26.12.2025
25 декабри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ ёфта, иштирокчиён Паёми Пешвои миллатро ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва стратегии давлатдорӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар оғоз муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода суханронӣ намуда, ба аҳаммияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва стратегӣ таъкид кард. Номбурда нақши калидии соҳаи маориф ва илмро дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, зарурати шарҳу тавзеҳи илмии нуктаҳои Паёмро махсус зикр намуд.
Дар идома, маърузаи муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Сарвиноз Маҷидзода дар мавзуи «Шарҳи самти иҷтимоии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд. Дар маъруза масъалаҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат, аз ҷумла тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии оила, баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сипас, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Наима Солизода дар мавзуи «Таҳлили ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ» маъруза ироа намуд. Таъкид шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи муҳимми ташаккул ва такмили қонунгузории миллӣ ба шумор рафта, ҳамчун роҳнамои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ хизмат менамояд.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ибрози андеша намуда, аҳаммияти омӯзиш ва татбиқи ҳамаҷонибаи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои рушди соҳаи маориф, таҳкими давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ-ҳуқуқии ҷомеа муҳим арзёбӣ карданд.
Зикр гардид, ки хусусияти фарқкунандаи Паёми Пешвои миллат дар он аст, ки он бар пояи таҳлили амиқи илмӣ, омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва арзёбии ниёзҳои воқеии ҷомеа таҳия гардида, инсон ва рушди сармояи инсониро ҳамчун меҳвари сиёсати давлатӣ дар бар мегирад.
Дар фарҷом зикр гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар самти тавсеаи донишҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ, таҳкими тафаккури стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҷомеа аҳаммияти хоса дорад.