04.09.2025

 img

4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ машварати корӣ доир намуданд, ки дар он ҳамчунин раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода иштирок намуданд.

 

Дар машварати корӣ масоили вобаста ба ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта, меваю сабзавот ва дигар зироатҳо, омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ ва зимистонгузаронӣ ва татбиқи босамари лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ баррасӣ шуд.

 

Доир ба вусъати корҳо ва бо сифати дилхоҳ анҷом додани онҳо ба масъулини дахлдор дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.

  • Машварати корӣ img
  • Машварати корӣ img
  • Машварати корӣ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ОБОДСОЗИИ МУҲИТИ КОРӢ ВА ТОЗАЮ ОЗОДА НИГОҲ ДОШТАНИ ҲУДУДИ ВАЗОРАТ ДАР АРАФАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ Бо мақсади истиқболи шоистаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, 6 сентябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии умумӣ бо иштироки фаъолонаи кормандон баргузор гардид.   Иқдоми мазкур дар асоси арзишҳои ватандӯстӣ ва эҳтиром ба муҳити зист сурат гирифта, барои тозаву озода нигоҳ доштани ҷойи кор, ободу зебо гардонидани гирду атроф ва фароҳам овардани фазои идона роҳандозӣ гардид.   Зимни баргузории шанбегӣ тамоми ҳудуди дохилӣ ва берунии вазорат аз партовҳо, хасу хошок ва алафҳои бегона тоза карда шуда, роҳраву гулгаштҳо ба тартиб дароварда шуд.   Ин иқдоми ободонӣ ва тозакорӣ танҳо як амалиёти маъмулии хизматӣ набуда, балки ифодаи рӯшани арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба муҳити зист ва масъулияти шаҳрвандии кормандони вазорат дар арафаи таҷлили Истиқлоли давлатӣ мебошад.

    49

    06.09.2025
  •  img
    РАВАНДИ БАРГУЗОР НАМУДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ, ТОЗАЮ ОЗОДА КАРДАНИ ҲУДУДУ АТРОФИ МУАССИСА Бо ифтихору сарфарозӣ ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади истиқболи шоистаи ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи шанбе, санаи «06» сентябри соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии умумӣ баргузор гардид.   Истиқлолият барои миллати тоҷик рамзи шараф, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва бақои давлатдорӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, кулли кормандони Марказ бо ҳисси баланди ифтихор ва масъулияти шаҳрвандӣ ба корҳои ободониву тозакорӣ саҳм гузошта, бо ташаббус ва садоқати хоса дар шанбегии умумӣ иштирок намуданд.   Дар рафти баргузории шанбегӣ тамоми ҳудуди дохилӣ ва берунии муассиса аз партовҳои маишӣ, хасу хошок ва алафҳои бегона тоза карда шуд. Кормандон гурӯҳ-гурӯҳ тақсим шуда, роҳравҳо, гулгаштҳо ва майдончаҳои назди бино аз нав тоза ва озода гардиданд. Ин иқдом муҳити муассисаро тоза ва солим гардонд. Ҷиҳати зебо ва сабз гардонидани атрофи муассиса гулу гулгаштҳо ва ниҳолҳои сояафкани атрофи муассиса ба тартиб дароварда шуданд. Ин амал ҳамчун рамзи сабзу хуррамӣ ва ҷовидонии Истиқлолият дониста мешавад. Ҳамзамон, дарахтони мавҷуда аз нав сафед карда шуданд, ки ҳам намуди зоҳириро зебо сохт ва ҳам барои муҳофизати дарахтон аз ҳашароти зараровар аҳамияти калон дорад. Дар саҳни муассиса парчамҳои давлатӣ, шиору овезаҳои ватандӯстӣ ва рамзҳои миллии ифтихорӣ гузошта шуданд. Ин иқдом рӯҳияи идона ва муҳаббат ба Ватанро миёни кормандон боз ҳам тақвият бахшид.   Баргузории шанбегӣ на танҳо амалиёти одии тозакорию ободонӣ буд, балки рамзи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва саҳми кормандони Марказ дар пешвози ҷашни муқаддаси Истиқлолият маҳсуб мегардад. Дар ҷараёни он кулли кормандон бо якдилӣ ва ҳамбастагӣ ширкат варзиданд, ки ин худ нишонаи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии онҳо мебошад.   Ин чорабинӣ собит сохт, ки бо ҳамдастӣ ва ташаббуси умумӣ метавон муҳити зистро ободу зебо гардонд ва фазои тозаю хуррамро ба насли имрӯзу фардо боқӣ гузошт. Ҳамзамон, ин иқдом ба тарғиби фарҳанги меҳнат ва эҳтиром ба арзишҳои Истиқлолият мусоидат кард.   Дар натиҷаи баргузории шанбегӣ, ҳудуди муассиса симои тоза, зебо ва идона пайдо намуд. Ҳамаи кормандон бо рӯҳияи идона ва ҳисси баланди масъулият дар назди Ватан фаъолият карданд. Ин чорабинӣ собит сохт, ки Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ бо тамоми нерӯ ва имконият барои пешвози шоистаи ҷашни муқаддаси Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мебошад.

    53

    06.09.2025
  •  img
    ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ» Ба ифтихори 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи силсилаи чорабиниҳои ҷашнӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ» баргузор гардид.   Дар ҳамоиш ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷӯрахон, Раиси Ассосиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон, узви Шурои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафар, Раиси Кумитаи сулҳу ризоияти миллӣ, узви Шурои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Шарипова, ноибони ректори Академия, кормандону устодон ва магистрантон иштирок намуданд.   Чорабиниро ноиби ректори Академия оид ба илм ва инноватсия, н.и.т., дотсент Карамалишоев Карамалишо бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, истиқлолиятро ҳамчун бузургтарин дастоварди таърихии халқи тоҷик арзёбӣ намуд ва нақши онро дар ташаккули низоми давлатдории миллӣ ва рушди ҷомеаи муосирро таъкид кард.   Ректори Академияи Сафарзода Даврон Ҷӯрахон зимни баромади хеш қайд намуд, ки Истиқлоли давлатӣ дар масири таърихи давлатдории миллӣ ҷойгоҳи худро муайян намудааст. Зеро истиқлол маҳз барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик, ки аз азал дар роҳи муваффақ шудан ба истиқлолият мубориза мебурданд, санаи фаромӯшношуданӣ ба ҳисоб меравад ва метавон гуфт, ки рӯзи 9- уми сентябри соли 1991 барои давлат ва миллати тоҷик санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ баҳисоб меравад.   Гуфта шуд, ки истиқлолият заминаи асосиро барои соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик фароҳам овард ва он рамзи асосии дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад. Маҳз, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон дар созмонҳои бонуфузтарини байналмилалӣ узвияти комилҳуқуқ ва як овози баробар дорад, ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро мешиносад ва пешниҳодҳои онро дастгирӣ менамояд. Дар ин замина, амалигардии нияту орзуи ҳар як сокини мамлакат, пешрафти давлат ва ободии Ватан танҳо дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад.   Дар ҳамоиш маърӯзакунандагон доир ба паҳлуҳои гуногуни истиқлолият, ҳувияти миллӣ, таҳкими ваҳдат ва такомули низоми демократӣ андешаҳои худро баён доштанд.   Аз ҷумла, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Сайфулло Сафар дар маърузаи худ зикр кард, ки Истиқлолият на танҳо дастоварди бузурги сиёсӣ, балки омили худогоҳиву худшиносии миллӣ мебошад. Маҳз истиқлолият ба миллати тоҷик имконият дод, ки ҷойгоҳи арзандаи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намояд.   Ҳамзамон, Раиси Кумитаи сулҳу ризоияти миллӣ Латофат Шарипова дар баромади худ таъкид намуд: «Давраи истиқлолият барои занону ҷавонон имкониятҳои бесобиқа фароҳам овард. Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин табақаҳои ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, заминаи воқеӣ барои рушд ва пешрафти онҳо муҳайё сохт».   Маърӯзачиён ҳамчунин аз раванди ташаккули давлатдории миллӣ ёдоварӣ карда, дастовардҳои замони истиқлолиятро натиҷаи ваҳдату худшиносии мардум, алалхусус, сиёсати хирадмандонву фидокориҳои фарзанди фарзонаи халқ -Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донистанд. Таъкид карда шуд, ки истиқлолият барои миллати тоҷик имкони воқеии ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди забон, фарҳанг ва таҳкими пояҳои давлатдории муосирро фароҳам овардааст.   Ҳамоиш дар сатҳи баланд доир гардида, он дар таҳкими маърифати миллӣ, бедории худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолият саҳми назаррас хоҳад гузошт.   Бояд тазаккур дод, ки ҳамоиши мазкур дар бахшҳо идома ёфта, дар сохторҳои Академия мизҳои мудаввар ва конфронсҳои илмӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор хоҳанд гашт. Дар ҷараёни ин нишастҳо муҳаққиқон паҳлуҳои гуногуни истиқлолиятро мавриди таҳлил қарор дода, масоили марбут ба рушди давлатдории миллӣ, таҳкими ҳувияти фарҳангӣ ва пойдории ваҳдати миллӣ баррасӣ менамоянд.

    27

    05.09.2025