ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИ ТАШКИЛОТИ АКАДЕМИИ BRIGHT Имрӯз, 17 ноябри соли 2025, дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» вохӯрии директори Марказ Муҳамадҷон Ғафорзода бо роҳбари ташкилоти академии Bright, ҷаноби Довлет Кличнийязов, баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, гуфтугӯ доир ба иштироки хонандагони Тоҷикистон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ташкил ва татбиқи барномаҳои омодасозии онҳо ба сабқатҳои сатҳи ҷаҳонӣ, табодули таҷриба миёни омӯзгорон ва мутахассисон, ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ, инчунин тавсеаи робита бо ташкилотҳои байналмилалӣ сурат гирифт. Директори Марказ Муҳамадҷон Ғафорзода дар суханронии худ аз ташрифи ҷаноби Кличнийязов изҳори хушнудӣ карда, онро қадами муҳим дар рушди ҳамкориҳои судманд миёни Марказ ва ширкати академии Bright арзёбӣ намуданд. Инчунин таъкид гардид, ки таҳкими чунин робитаҳо ба баланд бардоштани сатҳи омодагии хонандагон ва ғанӣ гардонидани таҷрибаи омӯзгорон мусоидат мекунад. Ҷонибҳо зарурати татбиқи барномаҳои муштарак, густариши ҳамкориҳо дар сатҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ ва ҷалби мутахассисони хориҷиро барои такмили равандҳои таълимӣ таъкид намуданд. Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо55
17.11.2025
-
ВОХӮРӢ БО ҲАЙАТИ ГУРӮҲИ КОРИИ БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо ҳайати гурӯҳи кории Бонки умумиҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» вохӯрӣ баргузор намуданд. Зимни вохӯрӣ муовини якуми вазири маориф ва илм аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, иброз намуд, ки Тоҷикистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ якҷо бо шарикони рушд ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот мунтазам кӯшиш менамояд. Яке аз иқдомоти судманд, ки ба пешрафти маориф мусоидат мекунад, татбиқи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ мебошад. Зикр гардид, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» соли гузашта нақшаи азхудкунии маблағҳо ва дигар нишондиҳандаҳои барномавӣ пурра иҷро гардида, «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот» таҳия ва тасдиқ шудааст. Дар вохӯрӣ ҳамчунин қабули Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044 мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Тибқи талаботи стратегия, гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис ёфта, мушовирони миллӣ ва байналмилалӣ ҳуҷҷатҳои заруриро дар самти арзёбӣ ва кафолати сифати таҳсилот омода намуданд. Қарор аст ин ҳуҷҷатҳо дар 25 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии кишвар озмоиш гарданд. Дар фарҷом аз номи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бонки Умумиҷаҳонӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маориф изҳори миннатдорӣ баён гардида, омодагӣ барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо таъкид шуд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон29
17.11.2025
-
БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРӢ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “ФУРУҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” 14 ноябри соли 2025 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Дилрабо Мансурӣ ҳамроҳи вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода аз ҷараёни баргузории рӯзи якуми даври ниҳоии озмун дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд. Зимни боздид муовини Сарвазири кишвар ва вазири маориф ва илм аз рафти иҷрои вазифаҳо дар ҳамаи номинатсияҳои озмун, аз ҷумла “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ”, “Адабиёти муосири тоҷик”, “Адабиёти классикии тоҷик” ва “Адабиёти ҷаҳон” дидан намуданд. Масъулони комиссия, доварон ва иштирокчиён дар бораи сатҳи омодагӣ, ҷараёни пешниҳоди мавод ва муҳити озмунӣ маълумоти муфассал ироа карданд. Дилрабо Мансурӣ дар суҳбат бо довталабон ба ташаббус ва талошҳои китобхонӣ, заҳмати омӯзгорон ва дастгирии волидон баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки ин озмун яке аз ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти боло бурдани фарҳанги мутолиа ва боло бурдани завқи китобхонии насли ҷавон мебошад. Иброз шуд, ки таваҷҷуҳи рӯзафзуни хонандагону донишҷӯён ба китоб ва афзоиши шумораи иштирокчиён дарак аз он медиҳад, ки озмун ба ташаккули тафаккури созанда ва пурзӯр гардидани шавқи мутолиа дар ҷомеа мусоидат намудааст. Баъди шиносоӣ бо ҷараёни озмун, Дилрабо Мансурӣ вобаста ба дар сатҳи баланд баргузор шудани озмун, шаффофият ва риояи талаботи Низомнома дастурҳои мушаххас дод.54
14.11.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
04.11.2025
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар -
31.10.2025
ЗАПРОС КОТИРОВОК
ЗАПРОС КОТИРОВОК Бештар -
28.10.2025
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор