24.12.2025
Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илм бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Сонг Шик баргузор гардид.
Зимни мулоқот директори Марказ Умед Ҳасанзода барои таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи ҷониби Корея дар самти рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф ва илм изҳори сипос намуда, таъкид намуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея дар заминаи созишномаҳои байниҳукуматӣ ва фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ба роҳ монда шуда, сол ба сол густариш меёбанд.
Дар идома зикр гардид, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба омӯзиши забон ва фарҳанги Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш ёфта, айни ҳол дар назди 8 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ марказҳо ва ихтисосҳои забони кореягӣ фаъолият менамоянд. Ҳамчунин, миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расида, дар доираи онҳо табодули устодону донишҷӯён, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангӣ амалӣ гардида истодаанд.
Директори Марказ ҳамчунин аз ҳамкориҳои самарабахш дар самти таҳияи китобҳои дарсӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки бо ташаббуси ҷониби Корея дар солҳои гузашта як қатор мутахассисон ва муаллифони китобҳои дарсӣ ба Ҷумҳурии Корея сафар намуда, барои такмили муҳтавои китобҳои таълимӣ, бахусус мавзуъҳои марбут ба таърих ва фарҳанги он кишвар, маводи арзишманд ҷамъоварӣ намудаанд.
Дар навбати худ, Сафири Ҷумҳурии Корея сатҳи кунунии ҳамкориҳо дар соҳаи маорифи ду кишварро баланд арзёбӣ намуда, омодагии ҷониби Кореяро ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ дар самти такмили муҳтавои китобҳои дарсӣ, табодули таҷриба, инчунин рушди равандҳои рақамикунонӣ ва электроникунонии маводи таълимӣ изҳор дошта, таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Корея омода аст, таҷрибаи пешрафтаи худро дар самти таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ бо ҷониби Тоҷикистон ҳамкориро боз ҳам бештар намояд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо таъкид карданд, ки чунин мулоқотҳо ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи маориф ва илм мусоидат намуда, барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.