29.05.2026
29 майи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазир, роҳбарони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, муассисаҳои тобеи вазорат ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Ҷаласаро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пайваста таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои рушди устувори он шароити мусоид муҳайё гардидааст. Гуфта шуд, ки маҳз бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат дар солҳои охир корҳои зиёде ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, фароҳам овардани инфрасохтори муосири соҳа, такмили заминаҳои моддиву техникӣ, боло бурдани нуфузи омӯзгорон ва густариши дастрасӣ ба таҳсилот анҷом ёфта истодаанд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаи омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва муайян намудани эҳтиёҷоти онҳо ба маводи сӯхт, аз ҷумла ангишту ҳезум мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба ин масъала сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ М. Тоирзода гузориш пешниҳод намуда, оид ба тадбирҳои андешидашуда барои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи зарурии сӯхт, омодасозии иншооти соҳа ба мавсими сармо ва ҳамоҳангсозии корҳои вобаста маълумот дод.
Сипас, лоиҳаи Нақшаи кори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2026 баррасӣ гардид. Мушовири вазири маориф ва илм И. Аминов зимни баромади худ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти вазорат, нақшаи чорабиниҳои пешбинишуда ва вазифаҳои асосии сохторҳои соҳавӣ маълумот пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа вазъи таълиму тарбия ва сифати омода намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ғайридавлатии ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Ҳ. Саидзода оид ба вазъи фаъолияти муассисаҳои мазкур, сатҳи таълиму тарбия, таъминоти кадрӣ ва зарурати тақвияти назорати сифати таҳсилот гузориш дод.
Инчунин, масъалаи тасдиқи Низомномаи истироҳати тобистонаи солимгардонии наздимуассисавӣ баррасӣ гардид. Директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ М. Давлатзода доир ба муҳтавои низомнома, тартиби ташкили истироҳати тобистонаи хонандагон ва фароҳамсозии шароити мусоид барои фароғату солимгардонии кӯдакону наврасон маълумот пешниҳод намуд.
Бо дарназардошти пешниҳоду мулоҳизаҳои иштирокчиён аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар фарҷоми ҷаласа вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати қарорҳои қабулшуда, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистон, таҳкими назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, татбиқи нақшаи кории вазорат ва ташкили самараноки истироҳати тобистонаи хонандагон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон