ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ»
-
ВОХӮРӢ БО МУШОВИРОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКИ ҶАҲОНӢ 12-уми марти соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Каримзода Равшан бо мушовирони байналмилалии Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид. Дар вохурии мазкур оид ба гузаронидани «Таҳқиқот доир ба мушоҳидаи дарс тавассути воситаи TEACH» ва гузаронидани «Таҳқиқоти истифодабарандагони муассисаҳои таълимӣ», ки дар 65 муассисаҳои талимии озмоишӣ ва 65 муассисаҳои талимии муқоисавӣ гузаронида мешавад, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Гуфта шуд, ки таҳқиқоти мазкур барои муайян ва боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия, татбиқи муносибати босалоҳият дар раванди таълим, бештар намудани неруи зеҳнии хонандагон, беҳтар намудани шароити модии муассисаҳои таълимӣ ва мутобиқ намудани стандартҳои ҷаҳонии таҳсилот дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои рушди маориф яке аз омилҳои таъсиррасон ба ҳисоб меравад.
50
13.03.2025
-
14 НАФАР КОРМАНДОНИ ДОНИШКАДА СОҲИБИ СЕРТИФИКАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГАРДИДАНД Дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Муҳити таълим-асоси таҳсилоти босифат» семинар - омӯзиши «Таҳқиқот доир ба мушоҳидаи дарс тавассути воситаи TEACH» барои 25 нафар омӯзгорону кормандони Донишкада ва филиалҳо гузаронида шуд, ки аз инҳо 14 нафар соҳиби сертифакати байналмилалӣ оид ба истифодаи воситаҳои TEACH гардиданд. Омӯзиш аз ҷониби мушовири байналмилалӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷад Ширер гузаронида шуд. Соли 2025 аз ҷониби 14 нафар тренерони сатҳи байналмилалӣ озмоиш оид ба истифодаи воситаҳои Teach дар 4 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе ва 130 муассисаи таълимии ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Баргузории чунин таҳқиқот дар ҷумҳурӣ маротибаи аввал буда, Тренерон метавонанд фаъолияти муассисаҳои таълимиро дар шакли нав арзёбӣ намоянд.
60
12.03.2025
-
ИДОМАИ ОМӮЗИШ БАРОИ КОРШИНОСОНИ МИЛЛӢ ДАР ДОИРАИ «ТАҲҚИҚОТ ДОИР БА МУШОҲИДАИ ДАРС ТАВАССУТИ ВОСИТАИ TEACH» Дар доираи ҳамкориҳо бо Лоиҳаи «Муҳити таълим-асоси таҳсилоти босифат» оид ба «Таҳқиқот доир ба мушоҳидаи дарс тавассути воситаи TEACH» бо ҷалби коршиноси байналмилалӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Джад Ширер омӯзишҳо барои омода намудани коршиносони миллӣ идома доранд. TEACH як воситае мебошад, ки барои мушоҳидаи дарс дар чандин кишварҳои ҷаҳон ҳамчун омили асоси муайян намудани сифату самаранокии раванди таълим ва дарёфти маълумот дар бораи сатҳи азхудкунии дониш ва рушди салоҳиятҳои хонандагон гузаронида мешавад. Дар дафтари кории ширкати “Машварат ва таҳлил” 10 марти соли 2025 барои 12 нафар коршиносони миллӣ, ки аз санҷишҳо гузаштанд, семинари омўзишӣ барои баргузории таҳқиқот анҷом дода шуд. Корҳои амалӣ рўзҳои 11-12 март идома меёбанд ва коршиносони миллӣ пас аз омӯзиш, моҳи апрели соли 2025 барои баргузории таҳққот ҷалб карда мешаванд.
72
11.03.2025