ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ СИТИИ МАЛАЙЗИЯ Имрӯз, 16 апрели соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода бо намояндагони Донишгоҳи ситии Малайзия баргузор гардид. Дар мулоқот ҳамчунин муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» Т. Баҳриддин ва намояндаи раёсати муносибатҳои байналмилалии вазорат иштирок намуданд. Муовини вазир меҳмононро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия дорои заминаи устувори ҳуқуқӣ ва таҷрибаи мусбати ҳамкорӣ мебошанд. Зикр гардид, ки оғози ин раванд ба имзои Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои ду кишвар дар соли 2014 рост омада, баъдан ҳамкориҳо бо як қатор донишгоҳҳои бонуфузи Малайзия густариш ёфтаанд. Қайд карда шуд, ки ҳоло донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Малайзия таҳсил намуда, ҳамзамон омӯзгорону муҳаққиқони тоҷик дар барномаҳои гуногуни байналмилалӣ, семинару конфронсҳо ва курсҳои такмили ихтисос фаъолона иштирок мекунанд. Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таҳсилоти олӣ, роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла, зеҳни сунъӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон, пешниҳод гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбии кадрҳо, ташкили курсҳои забономӯзӣ, барномаҳои такмили ихтисос ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами Малайзия барои омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф ба роҳ монда шавад. Муовини вазир инчунин аз иштироки фаъолонаи донишгоҳи мазкур дар сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2026 ёдовар шуда, онро заминаи муҳим барои таҳкими робитаҳои минбаъда арзёбӣ намуд. Дар навбати худ, намояндагони донишгоҳ омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳандозии барномаҳои муштарак ва тақвияти табодули академӣ изҳор доштанд. Маркази Дурахшандагон30
16.04.2026
-
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ Миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бо таъриху фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни куҳанбунёди худ шинохта шудааст. Хотироти таърихӣ ва фарҳанги асили аҷдодӣ дар тули асрҳо имкон дод, ки тоҷикон сарфи назар аз таҳаввулоти пурпечутоби сиёсиву иҷтимоӣ ва таъсири қудратҳои берунӣ асолат ва ҳастии миллии худро ҳифз намоянд. Тамаддуну фарҳанги ғанӣ ва арзишҳои башардӯстонаи ниёгон ҳамчун сипари маънавӣ миллати моро ҳифз намуда, заминаи ҳамзистии осоишта ва ҳамкории судманд бо дигар халқҳои ҷаҳонро фароҳам овардааст. Таъриху тамаддуни аҷдоди тоҷикон то имрӯз таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқони зиёди ҷаҳонро ҷалб намудааст, зеро натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ нишон медиҳанд, ки аҷдодони мо дар саргаҳи ташаккули тамаддун қарор дошта, бо қудрати зеҳнӣ ва фарҳанги баланди худ дар рушди арзишҳои инсонпарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоишта саҳми арзишманд гузоштаанд. Яке аз муҳимтарин падидаҳои таърихӣ дар ин раванд тамаддуни ориёӣ ба ҳисоб меравад. Аҷдодони мо бунёдгузори яке аз қадимтарин ва нахустин тамаддунҳо дар таърихи башар мебошанд, ки дар меҳвари он арзишҳои инсондӯстӣ, адолат, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва расидан ба зиндагии шоиста қарор доранд. Ин тамаддун ба фарҳанг ва тамаддунҳои ҳамҷавор таъсири амиқ расонда, барои рушди минбаъдаи тамаддуни башарӣ заминаи устувор гузоштааст. Дар шароити ҷаҳонишавии муосир омӯзиш ва эҳёи мероси таърихию фарҳангии ниёгон аҳамияти махсус пайдо мекунад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки танҳо миллате метавонад истиқлол ва манфиатҳои миллии худро ҳифз намояд, ки бо таърихи аҷдодӣ пайванди устувор дошта, арзишҳои миллию фарҳангии худро пос дорад. Аз ин рӯ, омӯзиши таърих ва тамаддуни гузашта барои таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи насли ҷавон ва рушди устувори ҷомеа аҳамияти калидӣ дорад. Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик имконият фароҳам овард, ки таърих ва тамаддуни худро бо назари нав омӯзад ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рӯзҳои нахустини фаъолият ба ҳайси Роҳбари давлат бо пешбурди сиёсати дурандешонаи худ дар баробари ҳалли масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии кишвар ба эҳё ва муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд, барҷаста аст. Сарвари давлат зимни таҳлилу баррасии омилҳо ва паёмадҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба хулоса омаданд, ки яке аз сабабҳои муҳими сар задани он дур гардидани ҷомеа аз асолат ва арзишҳои таърихию миллии хеш будааст. Аз ин рӯ, бо ташаббуси Пешвои миллат таҳқиқ ва омӯзиши тамаддуни ориёӣ ба сатҳи нави илмӣ бароварда шуд. Асарҳои бунёдии Сарвари давлат, аз ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забони миллат – ҳастии миллат» ва «Чеҳраҳои мондагор» дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик саҳми арзишманд доранд. Дар ин асарҳо консепсияи нави омӯзиши таърихи миллат пешниҳод гардида, зарурати ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва омӯзиши амиқи сарчашмаҳои таърихӣ таъкид мегардад. Бо ташаббуси Пешвои миллат, ҳамчунин, як қатор чорабиниҳои муҳими фарҳангиву таърихӣ амалӣ гардиданд, ки ба эҳёи арзишҳои тамаддуни ориёӣ мусоидат намуданд. Аз ҷумла, эълон шудани соли 2006 ҳамчун Соли тамаддуни ориёӣ, эҳёи ҷашнҳои бостонии Сада, Меҳргон ва Тиргон, таҷлили 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм ва ворид шудани он ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор, бузургдошти 1310-солагии Абуҳанифа Имоми Аъзам аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим дар роҳи муаррифии шоистаи таъриху фарҳанги тоҷикон мебошанд. Бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 Соли тамаддуни ориёӣ эълон гардида, ин иқдом бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил шуд ва ба муаррифии симои таърихӣ ва нақши тоҷикон ҳамчун ягона меросбари тамаддуни ориёӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат намуд. Ҳамчунин, бо ташаббуси Роҳбари давлат осори гаронбаҳои таърихӣ ба ҷомеа дастрастар гардиданд. Нашри миллионҳо нусхаи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ва тақдими онҳо ба аҳолӣ иқдоми муҳими фарҳангӣ ба шумор меравад. Итминони комил дорем, ки ин асарҳо ҳамчун сарчашмаҳои муҳими худшиносии миллӣ насли имрӯзро ба омӯзиши таърих, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва сабақгирӣ аз корномаҳои ниёгон раҳнамоӣ менамоянд. Дар солҳои охир ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангии тоҷикон низ густариш ёфтанд. Даҳҳо ёдгории моддӣ ва маънавии халқи тоҷик ба феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид гардида, эътирофи ҷаҳонии тамаддуни тоҷиконро тақвият бахшиданд. Аз ҷумла, ворид гардидани 11 ёдгории фарҳангии Хутали қадим, ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ, ҳамчунин, аз ҷониби ин созмони бонуфуз эътироф шудани шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва таҷлили бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ аст. Татбиқи иқдомҳои илмӣ ва фарҳангии марбут ба мероси ориёӣ, аз ҷумла баргузории ҳамоишҳо оид ба «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) низ аҳамияти хоса доранд. Ин санади таърихӣ яке аз нахустин эъломияҳои ҳуқуқи башар ба шумор рафта, арзишҳои баробарӣ, адолат ва таҳаммулпазириро тарғиб менамояд ва бозгӯйи он аст, ки ниёгони мо ҳанӯз дар аҳди бостон ба арзишҳои инсондӯстона ва ҳуқуқи инсон аҳамияти калон медоданд. Ҳоло тибқи дастури Сарвари давлат ҷиҳати ворид намудани номи Борбади Марвазӣ ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО корҳои мушаххас идома дошта, барои муаррифии саҳми таърихии ин чеҳраи барҷастаи фарҳанги тоҷик дар рушди мусиқии ҷаҳонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар идомаи пешбурди сиёсати фарҳангдӯстона Президенти кишвар чанде пеш зимни ироаи Паёми навбатии хеш ташаббуси бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Душанбе пешниҳод намуданд. Ин иқдоми навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муҳиму дурбинона ва амри зарурӣ дар роҳи эҳёи мероси таърихӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ мебошад. Ин муассисаҳо ҳамчун марказҳои муосири таърихӣ барои муаррифии тамаддуни ориёӣ, омӯзиши таърихи беш аз шаш ҳазорсолаи халқи тоҷик ва ҷалби муҳаққиқону сайёҳон аҳамияти бузург доранд. Дар онҳо таърихи ташаккул ва рушди фарҳанг, давлатдорӣ, дин, забон ва санъати мардумони ориёӣ бо истифода аз технологияҳои муосир инъикос хоҳад ёфт. Бунёди чунин марказҳо на танҳо барои имрӯз, балки барои наслҳои оянда низ аҳамияти бузург доранд. Онҳо имкон медиҳанд, ки мероси таърихӣ ва фарҳангии миллат ҳифз гардида, ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ шавад. Ҳамзамон, чунин иқдомҳо таваҷҷуҳи муҳаққиқони байналмилалӣ, дӯстдорони таъриху фарҳанги бостонӣ ва сайёҳонро ба пойтахти кишвар ҷалб карда, шаҳри Душанберо ба маскани ҷолиби илмиву сайёҳӣ табдил медиҳанд. Дар маҷмуъ, эҳёи тамаддуни ориёӣ ва омӯзиши амиқи таърихи миллӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ, рушди фарҳанг ва пойдории давлатдории тоҷикон аҳамияти бузург дорад. Ҳифзи ин мероси гаронбаҳо ва муаррифии он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифаи муҳими наслҳои имрӯз ва фардои миллат ба шумор меравад. Мо танҳо бо эҳтирому арҷгузории арзанда ба таърих ва пос доштани арзишҳои фарҳангии ниёгон метавонем ояндаи устувор ва пурифтихорро барои кишвари маҳбубу ягонаамон – Тоҷикистон таъмин намоем. Рустами ЭМОМАЛӢ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе25
16.04.2026
-
БАРРАСИИ РАФТИ ИҶРОИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи корӣ вобаста ба рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» баргузор гардид. Зимни ифтитоҳи ҷаласа вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, дар ин замина баҳри рушди соҳа ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия тадбирҳои муҳимми амалӣ роҳандозӣ гардидаанд. Қайд карда шуд, ки бо мақсади бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва таъмини рушди устувори инфрасохтори соҳа як қатор барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ гардида истодаанд. Дар ин замина, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он тасдиқ гардида, ҳамчун санади муҳимми соҳавӣ ба беҳтарсозии вазъи муассисаҳои таълимии вилоят равона шудааст. Ҳамзамон, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2025 Нақшаи амали барномаи мазкур барои марҳилаи дуюм (солҳои 2025-2027) тасдиқ гардида, татбиқи босамари он идома дорад. Сардори раёсати сохтмони асосии вазорат Б. Файзуллозода оид ба рафти иҷрои барномаи мазкур маълумот пешниҳод намуда, зикр кард, ки дар доираи татбиқи барнома ҷиҳати бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди таълим, таъмини муассисаҳо бо инфрасохтори зарурӣ ва бартараф намудани норасоии ҷойҳои нишаст дар вилояти Хатлон корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Ҳамзамон, бо ҷалби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ татбиқи як қатор лоиҳаҳои сохтмонӣ идома дошта, иҷрои бандҳои барнома марҳила ба марҳила таъмин гардида истодааст. Дар идомаи ҷаласа инчунин масъалаҳои марбут ба таъмини муассисаҳо бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, беҳтар намудани шароити моддию техникӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои таълимӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Вазири маориф ва илм зимни ҷамъбасти ҷаласа таъкид намуд, ки баланд бардоштани сатҳи инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити муосири таҳсил яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии соҳаи маориф маҳсуб ёфта, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои барнома зарур аст, ки масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати бандҳои он, истифодаи мақсадноки маблағҳо ва назорати ҷараёни корҳои сохтмонӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.28
16.04.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
14.04.2026
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар -
06.04.2026
Invitation for Bids
Invitation for Bids Бештар -
06.04.2026
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор