СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РӮЗИ ДОНИШ Ҳамватанони азиз! Хонандагону донишҷӯён ва устодону омӯзгорони муҳтарам! Ҳар сол дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф мебошад. Оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро ба хонандагону донишҷӯён, ...
ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ИЛОВАГӢ ВА ХОБГОҲИ ЛИТСЕЙИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ КӮДАКОНИ БОЛАЁҚАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти навбунёд аз ...
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 102 БАРОИ 2400 НАФАР ХОНАНДА ДАР ДУ БАСТ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР ВА ИШТИРОК ДАР "ДАРСИ СУЛҲ" 17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-ро барои 2400 нафар хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор ...
ТУҲФАҲОИ ИДОНАИ ВАЗОРАТ БА ТАЪЛИМГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ШАҲРИТУЗ Бо пуштибонӣ аз сиёсати муваффақи иҷтимоӣ ва пайравӣ аз иқдомҳои наҷибонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кумакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба ҳукми анъана даромадааст. Дар доираи ин иқдомҳои хайрхоҳона 13-уми августи соли 2020 аз тарафи ...
ИФТИТОҲИ БИНОИ ТАЪЛИМИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ №26 ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД 13-уми августи соли ҷорӣ бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода, раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода, директорон, омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимии ноҳия бинои таълимии муассисаи таҳсилоти умумии №26-и деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод ба истифода дода шуд. Зимни ифтитоҳи бинои таълимӣ иттилоъ ...