29.05.2026
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони “Сармоягузорӣ ба кӯдакон – заминаи рушди устувори давлат ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Конференсияро муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуда, таъкид кард, ки таваҷҷуҳ, ҳифз ва сармоягузорӣ ба кӯдакон яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он заминаи асосии рушди устувори ҷомеа ва таҳкими сармояи инсонӣ мебошад.
Зикр гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ давлатҳое муваффақ мешаванд, ки ба рушди инсон, бахусус кӯдакон, афзалият медиҳанд. Дар ин замина сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фароҳам овардани муҳити мусоид барои рушду камолоти кӯдакон равона гардидааст.
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар суханронии худ иброз дошт, ки таваҷҷуҳ ва сармоягузорӣ ба кӯдакон сармоягузорӣ ба зеҳн, маърифат, саломатӣ, фарҳанг ва амнияти онҳо мебошад.
Дар идомаи суханронии худ вазири маориф ва илм ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак таваҷҷуҳ намуда, қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд дар самти таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон заминаҳои ҳуқуқиро такмил дода, як қатор барномаҳои давлатӣ қабул намудааст.
Қайд гардид, ки Вазорати маориф ва илм дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, таъмини муҳити бехатари таълимӣ, рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҳифзи кӯдакон аз таъсири манфии муҳити рақамӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ менамояд.
Дар шароити густариши технологияҳои рақамӣ масъалаи амнияти иттилоотии кӯдакон ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимми замони муосир арзёбӣ гардида, зарурати ташаккули саводнокии рақамӣ, баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ ва рушди малакаҳои муосири хонандагон таъкид шуд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои вобаста ба дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, тақвияти инфрасохтори рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии омӯзгорон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири он ба тарбияи кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Қайд гардид, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНИСЕФ ва ЮНЕСКО, дар самти рушди таҳсилоти фарогир, рақамикунонии соҳаи маориф ва ҳифзи иҷтимоии кӯдакон натиҷаҳои назаррас ба бор оварда истодаанд.
Дар фароварди сухан вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки сармоягузорӣ ба кӯдакон сармоягузорӣ ба ояндаи миллат буда, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, бахусус дар самти таъмини таҳсилоти босифат ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад.
Дар ҷараёни муҳокимаҳо иштирокчиён таъкид карданд, ки ҳифзи манфиатҳои беҳтарини ҳар як кӯдак ҳамоно яке аз самтҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Конференсияи мазкур ҳамчун майдони муҳими мубодилаи афкор дар самти таҳкими сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва рушди соҳаи маориф арзёбӣ гардида, иштирокчиён омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон