҳ мондани назорати ҳамаҷониба дар самти амалӣ намудани таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ҳамаҷонибаи забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ дар самти рушд ва инкишофи бисёрзабонӣ, дар донишгоҳ 2 маркази фарҳангӣ аз қабили “Маркази Чинӣ” ва “Маркази Кореягӣ” бунёд ёфта, ҳамзамон “Маркази русӣ” пурра ба талаботи замон ҷавобгӯ, таъмир ва бо технологияҳои навин муҷаҳҳаз гардонида шуд. Дар кутоҳтарин муддат бо намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи марказҳо ба роҳ монда мешавад.

 

Пешвои миллат ба масъалаи омода кардани омӯзгорони соҳаи табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳ намуда, баён доштанд, ки дар оянда аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ омӯзгорону муҳаққиқони сатҳи баландро омода намуда, раванди амалишавии Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маорифро тақвият бахшем ва бо мақсади омода намудани омӯзгорони баландихтисоси равияҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ қабули довталабонро ба гурӯҳҳои буҷетӣ зиёд намоянд. Вобаста ба ин нуктаи муҳим мо аллакай иқдоми амалиро роҳандозӣ кардем ва дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ аз шумораи умумии донишҷӯён 6935 ё 41% донишҷӯён дар равияҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 4098 нафар ё 59,1% буҷавӣ мебошанд. Тибқи дастури Пешвои миллат шумораи донишҷӯёни гурӯҳҳои буҷетӣ дар равияҳои омӯзгорӣ боз ҳам бештар карда мешаванд.

 

Рушди педагогикаи ватанӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор гирифта, иброз гардид, ки мо педагогикаи миллии худро бо истифода аз дастоварду навгониҳои замони муосир ташаккул диҳем ва анҷом додани ин кор, пеш аз ҳама, вазифаи олимони соҳаи педагогика мебошад.

 

ДДОТ ба номи С. Айнӣ ба сифати яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат барои рушди педагогикаи ватанӣ саҳми назаррас мегузорад. Дар таълифоти устодони донишгоҳ такя ба ҷанбаҳои педагогикаи миллӣ пайваста афзалият пайдо менамояд. Агар соли гузашта аз ҷониби устодони муассиса 40 монография таълиф шуда бошад, имсол миқдори онҳо ба 54 адад расид. Ҳамзамон чопи 28 китоби дарсӣ махзани педагогикаи миллиро мукаммалтар менамояд. Теъдоди мақолаҳои илмиву оммавӣ ба 1558 номгўй мерасад. Дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 7 нафар, “Ҷоми ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ” 3 нафар, “Ҷоми ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” 2 нафар ва дар олимпиадаҳои ҷумҳурияӣ 2 нафар ғолибият ба даст оварданд. Фикр мекунам ҳамаи инҳо дар маҷмуъ барои пешрафти педагогикаи ватанӣ мусоидат хоҳанд кард.

 

Масъалаи пешрафти илму маориф ва пайванди илм бо истеҳсолоту иқтисодиёти кишвар дар меҳвари суханронии Пешвои миллат ба ифтихори Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ қарор дошт. Бо мақсади амалӣ намудани ин иқдом соли 2025 дар ҳудуди Боғи “Агробиолабораторӣ”-и Донишгоҳ дар дараи Ромит ба сохтмони корхонаи хурди истеҳсоли моеъҳои шӯянда ва косметологӣ оғоз бахшида шуд. Корхона дар ҳудуди 0,6 гектар бунёд гардида, дар он истеҳсоли зиёда аз 20 намуди моеъҳои шӯянда ва косметологӣ ба роҳ монда мешавад.

 

Гузашта аз ин, лоиҳаҳои бунёди типографияи нави замонавӣ ва сехи шарбатбарорӣ бо шарикон аз Чин мавриди корбарӣ қарор доранд. Маҳз дар ҳамин замина бо истифода аз иқтидори илмии Донишгоҳ ва ҳамкориҳои байналмилалии он чунин корхонаҳо сохта шуда, пайванди илм бо истеҳсолот амалӣ карда мешавад.

 

Бояд зикр намуд, ки барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат вобаста ба пайвасти илм бо истеҳсолот дар Парки технологии назди Донишгоҳ истеҳсоли мизу курсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, ошхона, роҳаткурсиҳо барои толорҳои маҷлисӣ, минбарҳо, ҷевон барои китоб, рахти хоб ва нашри шиору овезаҳо ба роҳ монда шудааст. Яъне, имрӯз Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ яке аз паркҳои муваффақ миёни паркҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мебошад.

 

Нуктаи дигари ниҳоят муҳим дар суханронии Сарвари давлат ба ифтихори Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ арҷгузорӣ ба мақоми омӯзгор буд. Дар ин радиф таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» шаҳодати ба фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани ҳукумат аст. Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад, - таъкид намуданд Пешвои миллат. Воқеан, хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд. Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст. Мо мақоми омӯзгорро ҳар қадар баланд бардорем, ҷомеа ҳамон қадар муваффақу пешрафта мегардад. Чунин суханҳои самимиву хотирмон ва аз сидқ баённамудаи Пешвои миллат омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифро ба сӯйи комёбиҳо, пешрафтҳо, фатҳи қуллаҳои нави илму дониш талқин намуда, дили онҳоро ба омӯзишу парвариш гарм месозад, ба ин васила дар ҷомеа эҳтиром ба омӯзгор хусусияти оммавӣ гирифта, ҳамагон ба сӯйи ҷомеаи соҳибтамаддуни донишмеҳвари мусаллаҳ бо сарватҳои маънавӣ қадамҳои устувор мебардоранд.

 

Хуш омад мақдами фирӯзи дониш,

Ба мо рӯзи ҷаҳонафрӯзи дониш.

Ба аҳли мактабу илму маориф,

Муборак Дарси сулҳу Рӯзи дониш.

 

