БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ II
-
Арзёбии ташаккулдиҳанда ҳамчун воситаи рушди саводнокии функсионалии хонандагон 3 ноябри соли 2025 омӯзиши мавзӯии «Арзёбии ташаккулдиҳанда ҳамчун воситаи рушди саводнокии функсионалии хонандагон» баргузор гардид. Дар омӯзиш омӯзгорон, роҳбарони методии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва намояндагони шӯъбаҳои маориф иштирок намуданд. Ҳадафи асосии омӯзиш — баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи омӯзгорон оид ба татбиқи арзёбии ташаккулдиҳанда ва таҳкими саводнокии функсионалии хонандагон буд. Дар ҷараёни чорабинӣ коршиносони Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо ва коршиносони маҳаллӣ дар мавзӯъҳои гуногун суханронӣ намуданд. Казжанова Айгул, коршиноси калони байналмилалӣ оид ба таҳсилоти умумӣ (Лоиҳаи ИА), Холис Садурдинов коршиноси миллӣ меъёрҳои арзёбии ташаккулдиҳандаро дар фанҳои гуманитарӣ ва фанҳои дақиқ тавзеҳ доданд.556
04.11.2025
-
Гурӯҳи ТИМК ва Барномаи Дастгирии Буҷет давраи омӯзишҳои тақвияти иқтидорро дар саросари Тоҷикистон идома медиҳанд Гурӯҳи ТИМК ва Барномаи дастгирии буҷет силсилаи омӯзишҳои тақвияти иқтидорро бо мақсади рушди таҳсилоти касбии фарогир ва бар асоси салоҳият дар саросари Тоҷикистон оғоз намудааст. Нахустин даври омӯзиш дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, дар он омӯзгорон, методистон ва тренерон аз шаҳр ва минтақаҳои ҳамсоя ширкат варзиданд. Давраи омӯзишҳо ҳамин ҳафта дар шаҳри Бохтар идома ёфта, имкониятҳои навро барои такмили малакаҳои касбӣ ва татбиқи усулҳои муосири таълимии мутобиқ ба ниёзҳои бозори меҳнат фароҳам меорад.538
31.10.2025
-
Оғози омӯзиш барои таҳкими таҳсилоти касбии фарогир Гурӯҳи ТИМК ва Барномаи Дастгирии Буҷет расман оғози даври аввалини омӯзишҳои такмили ихтисосро эълон намуда, ҳадафи он дастгирии ҷорӣ намудани усулҳои муосир ва ба соҳа мувофиқ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон мебошад. Ин омӯзишҳо бо нишондиҳандаҳои асосии Барномаи дастгирии буҷет ҳамоҳанг буда, ба таъмини таҳсилоти босифат, дастрас ва фарогир нигаронида шудаанд. Ин даври омӯзишҳо се мавзӯи муҳимро дар бар мегирад: • Методологияи истифодаи маводи рақамии модулӣ ва ба салоҳият асосёфта дар раванди таълим • Таҳсилоти касбии дастрас ва фарогир • Методологияи татбиқи барномаҳои модулӣ ва ба салоҳият асосёфта, аз ҷумла барномаҳои кӯтоҳмуддат Аввалин омӯзиш дар Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, дар он омӯзгорон, методистон ва инчунин мутахассисони минтақаҳои ҳамсоя иштирок намуданд. Ҳадафи ташаббус — баланд бардоштани малакаҳои касбӣ, татбиқи усулҳои нави таълим ва такмили сифати умумии раванди таълими касбӣ мебошад. Бо фароҳам овардани шароит барои омӯзгорон ҷиҳати истифодаи усулҳои пешрафтаи таълимӣ ва воситаҳои методӣ, Гурӯҳи ТИМК ва Барномаи Дастгирии Буҷет ӯҳдадории худро дар самти дастгирии нерӯи корие, ки барои бозори меҳнати рӯ ба рушд омода аст, идома медиҳад ва таъмини дастрасии баробар ба таҳсилоти касбиро барои тамоми гурӯҳҳои аҳолӣ, аз ҷумла шахсони осебпазир, таъмин менамояд.660
24.10.2025