26.12.2025
25 декабри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ситоди онлайнӣ оид ба таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзгорон баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода баргузор гардида, дар кори он роҳбарон ва намояндагони раёсату шуъбаҳо ва муассисаҳои тобеъ, сардорони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тариқӣ ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат варзиданд.
Ҷаласаро муовини вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Зимни баромад таъкид гардид, ки сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди устувори соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил дар тамоми зинаҳои низоми маориф равона гардида, имрӯз ҳамчун заминаи асосии пешрафти ҷомеа хизмат мекунад. Татбиқи пайгиронаи ин сиёсат бояд вазифаи ҷонӣ ва пурмасъули ҳар як корманди соҳаи маориф ҳисоб равад.
Дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботҳои солонаи иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати маорифи шаҳри Исфара Ф. Умарзода ва мудири маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров М. Абдуллозода шунида шуд. Дар ҳисоботҳо вазъи умумии соҳаи маориф, дастовардҳо дар соли ҷорӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ, ҷараёни иҷрои нақшаҳои таълимӣ, масъалаҳои таъминоти кадрӣ, инчунин мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, оид ба масъалаҳои вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак баромади муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак М. Давлатзода шунида шуда, зимни он масъалаҳои таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон ба таҳсил, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон, таҳкими ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо сохторҳои дахлдор ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии хонандагон мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд.
Дар қисмати муҳокимаҳо муовини вазири маориф ва илм ба маърӯзачиён вобаста ба масъалаҳои баррасишуда саволу пешниҳодҳо ироа намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, таҳкими назорат аз раванди таълим ва таъмини иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар фарҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки иҷрои қатъии дастуру супоришҳои роҳбарияти соҳа, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, таҳкими ҳамоҳангӣ миёни сохторҳои соҳаи маориф дар иҷрои вазифаҳо бояд дар меҳвари фаъолияти минбаъдаи ҳамаи масъулин қарор гирад.