Аҳлиддин Ибодуллозода,

ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ

  • МУБОРАК ДАРСИ СУЛҲУ РӮЗИ ДОНИШ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ФАЗЛИ БУЗУРГМАРДИЮ ИНСОНМЕҲВАРӢ Имрӯзҳо Тоҷикистони азиз ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ қадам мениҳад. Дар ин баробар ҳазорон хонавода ба туфайли ин ҷашни муқаддас муждаи шодиро интизорӣ доштанд. Ин нишот тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки ба муносибати ин ҷашни бузург бо авфи 18038 нафар маҳкумшуда қабул гардид, намои воқеӣ пайдо мекунад. Қонуни авф санадест, ки дар баробари шароити ҳуқуқӣ тезтар ба зиндагии одамон ворид мешавад. Ба дили ҳазорон нафар шуълаи умед меафрӯзад.   Дар бисёр хонаҳо чашм ба роҳи омаданҳо аст. Модаре солҳо боз дар интизори фарзанди худ аст. Кӯдаке орзу дорад падарашро дар оғӯш бигирад. Ҳамсаре умедвор аст, ки рӯзҳои ҷудоӣ ба поён мерасанд. Қонуни авф барои чунин оилаҳо муждаи шодӣ меорад. Он ашки интизориро ба ашки хурсандӣ табдил медиҳад.   Таърихи тоҷикон аз қадим бо меҳрубонии инсонҳо, раҳму шафқат ва гузашту бахшиш пайвандӣ дорад. Авф низ идомаи ҳамин арзишҳост. Он нишон медиҳад, ки дар меҳвари сиёсати давлат инсон арзиши олӣ дорад. Каромат ва ҷавонмардии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто чун фазли пуртадбир ва умедбахшу ояндасоз мақоми арзишманд дорад. Ин иқдом баргирифта аз мактабест, ки давлатдории он бар асоси инсонмеҳварӣ бунёд гардидааст. Мактабе, ки дар он ба инсон имкони ислоҳ ва барои тағйир ёфтан ба ӯ шароит фароҳам оварда мешавад.   Имрӯзҳо, ки дар фазои меҳан ҷашни Ваҳдати миллӣ дар танин аст, маҳз бо талошҳои хастагинопазири Пешвои миллат бо рисолати гузашту бахшиш аз гуноҳи ҳамдигарӣ қабои идона ба бар кард. Дар он замони тира Роҳбари давлат қайд карданд, ки дар зиндагӣ аз гуноҳи якдигар гузаштан ва ҳамдигарро бахшидан аз ҳама кори душвортар аст. Танҳо ҷавонмард метавонад гуноҳи дигаронро бубахшад. Ва дар идома зикр мекарданд, ки мо якдигарро мебахшем ва кишвари худро барқарор мекунем ва онро месозем. Яъне, ки авфи ҳамдигар ва гузашт кардан аз хатоҳои дигарон чун сифати ҷавонмардӣ дар сиришти Сарвари кишвар ҳувайдо буд.   Ҳазорон нафар аз файзи ин иқдоми ҳакимона ба пеши наздиконашон бармегарданд. Дар баробари изҳори пушаймонӣ шуълаи умеду боварӣ ба зиндагии нав дар замирашон фурӯзон мешавад. Боварманд ба ҷомеа мешаванд, ки онҳоро фаромӯш накарда, ба оғӯши худ мегирад. Бовар ба он менамоянд, ки аз аъмоли нописанд дарси ибрат гирифта, ба зиндагии нав дари уммедро боз кунанд.   Заноне, ки аз оғӯши фарзандон дур мондаанд, дубора гармии хонадонро эҳсос хоҳанд кард. Ноболиғоне, ки аз роҳи дуруст дур шудаанд, имкони бозгашт ба синфхона ва орзуҳои ҷавонии худро пайдо мекунанд. Сароғози ин паём ба тағйири сарнавишти як нафар дахл надошта, умедворӣ ба хонадонҳои зиёде меоварад.   Муҳимтар аз ҳама, пас аз озодӣ барои зиндагии нав фароҳамсозии шароити хуб низ таъкид гардид. Барои ҳамин мақомоти дахлдор вазифадор гардидаанд, ки ба шахсони озодшуда дар пайдо кардани ҷойи кор, таҳсил ва мутобиқ шудан ба ҷомеа кумак намоянд. Аз ин рӯ, дар баробари авф, дастгирии доираи маҳкумшудагон иқдоми саривақтӣ ва сутуданӣ аст.   Дар ҷаҳоне, ки садои низоъ, бемурувватӣ, хушунату бемеҳрӣ ҳамеша ба гӯш мерасад, ин иқдоми инсондӯстона арзиши баланд дорад. Агарчи давлат дар тавоноии қонун ва оштинопазир будани он ба ҳар ҷиноят мавқеъ гирад, фақат бузургмард бо фазли солорӣ ва роҳбурди инсонмеҳвар ба авфи маҳкумшудагон мепардозад.   Абубакр Бачамардзода, корманди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    27

    17.06.2026
  •  img
    МУЛОҚОТИ МАҶОЗӢ БО РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲИ БРУНЕЛИ ЛОНДОН 16 июни соли 2026 муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода бо ҳайати роҳбарикунандаи Донишгоҳи Брунел (Лондон), аз ҷумла профессор Тревор Ҳой, доктор Филип Коллинз, профессор Ҷон Коссар, хонум Кирсти Смит ва ҷаноби Муҳаммад Алам мулоқоти маҷозӣ намуд.   Муовини якуми вазир дар оғози суханронӣ ба ҷониби Донишгоҳи Брунел барои ташкили ин мулоқот ва таваҷҷуҳи хосса ба рушди ҳамкориҳо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Қайд гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамеша омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, бахусус бо донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон, иброз менамояд.   Зимни суханронӣ таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидори илмӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии байналмилалии низоми таҳсилот аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.   Дар ин замина, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, аз ҷумла, рушди таҳсилоти олӣ, рақамикунонии иқтисод, зеҳни сунъӣ, технологияҳои пешрафта, энергетикаи сабз ва иқтисоди донишбунёд муайян гардидаанд, ки татбиқи онҳо бе ҳамкории фарогир бо муассисаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ғайриимкон аст.   Ҷониби Тоҷикистон Донишгоҳи Брунелро ҳамчун яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олӣ дар Британияи Кабир, ки дорои таҷрибаи ғанӣ дар самтҳои муҳандисӣ, технология, илмҳои тандурустӣ, инноватсия ва таҳқиқоти амалӣ мебошад, баланд арзёбӣ намуд.   Дар рафти мулоқот масъалаҳои муҳимми марбут ба роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ ва тадқиқотӣ дар соҳаҳои муҳандисӣ, технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таҳлили додаҳо, энергетика ва рушди устувор иброз намуданд.   Ҳамзамон, масъалаҳои таъсиси мубодилаи донишҷӯён, такмили ихтисоси кадрҳои илмӣ ва академӣ, инчунин ҷалби муҳаққиқони тоҷик ба лоиҳаҳои байналмилалии илмӣ аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки ҳамкорӣ арзёбӣ гардиданд.   Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи кунунии рушди худ ба омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва муҳаққиқони ҷавон эҳтиёҷи рӯзафзун дорад. Дар ин замина, истифодаи таҷрибаи пешқадами донишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Донишгоҳи Брунел, метавонад дар баланд бардоштани иқтидори инсонии кишвар нақши калидӣ бозад.   Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаи роҳандозии таҳқиқоти муштарак, дастрасӣ ба инфрасохтори муосири илмӣ ва озмоишгоҳҳо, инчунин татбиқи барномаҳои инноватсиониро мавриди баррасӣ қарор доданд.   Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои дарозмуддат ва мутақобилан судманд иброз намуда, таъкид карданд, ки натиҷаҳои ин мулоқоти маҷозӣ заминаи устувор барои таҳияи нақшаи мушаххаси ҳамкорӣ хоҳад гардид.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    20

    16.06.2026
  •  img
    ШОҲМАНСУР: ИФТИТОҲИ БАСТИ ЯКУМИ ИСТИРОҲАТ ВА СОЛИМГАРДОНИИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ДАР «ЗИМЧУРУД» Нимаи дуюми рӯзи 15 июни соли 2026 дар Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии кӯдаконаи «Зимчуруд»-и назди шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи басти якуми мавсими истироҳат ва солимгардонии кӯдакону наврасон баргузор гардид.   Дар маросими ифтитоҳ роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансур, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, инчунин шахсони масъул иштирок намуданд.   Зимни суханронӣ  иброз гардид, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳат, солимгардонӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон тадбирҳои назаррас амалӣ гардида истодаанд. Қайд гардид, ки ҳифзи саломатӣ, таълиму тарбия ва рушди маънавии насли наврас яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.   Дар соли ҷорӣ фаъолияти истироҳатгоҳи «Зимчуруд» дар 4 баст ташкил карда шуда, дар ҳар баст 250 нафар кӯдак ба истироҳат ва солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд. Дар маҷмуъ, дар мавсими тобистонаи соли 2026 1000 нафар кӯдакону наврасон аз муассисаҳои таълимии ноҳия дар истироҳатгоҳ ва дар 9 майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ 1440 нафар ба истироҳат ва солимгардонӣ ҷалб карда мешаванд.   Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи хонандагон пешкаши ҳозирин гардида, сурудҳои ватандӯстона ва рақсу таронаҳои миллӣ  фазои идонаро боз ҳам рангинтар намуданд.   Бояд зикр намуд, ки дар истироҳатгоҳи «Зимчуруд» барои истироҳат, солимгардонӣ, машғулиятҳои варзишӣ, чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва рушди қобилиятҳои эҷодии кӯдакону наврасон тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.

    26

    16.06.2026